Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти боз як бинокори Масҷиди Душанбе. Кӣ ҷуброн мепардозад?


Сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе соли 2009 бо сармоягузории Қатар оғоз ёфтааст
Сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе соли 2009 бо сармоягузории Қатар оғоз ёфтааст

Як сокини ноҳияи Дарвоз, ки ҳангоми сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе аз баландии 33 метр афтода, маҷруҳ шуда буд, даргузаштааст. Қурбоншо Элчиеви 38-соларо рӯзи 6-уми март дар зодгоҳаш деҳаи Дробак дафн карданд.

  • Нуралӣ Қурбонов, як масъули бемористони Қарияи Болои Душанбе рӯзи 8-уми март гуфт, "ҳароммағзи Элчиев осеб дида буд" ва натавонистанд, ки ӯро наҷот диҳанд. Аз ин пеш бинокори дигари Масҷиди бузургтарини Душанбе Давлатшо Юсуфов дар бемористон ба ҳуш наомада, даргузашта буд.
Агар як гап занӣ, туро пеш мекунанд ва ба ҷоят коргари нав мегиранд. Ҳоло кор ёфтан хеле мушкил аст ва довталаби кор – зиёд

"Парванда боз шуд"

Субҳи 25-уми феврали имсол ҳашт бинокор аз гунбади Масҷиди бузургтарини Душанбе афтоданд. Ду нафари онҳо даргузаштанд ва шаш тани дигар таҳти назорати пизишкон ҳастанд ва вазъи саломати онҳо муътадил гуфта мешавад.

Ҳодисаро Додситонии пойтахт таҳқиқ дорад ва бо гузашти беш аз даҳ рӯз ҳанӯз хулосаи худро эълон накардааст. Аммо як манбаъ дар Додситонии шаҳри Душанбе гуфт, дар робита ба ин ҳодиса бар асоси моддаи 190-и қонуни ҷиноӣ, яъне "вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ дар сохтмон" парванда боз шудааст.

"Таҳқиқ маълум мекунад, ки сарозер шудани ҳашт бинокор аз бетаваҷҷӯҳии корфармо рух дода ё аз беаҳамиятии худи онҳо" - афзуд ҳамсуҳбати мо, ки нахост номаш бурда шавад.

"​Агар гуноҳи корфармост, маоши шашсоларо медиҳад"

Парвиз Мақсадуллозода, як масъули Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, гуфт, агар ҳодиса бо гуноҳи корфармо рух додааст, бояд онҳо ба хонаводаи қурбониён ва захмиҳо ҷуброн пардозанд. Ӯ афзуд, бино ба қонунҳои кишвар, ба оилаи қурбониён маоши панҷсолаи онҳо дода шуда, ба кӯдакони то ҳаждаҳсолаашон нафақа таъйин мегардад.

"Ба коргароне, ки маъюб мешаванд, нафақаи маъюбӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин дар сурате амалӣ мегардад, ки агар исбот шавад ҳодиса бо айби корфармо рух додааст", - шарҳ дод ӯ.

Наздикони бинокорон ҳам талаб доранд, ки ҳодиса мунсифона таҳқиқ шуда ва ба хонаводаҳои онҳо ҳатман ҷуброни зарар пардохта шавад. Бурҳонхӯҷа, яке аз наздикони Қурбоншо Элчиев, мегӯяд, вазъи хонаводаи ӯ хуб нест ва ба кумак ниёз доранд ва дар ин рӯзи сахт набояд корфармо дасти онҳоро раҳо кунад.

"Агар як гап гӯӣ, аз кор меронанд"

Ҳам Давлатшо Юсуфов ва ҳам Қурбоншо Элчиев дар ҳайати ширкати "Сомон-Сохтмон" кор мекарданд. Масъулони ширкат дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд,, ки мунтазири анҷоми таҳқиқотанд. Як корманди ширкат гуфт, онҳо феълан хароҷоти захмиёнро дар бемористон ба уҳда гирифтаанду бас.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз коргарон мегӯянд, онҳо наметавонанд дар пеши корфармо шарт бигузоранад ва бояд мақомот ҷилави онҳоро сахттар гиранд. Аз ҷумла, дар мавриди бима ё суғуртаи коргарон ва пардохти ҷуброн. Баҳодур, як сокини ноҳияи Рӯдакӣ, даҳ сол боз дар сохтмони биноҳо дар кишвар кор мекунад. Ӯ мегӯяд, азбаски кор дар Тоҷикистон кам аст, бо корфармо вориди баҳс намешаванд ва ҳар чизе гуфт, мепазиранд.

"Агар бо корфармо дар ягон масъала каме сахт равед, зуд аз кор меронанд. Ҳодисаҳое, ки буд дасту поямон осеб дид ва дар беморхона хоб рафтем. Чизе нагуфтем. Агар як гап занӣ, туро пеш мекунанд ва ба ҷоят коргари нав мегиранд. Ҳоло кор ёфтан хеле мушкил аст ва довталаби кор – зиёд", - нақл кард ӯ.

Сарозер шудани 8 бинокор аз гунбази Масҷиди бузурги Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:48 0:00

Сохтмони Масҷиди бузургтарини Душанбе аз соли 2009 ба ин тараф идома дорад ва ба гуфти мақомот тақрибан ниҳоӣ шудааст. Ин масҷид дар майдони 12 гектар замин ҷойгир аст ва барои намозгузории то 150 000 нафар дар як вақт пешбинӣ шудааст.

Сармоягузори асосии тарҳ Қатар аст ва ба иттилои расмӣ ҳафтод миллион доллар ҷудо кардааст. Тоҷикистон барои бунёди ин масҷид 30 миллион доллар медиҳад.

XS
SM
MD
LG