Сайидаҳмад Рӯзиев, боғпарвар аз ноҳияи Мӯъминобод ба далели сардӣ ва боридани жола дар аввали баҳор се сол аст, ки аз 3 гектар боғаш ҳосили хуб намегирад. Боғпарвари 45-сола дар ин боғ гелосу олуболу ва себҳои гуногун дорад. Ӯ мегӯяд, пештар аз ҳар навъи мева то 400-500 килограм ба даст меовард ва дар бозорҳои шаҳри Хуҷанд мефурӯхт, вале ҳоло ба қавли худаш танҳо 20 фоизи ҳосилҳои солҳои гузаштаро ба даст меораду халос.
Ҳамсӯҳбати мо дар бораи тағйири иқлими курраи Замин иттилои зиёд надорад, аммо мушоҳида кардааст, ки солҳои ахир обу ҳавои номуносиб заҳмати ӯро бар ҳадар мебараду ҳосили боғашро кам мекунад.
Мисли Сайидаҳмад Рӯзиев, ҳазорон кишоварз ва боғпарвар дар Тоҷикистон ранҷи гармоиши курраи Заминро мекашидаанд. Созмони Ҷаҳонии Ғизо (WFP) чанде пеш бо нашри як гузориш гуфт, ки тағйири иқлим яке аз чолишҳои умдаи деҳқонон дар Тоҷикистон шудааст.
Дар “Арзёбии фазои бозор”, ки созмон охири ноябри соли гузашта анҷом додааст, аз ҷумла таъсири гармоиши курраи Замин ба ҳосил ва дастрасӣ ба ғизо ва мушкилоти деҳқонон дар ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Лахш, Мӯъминобод, Ховалинг, Файзобод, Рӯшон, Ишкошим, Роштқаъла ва Шуғнон таҳқиқ кардааст.
Дар ин гузориш омадааст: “Деҳқонони 11 ноҳияи таҳқиқшуда гуфтаанд, ки тағйири иқлим ба ҳосили онҳо таъсири манфӣ расондааст. Боронгарии шадид шукуфаҳои дарахтонро хароб карда ба ҳосили мева таъсири манфӣ мерасонад. “
Деҳқонон гуфтаанд, ки тағйири иқлим дар ноҳияи Рашт сабаби ба вуҷуд омадани бемориҳои нави рустанӣ ва зиёд шудани ҳашароти зиёнрасоне шудааст, ки дар гузашта дар ин минтақа кам буд.
Ба гуфтаи Созмони Ҷаҳонии Ғизо дар Тоҷикистон, деҳқонони ноҳияи Ховалинг низ аз асароти тағйири иқлим дар амон намондаанд.
Ҷойи гармӣ сардӣ ва ҷойи сардӣ гармӣ
“Дар ин ноҳия боронгариҳои шадид, барфи кам, ҳарорати баланди ҳаво мушоҳида мешавад. Ҳарорат дар Ховалинг маъмулан аз 32 дараҷа баланд намешавад, аммо тобистони соли 2016 ҳаво то 40 дараҷа гарм шудааст”.
Бо ин ҳол Мирзошоҳи Акобир, боғдори маъруф дар ноҳияи Рашт мегӯяд “боғдорӣ ва зироаткорӣ илми таҷриба аст ва деҳқон бояд вобаста ба иқлими сол тарзе амал бикунад, ки аз боғу замин самар гирифта тавонад.”
Ин боғдори муваффақи тоҷик бо таъкид ба ин, ки тағйири иқлим хоси тамоми кишварҳои ҷаҳон аст мегӯяд, “дар соҳаи боғдорӣ ягона роҳи халосӣ аз ин мушкилот шинондани навъҳои маҳаллии дарахтони мевадиҳанда мебошад.”
Ба қавли Мирзошоҳи Акобир навъҳои маҳаллӣ аз қабили себ, нок ва дигар дарахтони мевагӣ ба ҳама шароити иқлим новобаста аз ин, ки сол гарм аст ё боронгарии зиёд мешавад, қобилияти тобоварӣ доранд.
Тоҷикистон аз он кишварҳои дар ҳоли рушд ба ҳисоб меравад, ки дар баробари гармоиши курраи Замин ва ё тағйири иқлим осебпазиранд. Азбаски иқтисоди кишвар кишоварзист ва миллионҳо нафар дар рустоҳо зиндагӣ мекунанд ва меваву сабзиҷот аз хӯроки асосиаш аст, андаке бад шудани вазъи ҳаво ба вазъи иқтисодии хонаводаҳои зиёде таъсир мерасонад. Кам шудани ҳосили мева даромади хонаводаро кам мекунад ва мардум маҷбур мешаванд, хароҷот барои табобат ва таҳсилро кам кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як нишасте дар соли 2015 гуфт, ки “кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад ва соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо паёмадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд".
Аз ҷумла дар соли 2015 дар натиҷаи ҳавои ғайримуқараррӣ сард дар моҳи март дар вилояти Суғд ҳазорон гектар аз дарахтони мева дар вилоятро сармо зад ва кишоварзони вилоят бештар аз 90 миллион доллар зиён диданд. Деҳқонони зиёде ҳам тақрибан муфлис шуданд, чун ҳосили дуруст ба даст оварда натавонистанд, ки фоида бигиранду қарзеро бипардозанд, ки барои рушди корашон аз бонкҳо гирифтаанд.