14:01
4.11.2013
Дар ин видео, ки рӯзи 3-юми ноябр нашр шудааст, афроде дида мешаванд, ки дар як дӯкони фурӯши наворҳо рейд мегузаронанд.
Бино бар он, рӯзи 19-уми ноябр як шахси номаълум ширкаткунандагони ин рейдро ба навор гирифта, онҳоро "бозпурсӣ" кардааст.
Тибқи асноде, ки эълон мешавад, ин рейд рӯзи 19-уми ноябр дар дӯкони марбут ба ширкати "СD-PROFI" воқеъ дар кӯчаи Тӯйтеппа, 1, ноҳияи Ҳамзаи шаҳри Тошканд ҷараён гирифтааст.
Бино бар маълумоте, ки аз видео бармеояд, дар миёни онҳое, ки бо фармони раиси шӯъбаи андози шаҳри Тошканд Р. М. Мирзоев ба ин ҷо омадаанд, ҷавонони ниқобпӯши гуруҳи махсуси "Уқоб" низ будаанд. Ба кадом идора марбут будани афроди ин гуруҳ маълум нест.
Нафаре, ки ширкаткунандагони рейдро ба навор мегирад, ҳувияти худро ошкор намекунад ва мегӯяд, дар бораи эҳтимоли ин рейд аз Интернет хабардор шуда, ба ин ҷо омадааст.

13:53
4.11.2013
Видеое, ки пахш шуд, ин аст:
13:49
4.11.2013
Нимишабии гузашта дар Твиттери Гулнора Каримова видеое нашр шуд. Ношири он @hakimz0da мегӯяд: "Аз афташ вақти он расид, ки ҳақиқат ба бисёриҳо гуфта шавад." Сипас Ҳакимзода тори як видеоро аз Ютюб нашр кардааст, ки "Кто посмел зашитить от маски-шоу в Узбекистане" ном дорад. Каримова дар Твиттери худ эълон кардааст: "Ҳақиқат бошад, пас ҳақиқат... чӣ қадарашро заданд ва зада истодаанд.