Рӯзи 6 июл Варшава – пойтахти Полша мизбони президенти ИМА Доналд Трамп буд, ки барои нахустин бор баъди пирӯзиаш дар интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар маркази як кишвари Аврупои Шарқӣ суханронӣ кард. Трамп гуфт, Амрико Полшаву мардумашро дӯст медорад.
Вай Варшаваро як рамзи ӯҳдадорӣ ба амният дар минтақа номид. Ин ҳарфҳоро Трамп дар майдони Красинскии Варшава баён кард, ки барои шунидани он ҳазорҳо сокинону фаъолони сиёсиву ҷамъиятӣ омада
Русия бояд ба ҷомеаи кишварҳои бомасъулият ҳамроҳ шуда зидди душманҳои муштарак дар амри дифоъ аз тамаддуни башарӣ бипардозад
буданд. Дар бахши аввал ва умдаи суханрониаш ӯ бо ёдоварӣ аз таърихи Полшаву муқовиматҳои он ба нирӯҳои ғосибгар дар қарни 20 – Олмони нозӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ гуфт, ин кишвар ҳамеша талош кардааст сарбаландона истиқлолияти худро ҳифз кунад.
“Мардуми Полша рамзи мубориза барои озодӣ аст”, гуфт ӯ.
Майдони Красинский бо шӯриши мардумии соли 1944 иртибот мегирад. Як чоҳе дар ҳудуди ин майдон он сол ҳазорҳо сокини Шаҳри кӯҳнаи Варшаваро аз марг наҷоӣ додааст.
Ҳушдор ба Русия ва таҳдиди «терроризми исломӣ»
Президенти ИМА Доналд Трамп ба таври ҷудогона, вале мухтасар ба нақши Русия ҳам муроҷиат кард ва гуфт, ин кишвар бояд пуштибониаш аз режимҳои душманонаро хотима диҳад. Вай аз Русия хост, ки "фаъолиятҳои бесуботкунандаашро дар Украинаву дигар нуқоти ҷаҳон хотима дода, аз пуштибонии режимҳои душманона, аз ҷумла Сурияву Эрон даст кашад". Трамп гуфт, ки «Русия бояд ба ҷомеаи кишварҳои бомасъулият ҳамроҳ шуда зидди душманҳои муштарак дар амри дифоъ аз тамаддуни башарӣ бипардозад".
Трамп инчунин аз шарикони аврупоии Амрико дар НАТО даъват кард, ки дар амри ҳимояти Ғарб аз "терроризми ифротии исломӣ" ва "ҳама гуна кӯмаки идеологӣ" ба террористон дар канори Ғарб биистанд.
Трамп гуфт, ки ИМА батакрор на танҳо бо забон, балки дар амал нишон дод, ки барои иҷрои моддаи 5-и созиши НАТО ӯҳададор аст. Ин модда мегӯяд, ки дар сурати ҳамла ба як кишвари узви НАТО, ҳамчун ҳамла ба кулли кишварҳои узви ин паймон пазируфта мешавад. Вале Трамп дубора такрор кард, ки ҳамаи кишварҳои узви НАТО бояд ӯҳдадориҳои молии худро дар баробари ин паймони низомӣ иҷро кунанд ва аз Полша ба унвони намунаи чунин коршарикиҳо ситоиш кард.
Трамп Полшаро як муттафиқи қадимаи ИМА ном бурд, ки барои дигарон ҳамчун намунаи озодихоҳиву шуҷоат ва қодир ба ҳимояти тамаддуни худ хизмат мекунад.
Чанд соат пеш аз суханронӣ дар майдони Красинскии Варшава Доналд Трамп бо президенти Полша Анҷей Дуда дидору гуфтугӯ ва ӯҳдадории ИМА дар дар баробари сулҳу амнияти Аврупои Марказиро баён кард. Вай гуфт, ки ИМА бо Полша барои посух додан ба амалҳои бесуботкунандаи Русия ҳамкорӣ мекунад.
Кремлин бо сифати «бесуботкунанда» розӣ нест
Як сухангӯи Кремлин дар Маскав гуфт, ки бо сифати “бесуботкунанда” будани Русия, ки аз забони Доналд Трамп садо дод, розӣ нест ва Кремлин мутаассиф аст, ки дар миёни ИМА ва Русия нофаҳмӣ вуҷуд дорад.
Дар Полша аз иқдомҳои чанд соли охири Русия нигарон ҳастанд, ки баъди ишғоли нимҷазираи Қрим, шурӯи ҷангҳо дар шарқи Украина ва пуштибонии Кремлин аз ҷудоиталабони украинӣ маншаъ мегирад. Иттиҳоми Маскав дар мудохилаи интихоботи Амрико як дигар мояи нигаронӣ дар Варшава шудааст.
Трамп дар сӯҳбат бо журналистон гуфт, фикр мекунад, ки Русия дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016-и ИМА дахолат кардааст, вале илова кард, ки чунин корро мардум ваё кишвари дигар ҳам метавонист анҷом диҳад. “Касе инро дақиқ намедонад”, гуфт Трамп.
ИМА дар иҳотаи “Се баҳр”
Дар Варшава Трамп дар ҳамоиши раҳбарони кишварҳои Аврупои Марказиву Шарқӣ гуфт, ки дар амри коҳиши вобастагии энержӣ аз Русия, “Амрико як муттафиқи қавии шумо аст”. Вай дар ин ҳамоиш даъват кард, ки аз захираҳои гази моеи ИМА истифода кунанд.
Ташаббуси бо номи “Се баҳр”, ки соли 2016 роҳандозӣ шуд, ҳамкориҳо дар бахши тиҷорат, энержӣ ва сиёсатро миёни кишварҳои аврупоии воқеъ дар баҳри Миёназамин, Балтик ва баҳри Сиёҳро дар назар мегирад. Дар ин тарҳ дигар кишварҳои аврупоии назири Венгрия, Чехия, Словакия, Руминия, Булғористон, Литва, Эстония, Латвия, Словения ва Австрия низ ширкат мекунанд.
Ҳамбург ва дидори нахустини президентон Трамп ва Путин
Баъди Варшава Трамп ба Ҳамбурги Олмон барои ширкат дар нишасти Гурӯҳи 20 меравад ва як бахши муҳими ин диду боздидҳо – мулоқот бо президенти Русия Владимир Путин мешавад. Қарор аст, мавзӯи Сурия ва пешниҳоди роҳандозии минтақаи бидуни парвоз дар фазои Сурия дар меҳвари музокирот қарор гирад.
Трамп инчунин бо нахуствазири Бритониё Тереза Мей рӯбарӯ сӯҳбат мекунад. Барои назорат аз амнияти нишасти 20 ҳазор полис сафарбар шудааст. Полиси Ҳамбург шаби 5 июл бо ширкатдорони як намоиши эътирозӣ бархӯрд кард ва барои пароканда кардани он аз об истифода бурд.
Полиси Олмон гуфт, ки дар миёни ҳазорҳо ширкатдори намоиши эътирозии Ҳамбург, шояд ҳуҳудан 8000 нафараш даст ба хушунат занад.