Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон чор тан аз масъулони як қисми низомӣ дар ноҳияи Дарвозро бо сабаби вуқӯи ҳодисаи ба гарав афтодани як прапоршик бо дасти сарбоз аз мақомашон барканор кардааст.
Тафтиши парвандаи кушта шудани ин сарбоз ба анҷом расида, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Се моҳи пеш, рӯзи 25-уми август мақомот гуфтанд, ки сарбози қисми ҳарбии сарҳадбонӣ Сафарбек Хонов пас аз гаравгонгирии як “прапоршик”-и қисми низомӣ дар ҳудуди деҳаи Вишхарви ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон кушта ё ба истилоҳи тафтишот безарар гардонда шуд.
Тафтиши парванда идома дорад
Додситонии низомии вилояти Бадахшони Тоҷикистон нисбат ин чор
Дигар ҷони писари маро баргардонида намешавад, вале ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд ин кор то охир тафтиш шавад. Баъди ҳодисаи писари ман тамоми қисмҳои низомӣ тафтиш шуд
масъули қисми низомӣ, ки иҷоза додаанд, чунин ҳодиса рух бидиҳад, парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Як манбаъ аз мақомоти интизомии вилояти Бадахшон рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки тафтиши парвандаи ин чаҳор нафар ба охир расидааст.
“Прокуратураи ҳарбӣ тафтишро тамом кардааст. Суд ба баррасии парванда оғоз кардааст. Нафароне, ки нисбаташон парванда боз карданд, дар озодӣ ҳастанд ва қарори ниҳоиро нисбати онҳо додгоҳ содир хоҳад кард,” - гуфт ӯ. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон рӯзи 27-уми ноябри соли равон гуфт, ҷузъиёти тафтишот то ҳол ба дасти онҳо нарасидааст, вале масъулони қисми низомӣ ҳоло танҳо барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифа барканор шудаанд.
“Онҳо аз вазифаҳои хидматӣ барои роҳ додан ба хатогӣ ё ҷилавгирӣ накардан аз рух додани ҷиноят, ҳатман тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Дигар тарафашро мақомоти тафтишотӣ ва суд муайян мекунад,” - гуфт ӯ.
Саволҳои зиёди наздикон
Пайвандони Сафарбек Хонов, як сокини ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ, ки бо далели гаравгон гирифтани прапоршик кушта шуд, мегӯянд, умедворанд, ки гунаҳкорон ҷазои сазовар мегиранд. Онҳо иддао доранд, фарзандашон зери фишор, ки боиси асабонияташ шудааст, даст ба чунин кор задааст.
Идибек Хонов, падари ин сарбоз рӯзи 27-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки пас аз кушта шудани писараш ба Бадахшон сафар кард ва мақомот барояш гуфтанд, ки парвандаро одилона таҳқиқ мекунанд. Ӯ гуфт: “Бароям гуфтанд, нафароне, ки писаратро ба чунин ҳол овардааст, маълум шуданд. Дигар ҷони писари маро баргардонида намешавад, вале ба хотири пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо бояд ин кор то охир тафтиш шавад. Баъди ҳодисаи писари ман тамоми қисмҳои низомӣ тафтиш шуд.”
Идибек Хонов мегӯяд, ҳоло як вакил гирифта ба ӯ барои ҳимоя аз ҳуқуқҳояш дар Бадахшон ваколатнома додааст. Падари Сафарбек гуфт, масъулони қисми ҳарбие, ки ҷасади фарзандашро оварда буданд, дар бораи ин ҳодиса нақл карда гуфтаанд, ки Хонов дар ҳодисаи рӯзи 25 август чанд нафарро гаравгон гирифт ва ба дигарон бо силоҳ таҳдид кард.
"Танаш кабуд ва тир дилашро шикоф карда буд"
Вале падар мегӯяд, аз рӯи нишонаҳои зоҳирии осори тир дар бадани писар ба чунин хулоса омадааст, ки ба ӯ на аз дур, балки аз наздик дар дилаш тир задаанд. Ӯ гуфт, амаку ду бародараш ҷасадро шустанд ва гуфтанд, ки тир дар дилаш задааст ва дар баданаш доғҳои сиёҳ ва осори латту кӯб ҳам аён буд. Дар ҳоле, ки масъулини тафтишотӣ аз шарҳи қазия худдорӣ мекунанд, афроди огоҳ аз ин парванда мегӯянд, қазия чандон содда нест.
Як манбаи наздик ба тафтишот ба шарти ифшо нашудани номаш ба Радиои Озодӣ як қисми ҳодисаро нақл кард. Ӯ гуфт, дар ҳодисаи рӯзи 25-уми август сарбоз Сафарбек Хонов бо таҳдиди куштор гӯё ба девори дидбонгоҳ тир холӣ карда, ба дигар ҳамхидматонаш таҳдид кардааст. Ӯ гуфт, "аввал чанд нафарро гаравгон гирифта, онҳоро шинонда ба деворҳои дидбонгоҳ тир андохт. Гаравгонҳо доду фарёд карданд ва сардори дидбонгоҳро фарёд намуданд. Вақте сардори дидбонгоҳ омад, ба сӯи ӯ тир кушод ва Хонов аз ҷои ҳодиса фирор кард".
Маълум нест, ки гаравгонгирии “прапоршик” ва тафсилоти куштори ӯ баъдан чӣ гуна сурат гирифтааст. Баъзе манобеъ мегӯянд, Хонов бо худ норинҷак ҳам дошт, вале тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо тавассути манобеи мустақил феълан имкон надорад. Ин манбаи огоҳ аз ҳодиса, аз ҷумлагуфт, “тақрибан се соат бо ӯ аз масофаи дур барои таслим шудан ва раҳо кардани “прапоршик” гуфтугӯ сурат гирифт, аммо сарбоз на танҳотаслим нашуд, балки ба сӯи дигарон низ тир холӣ кард. Маҷбур шуданд, ки ӯро безарар гардонанд.”
Саволи аслии тафтишот: сабаб чӣ буд?
Ҳоло саволи асосӣ барои тафтишот ин аст, ки сабаби рух додани ин ҳодиса чист ва то куҷо ин ҳодиса метавонад дар пайи “дедовшина” ё зӯргӯӣ дар артиш рух дода бошад. Хушунати низомиён ва зӯргӯии сарбозони баландрутбаву ботаҷруба аз болои сарбозони ҷавон дар артишиТоҷикистон ҳодисаи нав нест. Мақомот ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон мегӯянд, дар пайи барномаҳои вижаи тарбиявиву фарҳангии онҳодар қисмҳои низомӣ як пешравие дар амри таҳрири вазъ дар артиш ҳосил шудааст, вале боз ҳам ҳодисаҳои хушунат дар артиш ба чашм мехӯрад.
Эътилофи зидди шиканҷа дар як гузориши худ аз охири соли 2016 навишт, ки дар солҳои 2014-2016 дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон 59 сарбоз мавриди шиканҷаву бадрафторӣ қарор гирифта, 11 нафар ба ҳалокат расидааст. Дар Тоҷикистон дар як сол ду бор – баҳору тирамоҳ даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи артиш баргузор мешавад. Бадрафторӣ дар сафинерӯҳои мусаллаҳ ва озори сарбозон яке аз омилҳои парҳези ҷавонон аз хидмат дар сафи артиши Тоҷикистон гуфта мешавад. Ҳар сол ҳодисаҳои марги сарбозон дар артиш ва ба ҷавобгарӣ кашидани афсарон барои бадрафторӣ сабт мегардад