“Ман гап намезанам”, “корманди давлатӣ ҳастам, ба ман мумкин нест”, “дарди сар чӣ даркор?”, “илтимос, аз дигарон пурсед”, “ба раис мактуби расмӣ нависед”, “аз раис иҷозат пурсед”... Ин “сипар”-и аслии масъулони давлатӣ, дафтарҳои матбуотии сохторҳои расмӣ ва баъзе афрод аст, ки ҳангоми муроҷиати хабарнигорон аз сӯҳбат фирор мекунанд.
Бовар мекунед, ба камияш ба 6 шуъба занг задам. Дар охир онҳо саволи маро ба раиси кумита вогузоштанд. Аз кумита гуфтанд, ки раис пас аз нисфирӯзӣ меояд. Баъд аз нисфирузӣ гуфтанд: "мактуби расмӣ биёред"
Бархе мақомоти давлатӣ, ки замоне бо хабарнигорон самимӣ ва ошкор буданд, дар сӯҳбатҳои худмонӣ мегӯянд, наздикии онҳо бо матбуот дар ниҳоят боис ба дарди сар шудааст, чунки онҳоро дар пасманзари хомӯшии аксар мақомдорони дигар ангуштнамо мекунад. Як вазири собиқ ва мутахассиси кори худ, ки дар гузашта роҷеъ ба масоили доғи иқтисодии кишвар ошкору бепарда сӯҳбат мекард, ахиран ба Радиои Озодӣ гуфт, “фазо барои мо ҳам мушкил шудааст, ба мо ҳам фишор меоранд, ки худнамоӣ накунед. Беҳтар аст, ман дигар назар надиҳам”.
Чунин таҷрибаро журналистони дигари тоҷик ҳам ҳамарӯза шоҳид мешаванд. Абдураҳмон Раҳмонов, хабарнигори хабаргузории “Авесто”, ки бо тақозои кораш ҳамеша барои гирифтани иттиллоъ ба ниҳодҳои давлатӣ муроҷиат мекунад, рӯзи 13-уми январ гуфт, шеваи гирифтани маълумот торафт мушкил мешавад. Раҳмонов, ки чанд рӯзи пеш барои гирифтани тасдиқи як хабар ба ниҳоди давлатие тамос гирифтааст, гуфт , ӯро “мисли тӯби футбол” карданд.
“Бовар мекунед, ба камияш ба 6 шуъба занг задам. Дар охир онҳо саволи маро ба раиси кумита вогузоштанд. Аз кумита гуфтанд, ки раис пас аз нисфирӯзӣ меояд. Баъд аз нисфирузӣ соат аз 15 гузашту натиҷа ин шуд, ки гуфтанд: “мактуби расмӣ биёред. Тамом!”, - нақл кард ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо тамошо кунед:
Масъулини расонаҳои мустақил дар Тоҷикистон мегӯянд, дар тӯли солҳои ахир дарёфти маълумот ва иттилоот махсусан аз мақомоти давлатӣ мушкилтар шудааст. Ҳатто барои тасдиқи як хабар аз кадом як идораи давлатӣ хабарнигорон ҳафтаҳо бо масъулони он дар тамос мешаванд ва аксари маврид посухи рад мешунаванд ва ё суолашон беҷавоб мемонад. Ба қавли онҳо, шояд дар мақомот афроде нишастаанд, ки бо сабаби беэътимодӣ ба посухҳояшон, гурехтан аз хабарнигоронро бартар медонанд.
Хуршеди Атовуллоҳ, сардабири нашрияи “Фараж”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Чун ба курсии худ лоиқ нестанд, ба ҳар ҳарфе, ки дар бораи ин вазифаи ишғолкардаашон бояд гӯянд, гуфта наметавонанд. Барои ҳамин, аз гуфтани ҳарфе барои рӯзноманигорон, ки аз онҳо мисли бало метарсанд, ҳазар мекунанд”.
Хуршеди Атовуллоҳ ҳамчунин гуфт, ҳоло бархе аз марказҳои матбуотии вазорату идораҳоро нафарони тасодуфӣ бар дӯш доранд, ки наметавонанд рисолати худро иҷро кунанд. Чун ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, ин нафарон ба ҷои мусоидати хабарнигорон бо раҳбарони вазорату идораҳо барои суҳбатҳои рӯбарӯ, баръакс, мекӯшанд дар миён ба ҳайси як сад, на роҳкушо хидмат кунанд. Кор то ҷое ҳам расидааст, ки бархе кормандони дафтарҳои матбуотиву сухангӯҳои расмӣ аз журналистон тақозо мекунанд, ки “бидуни бурдани ному мақоми ман хабарро пахш кунед”.
Бо дастури раиси ҷумҳури Тоҷикистон, мақомоти давлатӣ ва ҳукумати Тоҷикистон муваззаф ҳастанд, ки дар фосилаи ҳар шаш моҳ дар баробари хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ аз фаъолияти нимсолаву яксолаи худ гузориш диҳанд. Дар гузашта ин нишастҳои матбуотӣ соле чаҳор дафъа баргузор мешуд ва хабарнигорон дар шароити мушкил будани дастрасӣ ба иттилоъ, ҳамин нишастҳоро ҳамчун имкони ягонаи матраҳ кардани саволу пурсишҳои муҳими худ истифода мекарданд.
Вале ахиран баъзе рӯзноманигорон аз шеваи баргузории ин конфронсҳои хабарӣ интиқод карда мегӯянд, ин нишастҳо танҳо ба як маъракаи ҳисоботдиҳии масъулин табдил ёфтааст ва аз ин ҷаласаҳо ба сахтӣ метавон хабари тозае пайдо кард. Хабарнигорон аз он шикоят мекунанд, ки замони баргузории нишастҳои хабарӣ хеле кӯтоҳ аст ва бисёре аз онҳо бо ширкати намояндагони дувум ва севумдараҷаи ниҳодҳои давлатӣ сурат мегирад, ки онҳо аз ироаи иттиллои бештар худдорӣ мекунанд.
Дар бисёре аз нишастҳои хабарӣ на раҳбарони аввал, балки муовинон ва масъулони бахшҳои алоҳидаи ин сохторҳо ҳозир мешаванд, гузориши аз пеш навишташударо хонда аз сӯҳбат бо журналистон фирор мекунанд.
Созмонҳои мудофеи озодии баён мегӯянд, маҳдуд шудани дастрасӣ ба иттилоъ дар Тоҷикистон падидаест, ки давоми чанд сол боз идома дорад ва дар кори журналистон мушкил эҷод мекунад. Мушкили дастрасӣ ба иттилои дурусту воқеӣ боис ба эҷоди овозаву ҳафҳои носанҷидашуда мешавад, ки баръакс метавонад паёмадҳои номатлуб ба бор орад. Дар ҳоле ки як шарти эҷоди ҷомеаи бозу демократӣ фаъолияти озоду дастрасии бе мушкили матбуот ба иттилоъ маҳсуб меёбад.