Мақомоти пулиси Тоҷикистон се мард ва як зани эрониро ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт карда, алайҳи онҳо бар асоси моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз намудаанд. Бино ба иттилои расмӣ, боздошти ин чор шаҳрванди Эрон дар шимоли кишвар ва дар пайи шикояти созмони қарздиҳии "Арванд" ва намояндагии "Казкоммертсбонк" сурат гирифтааст.
Раёсати умури дохилии шаҳри Хуҷанд мегӯяд, ин чор нафар - Довуд Барзу (1965), Исо Саидмирзо (1957), Неъмат Аҳмад (1990) ва Самира Муҳаммад (1993) буда, дар асл ҳамчун сайёҳ ё ҷаҳонгард вориди Тоҷикистон шудаанд. Ба қавли манбаъ, ин афрод бо баҳонаи он ки дар ивази сомониҳои доштаашон доллар мехаранд ва ё долларро бо пули миллии сомонӣ иваз мекунанд, дунафарӣ вориди нуқтаҳои мубодилаи асъор ва намояндагии бонкҳо шуда, даст ба тақаллубкорӣ задаанд.
Як ҳамсӯҳбати мо аз Идораи умури дохилии Хуҷанд гуфт, "ин чор шаҳрванди Эрон мисли ин ки чашмбандӣ мекунанд, аз қабати пулҳо маблағи зарурияшонро гирифта, ғайб мезадаанд. Ду нафари онҳо Неъмат Аҳмад ва Самира Муҳаммад дар пайи шикояти созмони қарздиҳии “Арванд” дар ноҳияи Мастчоҳ боздошт шуданд. Ин созмон мегӯяд, дар пайи муомила бо муштариёни эронияш 1900 сомонӣ зарар дидааст."
Мақомоти пулис мегӯянд, бо истифода аз навори дурбинҳои назоратӣ Неъмат Аҳмад ва Самира Муҳаммадро берун аз ноҳияи Мастчоҳ боздошт кардаанд.
Дар ҳамин ҳол, масъулони намояндагии "Казкоммертсбонк" дар Суғд низ иддао доранд, Исо Саидмирзо ва Довуд Барзу ба онҳо 2 ҳазору 100 доллар зарар расондаанд. Ба қавли онҳо, "ин шаҳрвандони Эрон аввал дар нуқтаи ивази асъори марбут ба бонк 327 сомониро ба 50 доллар иваз намуда, бо пешниҳоди панҷоҳ доллари иловагӣ мегӯянд, ба онҳо як саддолларӣ диҳанд. Аммо бо баҳонаи он ки шумораи тартибии доллари гирифтаашон дар Эрон ба кор намеравад, бастаи долларро барои интихоб гирифта, аз қабаташ 21 саддоллариро мегиранду аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд."
Ба гуфтаи маъмурони пулис, ин чор нафар вориди бонкҳо ва ё нуқтаҳои мубодилаи асъор шуда, яке сарроф ва дигаре боқимондаҳоро ба "гап мегирифтааст". Онҳо ҳатто ҳангоми харид аз яке аз фурӯшгоҳҳои Хуҷанд 1 ҳазору 200 доллари хазиначиро аз худ кардаанд.
Идораи пулиси Хуҷанд мегӯяд, афроде, ки шоҳиди тақаллубкории чор шаҳрванди боздоштшудаи Эрон шуда ва ё аз дасти онҳо зарар дидаанд, метавонанд ба шумораи (83422) 6 2222 тамос бигиранд.
Боздошти ин чор шаҳрванди Эрон дар ҳолест, ки гуфта мешавад, ҳоло ҳудуди 10 тан аз маҳбусони эронӣ дар зиндонҳои Тоҷикистон адои ҷазо мекунанд. Аксари онҳо барои қаллобӣ ва авбошӣ муҷрим шинохта шудаанд.