Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шарофиддин Гадоев: "Боздошти Усмонзода на ба ман, балки ба як генерали рус рабт дорад"


Акси Саидҷаъфар Усмонзода ва Шарофиддин Гадоев
Акси Саидҷаъфар Усмонзода ва Шарофиддин Гадоев

Шарофиддин Гадоев, муовини раиси Паймони Миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат ва мамнуъ дар Тоҷикистон, ҳамагуна суҳбатро бо Саидҷаъфар Усмонзода дар бораи бо зӯр гирифтани қудрат дар Тоҷикистон рад кард.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили порлумон ва раҳбари пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки бештар ба ҳимоят аз ҳукумат ном бароварда буд, рӯзи 12-уми июн дастгир шудааст. Бо пешниҳоди Додситонии кул рӯзи 14-уми июн ӯро аз дахлнопазирӣ маҳрум карданд. Мавқеи худаш ва ё наздиконаш маълум нест.

Юсуф Раҳмон
Юсуф Раҳмон

Юсуф Раҳмон, додситони кул, Усмонзодаро ба ҳамкорӣ бо раҳбарони созмони мамнӯи Паймони Миллӣ, як гурӯҳи мухолифи ҳукумат дар хориҷ ва барои маслиҳати пешакӣ ҷиҳати ғасби ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон муттаҳам кард. Вай дар ҳузури вакилон гуфтааст, Саидҷаъфар Усмонзода бо Шарофиддин Гадоев дар соли 2021 телефонӣ ҳамсуҳбат шуда, “аз ӯ барои иҷрои ин ҳадафҳо ваъдаи кумаки молӣ гирифтааст”.

"Чаро маҳз имрӯз парванда боз карданд?"

“Мо ҳеч гоҳ дар бораи ғасби ҳукумат бо Саидҷаъфар Усмонзода суҳбат накардаем. Ин иттиҳом дурӯғ ва туҳмат аст. Бори охир соли 2020 бо Усмонзода суҳбат доштам. Он ҳам на дар бораи табаддулот ва ғасби ҳукумат, балки рафтору гуфтори мухолифон нисбат ба кормандони ҳукуматӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, яъне масоили ахлоқӣ,” – гуфт Шарофиддин Гадоев рӯзи 14-уми июн ба Радиои Озодӣ.

Вай афзуд, “бубинед, чизе, ки Додситонии кулли Тоҷикистон нисбат ба Усмонзода эълон кард, иттиҳоми бисёр ҷиддӣ аст. Вақте як нафар нақшаи табаддулоти давлатӣ дорад ва аз соли 2021 аст, чаро маҳз имрӯз парванда боз карданд?”

Шарофиддин Гадоев, баръакс, қазияро ба сафари як генерали рус ба Душанбе дар баҳори имсол ва мулоқоташ бо Саидҷаъфар Усмонзода пайванд дод. Ба нақли Гадоев, мулоқот дар пасманзари ҳодисаи “Крокус Сити Ҳолл”-и Маскав сурат гирифтааст.

Радиои Озодӣ моҳи март дар бораи сафари як ҳайати муфаттишон аз Русия ба Тоҷикистон хабар дод, вале тафсилоти диду боздидҳои онҳоро ба даст наовард.

Гадоев рӯзи 14-уми июн гуфт: “Генерали Хадамоти Федеролии Амнияти Русия ба Саидҷаъфар Усмонзода пешниҳод додааст, ки роҳбарии ҳукумати навро ба уҳда гирад. Русия мехост дар Тоҷикистон ҳукумати нав ташкил кунад. Саидҷафъар Усмонзода яке аз наздикони Саймуъмин Ятимов (раиси КДАМ) аст. Ӯ маълумотро ба ниҳодҳои дахлдор намерасонад, вале дертар хабар аз куҷое ба ҳукумат дастрас шудааст. Супориш шуда, ки нисбат ба Саидҷаъфар Усмонзода парванда кушода, зиндонӣ кунанд.”

Ин намояндаи мухолифон мегӯяд, иттилоъро тавассути манбаъаҳои наздик ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дастрас кардааст.

Навори суҳбат дар инҷост:

Гадоев: "Боздошти Усмонзода ба як генерали рус рабт дорад"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:54 0:00

"Яке аз давлатҳои хориҷӣ". Кадом?

