Пайвандҳои дастрасӣ

 
Ғолибони мусобиқаи гуштигирӣ дар Панҷакент аз Тоҷикистону Узбекистон
Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи гуштигирӣ дар Панҷакент аз Тоҷикистону Узбекистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Ҷашни байнулмилалии Наврӯз рӯзҳои 16-17-уми март дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Панҷакент баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа ба ғайр аз паҳлавонони тоҷик варзишгарон аз Узбекистон, Қирғизистон, Эрон ва Русия иштирок карданд. Мардон дар чаҳор вазн (то 65, 78, 95 ва +95 кг) ва занон дар як вазн (то 70 кг) рақобат карданд.

Дар вазни то 65 кило паҳлавони тоҷик Сарвар Абдушукуров, ки дар финал ҳамдиёраш Боқӣ Валимуҳаммадро мағлуб кард, бо медали тило сарфароз гашт.

Дар вазни то 78 кило паҳлавони дигари тоҷик Маҳмадшариф Наҷмиддинов дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Наврӯз Каримзод аз Тоҷикистон дастболо шуд.

Дар вазни то 95 кило Ҷонибек Қазоқов аз Узбекистон медали тило гирифт. Вай дар даври ниҳоӣ паҳавони эронӣ Озаранг Содиқро мағлуб кард.

Дар вазни +95 кило дар финал Шералӣ Ҷӯраеви узбекистонӣ бар ҳамватанаш Бекмурод Олтибоев пирӯзӣ ба даст овард.

Дар вазни то 70 кило байни духтарон Шоиста Назарова аз Узбекистон соҳиби медали тило шуд. Ӯ дар рақобати ниҳоӣ бар Ҷонона Назарова аз Тоҷикистон ғолиб омад.

Бояд зикр намуд, ки соли 2022 ба гуштии миллии тоҷикӣ – «гуштигирӣ» мақоми байнулмилалӣ дода шудааст. Нахустин мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштигирӣ моҳи августи соли гузашта дар шаҳри Душанбе доир гардида буд.

Ғолибони мусобиқаи гуштигирӣ бахшида ба Ҷашни байнулмилалии Наврӯз дар шаҳри Панҷакент:

Мардон

Вазни -65 кг

1. Сарвар Абдушукуров (Тоҷикистон)

2. Боқӣ Валимуҳаммад (Тоҷикистон)

3. Орифҷон Додов (Тоҷикистон)

3. Дилшод Бӯриев (Узбекистон)

Вазни -78 кг

1. Маҳмадшариф Наҷмиддинов (Тоҷикистон)

2. Наврӯз Каримзод (Тоҷикистон)

3. Абубакр Боқиев (Тоҷикистон)

3. Алимардон Абдулаҳатов (Узбекистон)

Вазни -95 кг

1. Ҷонибек Қазоқов (Узбекистон)

2. Озаранг Содиқ (Эрон)

3. Улуғбек Раҳимов (Тоҷикистон)

3. Ғазалшои Давлатшо (Тоҷикистон)

Вазни +95 кг

1. Шералӣ Ҷӯраев (Узбекистон)

2. Бекмурод Олтибоев (Узбекистон)

3. Дадахон Қурбоналиев (Тоҷикистон)

3. Уулу Каручбек (Қирғизистон)

Занон

Вазни -70 кг

1. Шоиста Назарова (Узбекистон)

2. Ҷонона Назарова (Тоҷикистон)

3. Шоҳида Қаландарова (Тоҷикистон)

3. Оземӣ Қамчибекова (Қирғизистон)

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG