Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирифтани қарз аз бонкҳои Туркманистон мушкилтар шудааст


Сокинон пушти дари яке аз бонкҳо дар Ишқобод.
Сокинон пушти дари яке аз бонкҳо дар Ишқобод.

Бонкҳои тиҷории Туркманистон вақтҳои ахир ба аксари сокинони ин кишвар, ки мехоҳанд қарз гиранд, посухи рад медиҳанд.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, чунин ҳолатҳо, аз ҷумла дар шаҳрҳои Ишқобод ва Балканобод бештар шудааст.

Чанд манбаи бахши туркмании Радиои Озодӣ дар соҳаи бонкдории Туркманистон гуфтанд, бонкҳои ин кишвар барои он қарз намедиҳанд, ки ҳолатҳои пардохт нашудани қарзҳо аз сӯи сокинон афзоиш ёфтааст.

Ин вазъ дар пасманзари идома ёфтани буҳрони иқтисодӣ-иҷтимоӣ дар Туркманистон ба миён омадааст, ки мақомот намехоҳанд онро эътироф кунанд.

XS
SM
MD
LG