Вокуниши намояндагони ҳукумати Тоҷикистон ба ҳарфҳои Шарофиддин Гадоев феълан дастрас нест. Аммо дар хабари Оҷонси давлатии “Ховар” аз 14-уми июн гуфта шудааст, ки "Саидҷаъфар Усмонзода барои содир намудани ин ҷиноят аз намояндаи яке аз давлатҳои хориҷӣ барои ҷалби шахсони бонуфуз ва ташкил кардани гирдиҳамоиҳо 10 миллион доллари амрикоӣ хоҳиш намудааст." Дар хабар нагуфтаанд, ки Усмонзода аз кадом намояндаи кишвари хориҷӣ ин маблағро талаб кардааст.

Шарофиддин Гадоев ҳанӯз рӯзи 11-уми май, пас аз канор зада шудани Саидҷаъфар Усмонзода аз раёсати Ҳизби демократ, дар шабакаи Фейсбук навишт, ки ин қазия ба бад шудани муносибатҳои Тоҷикистон ва Русия рабт дорад.

“Ман дар инҷо муноқишаи байни ниҳодҳоро низ мебинам. Муноқиша дар дохили низом. Байни КДАМ, Шоҳрух Саидзода ва додситони кул Юсуф Раҳмон. Дар инҷо мехоҳанд ба воситаи Усмонзода ба Ятимов зарба зананд. Онҳо хешутаборӣ доранд. Вале тибқи маълумоте, ки ба мо дастрас шуд, ин масъала ба сардии муносибати Тоҷикистону Русия ва сафари генерали ФСБ рабт дорад,” – гуфт Шарофиддин Гадоев.

Шарофиддин Гадоев раиси созмони "Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон" ва муовини раиси Паймони Миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумат аст. Дар гузашта яке аз раҳбарони “Гурӯҳи 24” буд.

Аз манфиати ҳизби ҳоким ва президент ҳимоят мекард

Саидҷаъфар Усмонзода аз камшумор вакилони порлумон буд, ки барои расонаҳои хабарӣ дастрас буд ва аз ҷумла дар барномаҳои Радиои Озодӣ иштирок мекард. Боздошти ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки дар аввали моҳи майи имсол гурӯҳе бо раҳбари Шаҳбози Аброр Анҷумани Ҳизби демократ баргузор карда, кори Саидҷаъфар Усмонзодаро “ғайриқаноатбахш” донистанд ва ӯро барканор карданд.

Вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 31-уми май анҷумани ҷанҷолии Ҳизби демократро дуруст шумурд ва Шаҳбози Аброрро раҳбари он эътироф кард. Саидҷаъфар Усмонзода баъдан дар як суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки худро раиси қонунии Ҳизби демократи Тоҷикистон медонад, аз Вазорати адлия хост, қарораш дар бораи эътирофи Шаҳбози Аброр ба ҳайси раиси ҲДТ-ро бозбинӣ кунад.

Шокирҷон Ҳакимов
Шокирҷон Ҳакимов

Шокирҷон Ҳакимов, доктори илми ҳуқуқ, мегӯяд, Саидҷаъфар Усмонзода камтар аз арзишҳои демократӣ ва бештар аз манфиатҳои ҳизби ҳоким ва шахсияти президенту давлати Тоҷикистон ҳимоят мекард ва қазияи ӯ “суолҳои зиёдеро ба вуҷуд овардааст.”

“Далелҳое, ки прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, бисёр ҷиддӣ аст. Аз ин рӯ, интизор мешавем, шояд мурофиаҳо бозтар шавад. Боз ин масъала ҳаст, ки оё дар шароити Тоҷикистон вакили мудофеъ пайдо мекунад ва ё вакили давлатӣ бо тавсияи ҳукумат аз ӯ ҳимоят хоҳад кард,” – афзуд ӯ.

Шарҳи Шокирҷон Ҳакимов дар бораи боздошти Усмонзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00
Линки мустақим

Саидҷаъфар Усмонзода соли 1960 дар оилаи омӯзгор таваллуд шуда, соли 1983 факултаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Дар вазифаҳои гуногун дар Хадамоти гумрук, Бонки миллӣ, Кумитаи радио ва телевизион, пулиси андоз ва Донишгоҳи аграрӣ фаъолият дошт.

Соли 2005 ба таъсиси ҳизби ҷавонони прогрессиви Тоҷикистон азм кард, аммо номнавис карда натавонист. Соли 2006 ба Ҳизби демократ пайваст ва моҳи декабри соли 2012 раиси он интихоб шуд. Дар интихоботи президентии соли 2013 ба ҳайси номзад аз ҳизби демократи Тоҷикистон ширкат кард.

Дар интихоботҳои порлумонии соли 2015 ва 2020 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шуд, аммо дар интихоботи президентии чор сол пеш номзадияшро сабт карда натавонист.

XS
SM
MD
LG