Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Трамп ва Путин дар пасманзари таниш ва даргириҳои хиёбонӣ. ВИДЕО, АКС, САДО


Президентони ИМА ва Русия – Доналд Трамп ва Владимир Путин рӯзи 7 июл дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи бистгона дар Ҳамбурги Олмон мулоқот карданд. Мулоқоте, ки онро нозирон “таърихӣ” ва муҳитарин дар шаш моҳи президентии Трамп унвон кардаанд.

Лаҳзаҳои нахустини дидори ду раҳбар зери назари рӯзноманигорону наворбардорон ва садои аксбардории даҳҳо дурбин шурӯъ шуд. Трамп гуфт, ки умедвор аст аз ин нишаст барои Вашингтону Маскав натиҷаҳои “бисёр мусбат” ба даст меояд:

Президенти Русия Владимир Путин ва ман масоили мухталифро баррасӣ кардем ва ба фикрам ҳама хуб мегузарад. Мо сӯҳбатҳои хеле ва хеле хубе доштем. Ҳоло гуфтугӯҳои мо шурӯъ мешавад ва идома ҳам хоҳад кард. Умедворем, ки баъди ин корҳои мусбате дар Русия ва ИМА сурат мегирад, ки марбут ба ҳар як нафар аст. Бо шумо дар ин ҷо будам як ифтихор аст”.

Доналд Трамп ва Владимир Путин ба суолҳои хабарнигорон посух доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Путин ҳам гуфт, ки аз оғози ин мулоқот шод аст, чунки, ба гуфтаи ӯ, ин нишаст шонси баррасии рӯбарӯи масоили хеле зиёди марбут ба ҳамкориҳои дуҷонибаву байналмилалиро фароҳам меорад. Путин, аз ҷумла гуфт, ки "аз шинос шудан бо Трам хеле шод аст":

“Мӯҳтарам ҷаноби президент. Мову шумо чандин бор телефонӣ роҷеъ ба масоили хеле муҳими дохиливу байналмилаӣ сӯҳбат кардем. Вале телефонӣ ҳама масъалаҳоро ҳал карда намешавад. Агар мо бихоҳем, ки масъалаҳои марбут ба равобити дуҷонибаву масоили доғи байналмилалиро баррасӣ кунем, бояд дидор кунем. Ман хеле шодам, ки бо шумо шинос шудам ва умедворам, ки натиҷаи ин мулоқот мусбат хоҳад буд”.

Мулоқоти Путину Трамп дар Ҳамбург шурӯъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:09 0:00
Линки мустақим

Дар марҳилаи аввали ҳозир шудан дар назди матбуот ҳеҷ нафаре аз президентон ба борони саволҳои журналистон посух надоданд. Зоҳиран баъди анҷоми мулоқот натиҷаҳои бештари ин нишаст пахш мешавад.

Мулоқоти ду раҳбар дар ҳошияи нишасти Гурӯҳи бистгона дар Ҳамбурги Олмон баргузор мешавад. Интизор меравад, ки тасмимгириҳои муҳиме дар заминаи амнияти ҷаҳонӣ, созишҳои тиҷоратӣ ва тағйироти иқлим садо диҳад.

Фаъолиятҳои Кремлин рӯи маъракаи пешазинтихоботии Трамп соя афканда буд ва ҳоло президенти Амрико талош мекунад бо Путин дар масоили Сурия, Украина, киберҳамлаҳо, озмоиши мушаки байниқоравии Кореяи Шимолӣ ва мубориза бо терроризм ба иттифоқи назар даст ёбад.

Трамп борҳо гуфтааст, ки дар равобит бо Маскав бояд аз шеваи нави муомила кор гирифта шавад. Нишасти кишварҳои Гурӯҳи 20-гона инчунин аз назари талошҳои Трамп барои тақвияти ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва масоили тағйироти иқлим ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

Ин ҳама дар ҳолест, ки Конгресс ва Бюрои федеролии тафтишот дар заминаи иртиботи эҳтимолии Трамп ва мақомдоронаш бо Русия таҳқиқоти худро ҳанӯз анҷом надодаанд.

Мушовири калони умури хориҷии Путин – Юрий Ушаков ҳафтаи ҷорӣ гутфааст: “Русияву ИМА барои муборизаи муштарак зидди терроризм, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои созмонёфта ва тавсеаи аслиҳаи куштори ҷамъӣ имкониятҳои қобили мулоҳизае доранд”. Вай гуфтааст, ки дар ҷараёни музокирот бо Трамп эҳтимолан мавзӯи назорати силоҳ ҳам матраҳ шавад.

