Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти ду тоҷик дар марзи Сурия бо Туркия


.
.

Матбуоти Туркия аз қавли пулиси он кишвар дар бораи боздошти 2 шаҳрванди Тоҷикистон ва як шаҳрванди Бритониё дар роҳи марзи Сурия хабар медиҳад.

Бино ба гузориши матбуоти Туркия, мақомоти интизомии ин кишвар як шаҳрванди Бритониё ва ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар роҳи бозгашт аз Сурия дар марз дастгир кардаанд.

Сомонаи “Радикал” рӯзи 21 май аз қавли як намояндаи жандармерия (пулис)-и Туркия хабар дод, ки ин афрод дар ҳудуди ноҳияи Элбейлии вилояти бо Сурия ҳаммарзи Килис дастгир шудаанд. Гуфта мешавад, фармондеҳии жандармерия дар минтақаи марзии Доғҳудуд дар мавзеи Қарокӯл ин 3 нафарро замоне боздошт кардааст, ки онҳо мехостанд, аз тариқи роҳи Ашагибейлербейӣ аз қаламрави Сурия вориди хоки Туркия шаванд. Бовар меравад, ки дуи онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ва якеи дигар аз Бритониё бошанд.

Пулиси вилояти Килис афроди боздоштшударо ба шӯъбаи марбут ба умури хориҷиёне, ки бояд мавриди ихроҷ аз Туркия қарор бигиранд, интиқол додааст.

Сомонаи туркии “haber1” низ хабари боздошти ин 3 хориҷиро аз қавли манобеаш дар пулиси Килис тасдиқ карда, вале афзудааст, чанд соат пеш аз боздошти онҳо дар ҳамин роҳи Ашагибейлербейӣ ду шаҳрванди худи Туркияро низ дастгир карданд. Ин ду нафар ҳам мехостаанд аз Сурия бо роҳи ғайриқонунӣ ба Туркия баргарданд, вале боздошт шуданд.

Номи ин афрод эълон нашудааст ва ҳам маълум нест, ки онҳо чӣ муддат ва бо чӣ ҳадафе дар Туркия қарор доштаанд. Аммо вилоятҳои бо Сурия ҳаммарзи Туркия, аз ҷумла Килис, аз масирҳои умдаи интиқоли ҷангиёни исломӣ ба сафи гурӯҳҳои тундрав дар Сурия ба шумор мераванд.

Дар ин авохир дар бораи чандин мавриди дар марзи Туркия бо Сурия боздошт шудани шаҳрвандони Тоҷикистон гузориш шудааст. Аз ҷумла дар рӯзҳои охир дар расонаҳо хабарҳои зиддунақизе дар бораи ғайб задани фармондеҳи ОМОН-и вазорати умури дохилаи Тоҷикистон полковник Гулмурод Ҳалимов ва гӯё дар роҳ ба Сурия дар Туркия боздошт шудани ӯ ҳам нашр шуд. Мақомот ғайб задани ин афсари аршади пулиси тоҷикро тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, шоеъот дар бораи гӯё дастгир шудани вай дар Туркия ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст ва дар дасти таҳқиқ қарор дорад.

Ба ҷанги Сурияву Ироқ рафтану ба сафи гурӯҳҳои тундрави исломгарое, чун “Давлати исломӣ” пайвастани шаҳрвандони Тоҷикистон мояи нигаронии мақомоти ин кишвар шудааст. Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҳафтаи гузашта дар бораи 384 мавриди ташхисшудаи ба Сурияву Ироқ рафтани хоҳишмандони ба ном “ҷиҳод” аз Тоҷикистон хабар дод ва гуфт, давлат барои он шаҳрвандони тоҷике, ки ихтиёран бармегарданд, ваъдаи афв додааст.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундгароест, ки бо қатлҳои дастаҷамъии мухолифонаш ва аз байн бурдани ёдгориҳои бебаҳои таърихӣ ном баровардааст. Ин гурӯҳ, ки аз баданаи шабакаи террористии “Ал-Қоида” ҷудо шуда, қисматҳои бузурге аз қаламрави Сурияву Ироқро забт кардааст, азм дорад, “хилофат”-и воҳиди исломиро барқарор кунад ва раҳбараш Абӯбакри Бағдодиро ҳатто ба ном “халифа” эълон кардааст. Тоҷикистон дар харитаҳои ин созмон ҳамчун бахше аз вилояти ба ном “Хуросон” тасвир мешавад, ки ҳамчунин бояд кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, қисматҳои ғарбии Эрон, Афғонистону Покистон ва минтақаҳои мусалмоннишини Ҳиндро дар бар бигирад.

Давлатҳои дунё ба раҳбарии Амрико алайҳи ин гурӯҳи тундрав эътилофи байналмилалие таъсис додаанд, ки аз моҳи августи соли 2014 мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурияву Ироқ таҳти зарбаҳои ҳавоӣ қарор медиҳад.

XS
SM
MD
LG