Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нима-озод: Мустафо-командир баъди 13 сол аз зиндон берун шуд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мустафо Тағоев, мулаққаб ба Мустафо-командир ё Мустафо-қӯрбошӣ ҳафтаи гузашта аз маҳбас ба колонияи сукунати ислоҳӣ гузаштааст.

Ин фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, ки дар амри ба қудрат овардани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 90 нақш дошт, дар соли 2001 ба 25 соли зиндон маҳкум шуда, то кунун дар маҳбаси рақами ҳафти Душанбе адои ҳукм мекард.

Котиботи идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон рӯзи 14 апрел ба радиои Озодӣ гуфт, бо пешниҳоди маъмурияти раёсати маҳбасҳои вазорати адлия, додгоҳи ноҳияи Сино тартиби идомаи адои ҳукми Мустафо Тағоевро иваз кард ва ӯ бояд мӯҳлати боқимондаро дар колонияи сукунати ислоҳӣ (вольное поселение) адо кунад.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, 3 рӯз боз дар зодгоҳи Мустафо Тағоев – рустои Чорбоғи ноҳияи Варзоб ба шарафи озодии ӯ ба мардум «тӯй» дода истодаанд.

Мустафо Тағоев аз фармондеҳони собиқи Фронти халқӣ буд, ки баъди пирӯзии нирӯҳои он дар ҷангҳои соли 1992 ва ба қудрат расидани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон муовини Сӯҳроб Қосимов, фармондеҳи қисми низомии нирӯҳои дохила дар минтақаи Қиблаии Варзоб таъйин шуд.
Сӯҳроб Қосимов
Сӯҳроб Қосимов
Мустафо Тағоев дар соли 2001 бо қарори Додгоҳи олӣ бо ҷиноёти сангине, чун куштору одамрабоӣ, ба 25 соли зиндон маҳкум шуда буд. Сӯҳроб Қосимов соли 2001 дар мусоҳибае бо Озодӣ дар мавриди боздошти муовинаш гуфта буд, ки Мустафо Тағоев фикр мекард, ки ҳоло ҳам даврони «боевик»-ҳост ва азбаски тоб хӯрдани чархи сиёсатро нафаҳмид, баҳояшро пардохт.

Тавре раёсати ислоҳи маҳбасҳои вазорати адлияи Тоҷикистон мегуяд, Мустафо Тағоев аз соли 2001 ба ин тараф 13 сол боз дар маҳбаси рақами 7, воқеъ дар маҳалаи «1 Советский»-и Душанбе адои ҳукм мекард. Ба гуфтаи ин ниҳод, «боевик»-и собиқ "тайи ин солҳо тавонист худро ҳамчун як маҳбуси ислоҳшуда нишон диҳад ва аз ин рӯ, маъмурияти зиндони рақами 7 ба раёсати маҳбасҳо бо пешниҳоди интиқоли ӯ ба низоми «колонияи сукунати ислоҳӣ» муроҷиат кардааст."

Мустафо Тағоев дар ҳоле аз зиндон ба маҳалли сукунати ислоҳӣ гузаронда мешавад, ки 13 сол аз 25 соли ҳукмаш пушти сар шуда, тибқи қарори додгоҳи Фирдавсӣ, 12 соли боқимонда аз ҳукмашро берун аз зиндон адо хоҳад кард. Вале маъмулан тибқи қонунҳои ҷории Тоҷикистон, дар сурати судури фармони президент дар бораи афв маҳбусоне,ки дар колонияҳои сукунати ислоҳӣ қарор доранд, шонси бештари афв шудан доранд.

Колонияи сукунати ислоҳӣ (вольное поселение) имкон медиҳад, ки маҳбус дар назди хонаводаи худ ба сар барад, вале ҳар бегоҳ бояд ҳатман худро дар колонияи сукунати ислоҳӣ сабт карда, боз пеши хонаводааш баргардад.

Собиқ муовини фармондеҳи бригадаи таъиноти махсуси вазорати умури дохилии Тоҷикистон полковник Мустафо Тағоев ва 16 нафар аз тарафдоронаш, ки дар оғози соли 1999 аз бригадаи таҳти фармони Сӯҳроб Қосимов ҷудо шуданд, аз поёни соли 1999 дар ҷустуҷӯи ҷиноӣ қарор доштанд.

Қаблан ҳам Мустафо Тағоев бо ҷурми куштор, одамрабоӣ ва гаравгонгирӣ аз сӯи Додгоҳи олии Тоҷикистон ба чаҳор соли зиндон маҳкум шуда буд, вале тибқи қонуни афви соли 1998 озод шуд. Бори дувум Додгоҳи олӣ дар соли 2001 ӯро ба 25 соли зиндон маҳкум кард.
Дараи Варзоб (акс аз бойгонӣ)
Дараи Варзоб (акс аз бойгонӣ)
Мустафо-командир дар солҳои оғози ҷанги дохилӣ аз соли 1993 то замони боздошташ дар минтақаи Варзоб ҳамчун «беки Варзоб» дониста мешуд ва тақрибан дар ҳама тасмимгириҳои ҳукумати ноҳияи Варзоб дахолати бевосита дошт. Бархе аз сокинони Варзоб мегӯянд, ки ҳатто аз дохили зиндон бо ирсоли «коғазчаҳо» ба тасмиму қарорҳои мақомоти маҳаллӣ дар зодгоҳи худ таъсир мерасонд.

Мустафо Тағоев солҳои охир дар маҳбас ба дуредгарӣ алдоқаи пайдо карда буд ва ҳатто, тавре ки як дафъа раҳбари идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон Иззат Шарипов ба хабарнигорон гуфт, ин фармондеҳи собиқ дар зиндон як сандуқсози чирадаст шудааст.
XS
SM
MD
LG