Доналд Трамп ва Владимир Путин дасти ҳам фишурданд.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:36 0:00

То шурӯи ин нишаст дар равобити Русияву ИМА ҳеҷ таҳаввулоти ҷиддие ба назар намерасид. Таҳримҳои соли 2014 дар паи ишғоли Қрими Украина ҷоришуда болои Русия ҳамоно побарҷост. Аз назари созмонҳои иттилоотии амрикоӣ, Русия дар ҷараёнҳои интихоботии Амрико фаъолона дахолат кардааст. Дар ин охирҳо муфаттишон дар ИМА сохторҳои дипломатии марбут ба Русияро дар Мериланду Ню-Йорк мусодира карданд. Онҳо мегӯянд, эҳтимолан ин сохторҳо барои ҷосусӣ истифода шудаанд.

Ҳафтаи гузашта Вазорати хориҷаи Русия таҳдид кард, ки бархе моликияти дипломатии амрикоиҳоро ҳам метавонанд масдуд кунанд. Дар робита ба Сурия ҳам шиддати таниш дар ҳоли афзудан аст. Дар маконе, ки ИМА ва Русия зидди гурӯҳи ба ном “Давлати Исломӣ” меҷанганд, боз ҳам ҳарду ҷониб ҳадафҳои мухталифро дунбол мекунанд.

Кохи Сафед инчунин дар андешаи чораҳои шадидтар нисбати Кореяи Шимолӣ мебошад. Рӯзи 4 июл Пхенян як озмоиши мушаки байниқоравии баллистикиро анҷом дод, ки аз ҷониби Кохи Сафед маҳкум шудаанд. Вале Русия гуфтааст, ки бо тарҳи пешниҳоди таҳрими Кореяи Шимолӣ розӣ нест. Зимнан, дар ҷараёни ҳамоиши Ҳамбург Путин ният дорад бо нахуствазирони Ҷопону Кореяи Ҷанубӣ мулоқот кунад.

Яке аз масоили дигари калидии мавриди музокирот – бӯҳрони Украина аст, ки қарор аст субҳи 8 июл дар дидори садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва президенти Фаронса Эммануэл Макрон баррасӣ шавад. Путин субҳи 8 июл бо президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар заминаи пружаҳои муштараки энергетикӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба гуфтугӯ хоҳанд кард.

Президенти Русия ҳамчунин мехоҳад бо президенти Комиссиюни Аврупо Жан-Клод Юнкер ва баъдан ҷудогона бо Макрон дидор кунад.

Доналд Трамп ба Ҳамбург аз Варшаваи Полша ворид шуд ва дар суханрониаш дар майдони марказии ин шаҳр изҳороте дод, ки метавонад Русияро асабонӣ кунад. Яке аз изҳороти муҳимаш ин буд, ки пойбандии ИМА ба банди 5-уми оинномаи НАТО баён кард. Ин банд мегӯяд, ки дар сурати ҳамла ба як кишвари узви ин паймони низомӣ, ин ҳамчун ҳамла ба тамоми кишварҳои узви НАТО қабул мешавад. Ин изҳорот аз ҷониби кишварҳои Балтик ва Полша бахусус хуб пазируфта шуд.

Владимир Путин тарафдори ташкил ҷабҳаи зидди терроризм будааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:49 0:00

Кохи Сафед ҳамчунин бо Полша ба тавофуқ расид, ки ин кишварро то охири соли ҷорӣ бо системаи дифои зиддимушакии “Патриот” таъмин мекунад. Ин барнома 7,6 миллиард доллар арзиш дорад. Трамп ваъда дод, ки Полшаро бо гази табиӣ таъмин мекунад ва ин вобастагии энрежии Полшаро аз Русия коҳиш хоҳад дод. Сухангӯи Кремлин Дмитрий Песков рӯзи 7 июл гуфтааст, ки Путин дар бораи ҷузъиёти суханронии Трамп огоҳонида шуд ва ин ҳамаро ба назар хоҳад гирифт.

Песков инчунин дар заминаи монополияи энержии Маскав ва талоши истифода аз ин ҳамчун фишанги фишор ва бузургманишӣ дар Аврупо посух дод ва гуфт, “ҳеҷ монополияи энержӣ дар Аврупо вуҷуд надорад”.

Ҳоло ширкати Трамп дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Гурӯҳи бистгона аз ҷониби бисёриҳо аз назари таъсири он ба сиёсатҳои Кохи Сафед дар оянда, аз ҷумла дар масоили тиҷорат ва тағйири иқлим ҷалби таваҷҷӯҳ мекунад.

Эътирозҳои хушунатбор дар арафаи нишасти бистгонаи бузург дар Ҳамбурги Олмон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:48 0:00

Садри аъзами Олмон Ангела Меркел, ки мизбони нишасти Ҳамбург аст, гуфтааст, масоили мавриди баррасии ин нишаст терроризм, муқобила бо гармоиши иқлим ва танзими бозор мебошад. Ҳазорҳо фаъолону мухолифон дар беруни нишасти дурӯзаи Ҳамбург эътироз мекунанд. Меркел гуфтааст, ки дар маркази таваҷҷӯҳи онҳо​ “тиҷорати озоду одилона ва пойбанд ба қонун” қарор мегирад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG