Дар ин мусобиқа, ки дар риштаи гуштии варзишӣ (гуштии юнону румӣ ва гуштии озод) дар Урдун то 30-юми март идома меёбад, ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 12 варзишгар дохиланд.
Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон:
Гуштии юнону румӣ:
– 60 кг: Аслам Азизов
– 67 кг: Суннатулло Абдуллоев
– 72 кг: Лоиқ Амирхонзода
– 77 кг: Муслиҳиддин Уроқов
– 82 кг: Ҳабиб Зуҳуров
– 87 кг: Суҳроб Абдулҳаев
– 97 кг: Эдуард Бабеношев
Гуштии озод:
– 57 кг: Айаал Белолюбский
– 61 кг: Ҷамшед Шарифов
– 70 кг: Виктор Рассадин
– 79 кг: Магомед Евлоев
– 86 кг: Салимҷони Ҳалимзода
Нахуст рақобатҳо дар риштаи гуштии юнону румӣ шуруъ шуд. Дар рӯзи аввали мусобиқа Тоҷикистонро Муслиҳиддин Уроқов (77 кг) ва Суҳроб Абдулҳаев (87 кг) намояндагӣ карданд. Аммо ҳарду дар даври муқаддамотӣ аз рақибони худ аз Ҳиндустон ва Қирғизистон мағлуб шуда, аз идомаи сабқат бенасиб монданд.
Мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии варзишӣ яке аз марҳилаҳои асосии омодагӣ ба мусобиқаҳои байналмилалӣ буда, имкони ба даст овардани имтиёзҳои иловагии рейтингиро фароҳам меорад.
Иттиҳоди ҷаҳонии гуштӣ (UWW - United World Wrestling) се узви дастаи мунтахаби Тоҷикистонро ба даҳгонаи беҳтарин гуштигирони ҷаҳон дар вазнҳои худ шомил кардааст.
Абдулмаҷид Кудиев дар риштаи гуштии озод дар радабандии вазни 70 кило бо 31 ҳазор имтиёз ҷойгоҳи чаҳорумро касб намуд. Дар ин навъи варзиш боз ду нафари дигар аз Тоҷикистон - Виктор Рассадин дар вазни 74 кг бо 36 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум ва Магомет Евлоев дар вазни 79 кило бо 17 ҳазор имтиёз дар ҷойгоҳи нӯҳум қарор доранд.
Ёдовар мешавем, Абдулмаҷид Кудиев, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазнҳои ғайриолимпӣ, ки моҳи октябри соли гузашта дар шаҳри Тиранаи Албания доир гардид, медали биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дарвоқеъ, Абдулмаҷид Кудиев пас аз 17 сол барои Тоҷикистон дар қаҳрамонии гуштии ҷаҳон медал овард. Қаблан Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии озод дар вазни 84 кило дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон медали нуқра гирифта буд.
Абдулмаҷид Кудиев, ки зодаи Доғистони Русия мебошад, аз моҳи январи соли 2023 дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад. Вай дар риштаи гуштии озод ду бор ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон (солҳои 2023, 2024) мушарраф шудааст.
Виктор Рассадин дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Пориси Фаронса дар риштаи гуштии озод, мақоми панҷумро касб карда буд. Вай, ки зодаи Ёқутистони Русия мебошад, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод, ки моҳи апрели соли гузашта дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баргузор шуд, дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон медали нуқра ба даст овард.
Магомет Евлоеви 26-сола низ легионер аст ва аз Ингушистони Русия мебошад. Вай дар мусобиқаи байнулмилалии гуштии озод «Яшар Догу-2024» дар Анталияи Туркия медали нуқра гирифт. Евлоев дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии озод дар Бишкек ҷойи панҷумро соҳиб шуда буд.
Гуфтугӯ