Исроил айни замон шаҳрҳои валангоршударо дар шимоли борикаи Ғазза бомбборон кард, ки онҷо теъдоде аз ҷангҷӯёни созмони “Ҳамос” паноҳ бурдаанд.
Созмони мазкурро, ки қисме аз борикаи Ғаззаро таҳти назорат дошт, Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ медонанд.
Шаҳри Рафаҳ яке аз паноҳгоҳҳои охирини “Ҳамос” ба ҳисоб меравад. Баъди дастури Исроил ба фаластиниён барои тарки гӯшаҳое аз шаҳри Рафаҳ тақрибан 300 ҳазор беҷошудаи фаластинӣ ин шаҳрро тарк кардаанд.
Дар ин шаҳри ҳаммарз бо Миср тақрибан 1 миллион беҷошудаи фаластинӣ паноҳ бурдаанд. Исроил мегӯяд, ҳадафи амалиёт ва ҳамла ба Рафаҳ маҳви созмони “Ҳамос” аст, ки дар моҳи октябри соли гузашта бо ҳамла ба Исроил бештар аз 1200 нафарро кушта ва даҳҳо тани дигарро гаравгон гирифт.