Парвиз Турсунов, як футболбози асосии тими “Хайр”-и Ваҳдатро ба далели риши дарозе, ки дошт, ба бозиҳои мусобиқоти имсолаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон роҳ надодаанд. Парвиз Турсунов гуфтааст, агар барояш интихоб байни футболу ришро пеш гузоранд, аз бозӣ даст мекашад, вале теғ ба риши худ нахоҳад зад. Ӯ гуфтааст, футбол моли ин дунёст ва риш – суннати паёмбар Муҳаммад(с).
Сармураббии “Хайр” Тоҳир Мӯъминов низ Парвиз Турсуновро аз сутунҳои тими худ тавсиф карда гуфтааст, мушкили ӯ на бо тим, балки бо вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аст.
Мақомоти Тоҷикистон чанд моҳ боз алайҳи мардони ришдор маъракаи таъқиботиеро ба роҳ андохтаанд. Вазири умури дохила Абдураҳим Қаҳҳоров аммо қаблан дар шарҳи ин масоил гуфт, ҳадаф таъқиби риш нест, балки мақомоти милиса афроди ришдорро ба хотири тадқиқи ҳуввияти онҳо боздошт мекунанд.