Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ангур фаровон шуду харидор наёфт


Акбар Собиров, сокини деҳаи Тудаи ноҳияи Ҳисор ва яке аз ангурпарварони иҷоракорро нооромиҳо дар шимоли Афғонистон сахт нигарон кардааст.

Акбар Собиров, сокини деҳаи Тудаи ноҳияи Ҳисор ва яке аз ангурпарварони иҷоракорро нооромиҳо дар шимоли Афғонистон сахт нигарон кардааст. Ба қавли ӯ, агар бо сабаби вазъи бади сиёсӣ дар вилояти Кундузи Афғонистон як ё ду ҳафтаи дигар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон боз намешуд, ҳосили боқимондаи ангурбоғи ӯ талаф мегашт. Акбар Собиров мегӯяд, агар ангури боғаш дар 10-15 рӯзи дигар ҷамъоварӣ нашавад, вайрон гардида, заҳматҳои яксолаи ӯ барбод меравад.

Ин деҳқон иҷоракор аст ва дар 5 гектар боғ ангур парвариш мекунад. Соли ҷорӣ аз ин боғ 13 тонна ҳосили босифати ангур ҷамъоварӣ кард ва аксари кулли ҳосили ангураш ба Покистон аз тариқи Афғонистон содир карда шуд. Чанд рӯзи баста шудани марз бо Афғонистон ҳосили ангури ҷамъовардааш дар боғ дар дохили қуттиҳо монд.

​Дар 30 гектар боғи ангури кишмиши деҳаи Тӯда ҳудуди 400 тонна ангур рӯёнидааст. Ҳосили хуби мева ҳанӯз нишонаи муваффақияти деҳқон нест. Вай мегӯяд, имсол нархи аргур ҳам хеле поин омад, ва қимати содиротии ин мева дра боғҳои водии Ҳисор аз 5-6 сомонии соли гузашта то як сомониву паҷоҳ дирам дар соли ҷорӣ поин шуд. Боғбонҳои маҳаллӣ мегӯянд, ҳосили исмолаи ангур чанд баробар бештар аз талаботи бозори дохилии кишвар аст. Акбар Собиров бо таассуф мегӯяд, ки агар дар Тоҷикистон корхонаҳои коркарди ангур бештар мебуд, ҳосили зиёди мева ҳам ба фоидаи деҳқон ва ҳам ба манфиати ширкатҳои тавлидкунандаи маю шароб мешуд. Вале ҳоло онҳо маҷбуранд ба умеди тоҷирони хориҷӣ, бахусус афғону қирғизу рус бошанд ва ё ҳосили ангури худро бо қимати хеле поин ба бозори дохилӣ ворид мекунанд.

Шоира Ҳамзаева, як сокини ноҳияи Ҳисор ҳам, ки боғи ангури худро дорад, мегӯяд, мушкили имсолаи деҳқонон дар маҳдуд будани бозори содироти мева будааст. Дар шароити набуди муштарӣ, мева дар боғ вайрон мешавад.

Аммо ба фарқ аз иҷоракорони хурд, хоҷагиҳои бузургтари деҳқонӣ дар содироти маҳсулоташон чандон мушкил намекашанд. Зеро ин хоҷагиҳо аз қабл бо ширкатҳои хориҷӣ қарордод бастаанд. Шарикони хориҷӣ ҳосили ангурзорро аз сари замин мустақим ба хориҷи кишвар интиқол медиҳанд. Дар киштзори корхонаи ангурпарварии “Баракат”-и ноҳияи Ҳисор ҳосили боғҳои ангур то 600 сентнер аз ҳар гектар баробар шудааст.

Абдумалик Мардонов, агрономи корхонаи иҷоравии “Баракат” мегӯяд, моли онҳо ба Русия, Қазоқистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ содир карда мешавад. Махусан ангурҳои навъи кишмиш серхаридор аст. Дар баробари ин, маҳсулоти онҳо ба бозорҳои дохилӣ роҳ меёбад. Боғпарварони водии Ҳисор мегӯянд, соли ҷорӣ ҳосили ангурзори минтақа тақрибан ба 10 ҳазор тонна баробар хоҳад шуд, ки дар гузашта собиқа надоштааст. Ин дар ҳолест, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди 190 ҳазор тонна ҳосили ангур ба ҷамъоварӣ ва қисмати начандон зиёди он ба хориҷи кишвар содир шуда буд.

Ҳосили фаровон ташвиши ангурпарваронро афзун намудааст.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:55 0:00

XS
SM
MD
LG