Мақомоти умури дохилӣ як зани 58-соларо дар ноҳияи Ҷомӣ бо гумони қатли набераи 3-солааш боздошт карданд. Ба қавли мақомот, ин зан набераашро “зинда ба зинда” таги хок карда ӯро ба ҳалокат расондааст.
Давлатманд Самадов, муовини раиси ҷамоати “Ифтихор”-и ноҳияи Абдураҳмон Ҷомӣ рӯзи 20 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин рӯйдод тамоми аҳлӣ деҳаро дар ҳайрат гузоштааст.
Ба қавли ҷаноби Самадов, ҷасади Беҳрӯзҷон Ашӯрови 3-сола рӯзи 18 сентябр дуртар аз хонаашон дар назди селроҳае пайдо шуд.
Муовини раиси ҷамоати “Ифтихор” афзуд, аслан Беҳрӯзҷон Ашӯров 12 сентябр ғайб зада буд ва ба пурсишҳои наздикон модаркалони ӯ Ҳоҷарой Ашӯрова гуфтааст, кӯдак дар ноҳияи Ёвон ғарқ шуд.
“Баъди ду рӯзи ғайб задани кӯдак падараш аз Русия меояд ва каналу ҷӯйҳоро дар ноҳияи Ёвон ҷустуҷӯ мекунанд то ҷасади Беҳрӯзҷонро пайдо кунанд. Аммо як чӯпон ҳангоми гузаштан аз селроҳаи деҳа ҷасади як кӯдакеро мебинад ва ба милиса хабар медиҳад. Нахуст кӯдакро, ки зери лойқа монда буд касе намешиносад, аммо баъдан аз рӯи нишонаҳо падараш мефаҳмад, ки ин писараш аст,”-афзуд Давлатманд Самадов.
Масъулини ҷамоати “Ифтихор” мегӯянд, Ҳоҷарой Ашӯрова дар бозпурсиҳои аввалин иқрор шудааст, ки набераашро ӯ ба қатл расонд. Сабабҳои рух додани ҳодиса дақиқ нестанд, аммо масъулини ҷамоат аз бемор будани Ҳоҷарой Ашӯрова тахмин мезананд. Иддаое, ки мақомот то ҳол онро рад ё тасдиқ накардааст.
Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, нисбати Ҳоҷарой Ашӯрова парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ мебошад.