Наздикони ин ду ҷавон гуфтанд, ки ҷониби Русия ба онҳо дар бораи марги фарзандонашон расман чизе нагуфтааст. Худи онҳо ба ин боваранд, ки Асомиддин Қирғизбеков ва Сайфулло Қирғизбеков дар ин ҳодиса "қурбонӣ ҳастанд".
Асомиддин Қирғизбекови 34-сола ва Сайфулло Қирғизбеков, бародарзодаи 31-солаи ӯ, сокинони ноҳияи Ёвони Тоҷикистон, рӯзи 21-уми май дар як амалиёти вижаи нерӯҳои амниятии Русия кушта шуданд.
Нурмуҳаммад Қирғизбеков, бародари Асомиддин, рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз се моҳи талошҳо ба онҳо иҷоза доданд, ки ҷасадҳоро аз сардхонаи Колчугино бигиранд.
Қаблан, ФСБ -- Хадамоти федеролии амниятии Русия дар баёнияи расмӣ гуфт, ин ду зодаи Тоҷикистон "узви гурӯҳҳои террористӣ буданд ва ҳангоми муқовимат кушта шуданд". Ҳомиёни ҳуқуқ ва пайвандони онҳо ба иддаои мақомоти Русия шубҳа доранд ва мегӯянд, ба ҷуз намоиши навори ҷасадҳо, ки дар паҳлӯяшон автомати Калашников гузошта шуда буд, далели дигаре ба “террорист” буданашон вуҷуд надорад.
Нурмуҳаммад Қирғизбеков бародар Асомиддин ва бародарзодааш Сайфуллоро муҳоҷироне медонад, ки "танҳо барои беҳ кардани зиндагии хонавода талош доштанд". Аз Асомиддин се кӯдак ва аз Сайфулло ду кӯдак мондааст. Ҳарчанд наздикони ин ду муҳоҷир кушта шудани онҳоро нодуруст медонанд, айни замон тасмими шикоят аз болои мақомоти Русияро надоранд.
"Бовар дорем, ки онҳо бегуноҳ буданд. Лекин мо барои як ҷасадро гирифтан ин қадар азоб кашидем, аз куҷо дигар ба шикоят мерасем? Доди моро кӣ мешунавад. Сад дар сад бовар дорам, ки онҳо ҳеҷ робитае ба ягон гуруҳ надоштанд”, -- гуфт Нурмуҳаммад Қирғизбеков рӯзи 21-уми август ба Радиои Озодӣ.
Моҳи апрели соли 2017 низ дар айни чунин амалиёт дар ҳамин шаҳр ду бародар аз ноҳияи Мӯъминобод ҳалок шуданд. Наворҳое, ки аз ин ду амалиёт, ки яке 2017 ва дигаре 2019 аз ҷониби ФСБ - Хадамоти федеролии амнияти Русия нашр шудаанд, шабеҳи якдигаранд.
Силоҳҳои афтода рӯи фарш, манзили зист ва ҷасадҳои афтода дар ҳарду навор ба як шакл ҳастанд. Танҳо дар навори соли 2019 ба ҷойи автомат назди ҷасад таппонча афтодааст. Ҳеҷ осори тир дар ҳар ду навор дар деворҳо дида намешавад. Ин ниҳоди амниятӣ, ки иддао мекунад, “террористон муқобилият нишон доданд”, ҳеҷ навореро аз чунин амали онҳо намоиш намедиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, Русия ду моҳ пас аз ҳодиса ба онҳо маълумотнома фиристод. Як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон дар Русия, бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, дар маълумотнома омадааст, ки ин ду ҷавон барои "амалиёти террористӣ" омодагӣ медиданд.
Ин мақоми Тоҷикистон гуфт, имкони мустақилона таҳқиқ крадани дурустии ин маълумотномаи Русияро надоранд.
Баҳром Ҳамроев, як ҳомии фаъоли ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия мегӯяд, моҳи гузашта барои таҳқиқи мустақилонаи ин ҳодиса ба вилояти Владимир сафар карда буд. "Маҳалли амалиётро дидам, бо русҳо сӯҳбат кардам. Ягон шоҳиде аз миёни русу тоҷик пайдо накардам, ки рафторҳои шубҳаовари ин ду ҷавонро дида бошанд. Муҳоҷирони тоҷик дар ин шаҳр зиёданд. Ҳамаашон сахт тарсидаанд. Ҳадаф аз ин бо ном амалиёт ҳам тарс додани чашми муҳоҷирон буд, ки фикр мекунам, ба он ҳадаф расиданд", -- гуфт ӯ.
Ҳар сол ҳазорҳо шаҳрванди қобили кори Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд. Агар дар гузашта бархе аз муҳоҷирони тоҷик мавриди ҳамлаи миллатгароҳо қарор мегирифтанд, тайи як соли охир бештар ба узвият дар гурӯҳҳои тундрав ва ҳамкорӣ бо созмонҳои террористӣ айбдор шуда, боздошт ва ё кушта мегарданд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки наздик ба ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар панҷ соли ахир ба гурӯҳҳои тундрав дар кишварҳои Ховари Миёна пайвастанд ва беш аз 60 дар сади онҳо дар Русия мағзшӯӣ шудаанд.