Маркази нави мубориза бо экстремизм ва терроризм дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия ташкил шуда, бо омӯзгорону донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ иктифо намекунад, балки тамоми хоҳишмандонро ба машғулиятҳои илмӣ фаро хоҳад гирифт.
Масъулони ин марказ мегӯянд, бо таваҷҷӯҳ ба хатарҳои афзоянда ва гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундрав онҳо талош хоҳанд кард, тавассути чопи маводи таълимӣ, анҷоми пажӯҳишҳо ва, инчунин, баргузории ҳамоишҳо бо иштироки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷилави ин тамоюлро дар Тоҷикистон бигиранд. Валиҷон Абдулҳамидов, раҳбари маркази илмии мубориза бо экстримизму терроризм мегӯяд, ин марказ аз ҷониби Вазорати маорифи Русия маблағгузорӣ мешавад.
Ба гуфтаи Абдулҳамидов, Тоҷикистон дар муқобила бо терроризму экстримизм қонунҳои махусусро қабул кардааст ва ҳамчунин чаҳор банди Кодекси ҷиноии кишвар ҷавобгариро барои ифротгароӣ пешбинӣ мекунад: "Кормандони марказ муввазаф шудаанд, барои ҷилавгирӣ аз ин навъи ҷиноят, ки чанд соли ахир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон реша медавонад, чорабиниҳои мухталифро баргузор кунанд. То ҳар нафаре, ки ба ин амал даст мезанад, бояд аз оқибатҳои ҳуқуқии он огаҳ бошад."
Таъсиси аввалин маркази илмии мубориза бо экстремизму терроризм дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки ду моҳ қабл бо пуштибонии молии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон 15 ҷавони тоҷик созмони “Пешоҳанг”-ро ташкил карданд, ки ҳадафи он низ мубориза алайҳи густариши ифротгароӣ, аз ҷумла ҷилавгирӣ аз ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи тундгарои "Давлати Исломӣ" унвон мешавад. Вале бархе аз ҷавонон мегӯянд, ба ҷойи насиҳатҳои хушку холӣ мақомотро мебояд, иқдомеро мисли бо ҷойи кор ва музди хуб таъмин кардани ин қишри ҷомеа ва таъсиси марказҳои ёрии равонпизишкӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилоти иҷтимоӣ рӯбарӯ мешаванд, роҳандозӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол ректори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия Нуралӣ Салихов чанде пеш ба ҳангоми ҳамоиши “Манофеи миллӣ ва сиёсати амниятии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шароити тағйирёбии геополитикӣ” дар Душанбе яке аз сабабҳои гароиши ҷавононро ба ҳаракатҳои тундарав ба сифати пасти таълим дар кишвар рабт дода буд. Ӯ гуфт, "дар маркази мубориза бо экстримизм ва тероризм омӯзгорони пурҷтаҷриба ҷалб шудаанд, ки силоҳи асосии онҳо ин “сухан” аст ва бо ин васила онҳо метавонанд ба мафкураи ҷавонон таъсир бирасонанд."
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки то кунун 651 шаҳрванди кишвар ба ҷангҳои хориҷ, бахусус Сурияву Ироқ рафта ва ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро ва террористӣ пайвастаанд. Давлат Ҷумъаев, муовини дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон, рӯзи 29 сентябри соли ҷорӣ дар як нишаст дар Душанбе гуфт, ҷавонони тоҷик ҳатто дар ҷангҳои Яман ҳам иштирок мекунанд.
Ӯ ҳамчунин гуфт, то кунун як гурӯҳи махсусе, ки барои ҷамъоварии ингуна иттилоъ дар Додситонии кулли Тоҷикистон таъсис ёфтааст, маълум кард, “теъдоди оилаҳое, ки бо мақсади ҷиҳод ва иштирок дар гурӯҳҳои байнулмилалии террористӣ ва экстремистӣ ба берун аз кишварамон рафтаанд, то имрӯз 113 оиларо ташкил медиҳанд. Ҳайати ин оилаҳо аз 119 мард, 117 зан, 70 духтар ва 92 писар иборат аст.”
Ба гуфтаи мақомот, то кунун тақрибан 200 шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ кушта шуда, беш аз 50 нафари онҳо аз майдонҳои ҷанг ва ё аз наздикии сарҳади Туркия бо Сурия ба кишвар баргашта, мавриди афви мақомот қарор гирифтаанд. Додситонӣ ва Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон расман эълон кардаанд, ки ҳар касе аз майдонҳои ҷанг дар Сурияву Ироқ бо хоҳиши худ ба кишвар бармегардад, аз ҷавобгарӣ озод хоҳад буд.