Дар гузориши нави Global Terrorism Index - 2015 ё "Сатҳи ҷаҳонии терроризм", Тоҷикистон дар зинаи 84-ум ҷой гирифта, "кишвари аз терроризм камтар осебпазир" унвон шудааст. Ин гузоришро моҳи ноябр Пажӯҳишгоҳи байналмилалии иқтисод ва сулҳ, қароргоҳаш дар Австралия ва Ню-Йорк, нашр кард.
Дар панҷгонаи аввали он Ироқу Афғонистон, Нигерия, Покистон ва Сурия қарор гирифта, "аз осебпазиртарин кишварҳо дар қиболи терроризм" арзёбӣ шудаанд. "78 дарсади қурбониёни терроризм дар соли 2014 ба ин кишварҳо рост омадааст," – таъкид шудааст дар Global Terrorism Index.
Гуфта мешавад, дар соли 2014 мизони амалҳои террористӣ дар ҷаҳон дар муқоиса ба соли қаблӣ 80 дарсад афзоиш ёфта ва теъдоди қурбониён ба 32 ҳазору 658 нафар расидааст. "Боко Ҳарам" дар Нигерия аз хатарноктарин созмони террористии ҷаҳон шинохта шудааст, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ бо созмонҳои тундраве мисли "Давлати исломӣ" ва Давлати Исломии Манотиқи Ғарби Африқо (ISWAP) байъат кард.
Дар Нигерия гурӯҳи дигари террористӣ бо номи "Фуланӣ" фаъолият мекунад, ки дар соли гузашта 1 ҳазору 229 нафар ба дасти ин аъзои созмон кушта шудаанд. Ин гурӯҳ дар соли 2013 масъулияти қатли 63 нафарро ба ӯҳда гирифта буд.
Дар гузориши нави Global Terrorism Index - 2015 омадааст, "дар солҳои 2014 ва 2015 вуруди ҷангиён аз кишварҳои хориҷӣ ба Ироқу Сурия идома ёфта ва аз соли 2011, аз замони шурӯи ноамниҳо дар Сурия ҳудуди 25 то 30 ҳазор нафар аз 100 кишвари мухталифи дунё ба ин ду мамлакат сарозер шудаанд." Зимнан, бино ба иттилои мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон беш аз 500 шаҳрванди кишвар низ ба ҷангҳои Сурия рафта, то кунун хабари марги даҳҳо тани онҳо расидааст.
Дар охирҳои моҳи марти соли ҷорӣ полковник Гулмурод Ҳалимов, фармондеҳи нерӯҳои таъиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” дар Сурия пайваст.
Аммо ин раддабандии Пажӯҳишгоҳи байналмилалии иқтисод ва сулҳ дар ҳолест, ки моҳи июли соли ҷорӣ нашрияи маъруфи "Телеграф" бар асоси иттилои Вазорати умури хориҷӣ ва Хадамоти ҷосусии Бритониё Тоҷикистону Қазоқистонро кишварҳои нисбатан осебпазири Осиёи Миёна аз нигоҳи ҳамлаҳои террористӣ дониста буд. Гузашта аз ин, субҳи чоруми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат ҳамлаҳои мусаллаҳона сурат гирифт, ки баъдан мақомот онро кори дасти гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини пешини вазири дифоъ донистанд. Худи ӯ дар амалиёти боздошташ дар дараи Ромит кушта шуд.
Пажӯҳишгоҳи байналмилалии иқтисод ва сулҳ шурӯъ аз соли 2000 дар 162 кишвари ҷаҳон пажӯҳишҳоеро дар мавриди авомили терроризм, усулҳои ҳамалот, созмонҳои дахил дар терроризм ва заминаҳои миллии иқтисодию сиёсӣ барои тавсеаи терроризм анҷом медиҳад..