Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Диловар Гулов ба як соли зиндон маҳкум шуд


Диловар Гулов
Диловар Гулов

Додгоҳ Диловар Гулов, писари собиқ вазири энержии Тоҷикистон Гул Шералиро, ки дар латукӯби як корманди пулис айбдор мешуд, ба як соли зиндон маҳкум кард. Ӯ бо моддаи 237-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "авбошӣ", муттаҳам дониста мешавад.

Як масъули бахши иртибот бо ҷомеаи додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 5-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, мурофиаи охирин рӯзи ҷумъаи 2-юми ноябр баргузор шуд ва додрас Пайрав Наимзода гуфт, Диловар Гулов ба муддати як сол аз озодӣ маҳрум мешавад. Наздикони Д.Гулов гуфтанд, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд.

Бархе бо ишора ба фарзанди Гул Шералӣ будани ӯ мегуфтанд, ки дар ниҳоят дигарон дар латукӯби милиса "гунаҳкор" мебароянд ва Диловар озод хоҳад шуд.

Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов рӯзи 5 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳукми зерҳимояи ӯро содир кард ва баъди дарёфти ҳалномаи додгоҳ, аз болои он шикояти кассатсионӣ хоҳанд бурд.

"Додгоҳ дар баррасии ҳукми худ чаҳор моҳи мӯҳлати боздошти Диловар Гулов, яъне аз рӯзи ба боздоштгоҳи муваққатӣ кашида шуданашро ҳисоб намуда, аз мӯҳлати яксолаи ӯ кам хоҳад кард. Агар пештар як рӯзи нигоҳдорӣ дар СИЗО ду рӯз ҳисоб карда мешуд, ҳоло як рӯз ҳисобида мешавад", - афзуд Саодат Амиршоева.

Эътирофи як қисми гуноҳ

​Эълони ҳукми додгоҳ дар нисбати Диловар Гулов дар ҳолест, ки тибқи иттилои дарёфтӣ, ӯ дар додгоҳ худро қисман гунаҳкор ҳисоб карда, аммо гуфтааст, ҳодисаи латукӯби Дилшод Нарзуллозода бо айби худи ӯ сар зад. Ҳодисаи латту кӯби Дилшод Нарзуллозода -- корманди Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ва боздошти Диловар Гулов шоми 8-уми июл иттифоқ афтод.

Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов мегӯяд, ки аз ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.
Саодат Амиршоева, вакили дифои Диловар Гулов мегӯяд, ки аз ин ҳукми додгоҳ шикоят хоҳанд бурд.

Ҳодиса дар яке аз хиёбонҳои марказии Душанбе рух дод ва писари вазири собиқ бо афсари милиса Дилшод Нарзуллозодаи 33-сола вориди муноқишаи лафзӣ шуда, ӯро латукӯб кард. Ҷанҷол миёни Гулов ва Нарзуллозода бар сари рондани мошин сар задааст.

Баъдан табибон гуфтанд, дар ин муноқиша устухони гуна ва бинии Нарзуллозода шикастааст. Табибони бемористони Қарияи Боло он замон ҳамчунин гуфтанд, ки Дилшод Нарзуллозода аз ноҳияи сараш осеби ҷиддӣ дидааст.

Вирди забони матбуот

Номи Диловар Гулов аз ин пеш моҳи марти имсол сари забони расонаҳо шуд. Ӯро рӯзи 10-уми март бо гурӯҳе аз дӯстонаш барои халал расондан ба тартиботи ҷамъиятӣ ва итоат накардан ба амри маъмурони милиса дар тарабхонаи "Галакси"-и шаҳри Душанбе боздошт карданд.

Ӯ барои чунин қонуншиканӣ ба панҷ рӯзи ҳабс маҳкум шуд. Як ҳафта баъд аз раҳоӣ дигарбора гузориш расид, ки Диловар Гулов барои ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаи мошинаш ҷарима шудааст.

Гул Шералӣ, собиқ вазири энержии Тоҷикистон дар як сӯҳбати худ ба Радиои Озодӣ он замон дар бораи писараш Диловар гуфта буд: "Мумкин аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бахусус умури дохилӣ ягон "шикоре" аз пушти фарзандони мо аст."

Қазияи боздошти Диловар Гулов давоми чор моҳи ахир дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баррасӣ шуд. Бархе бо ишора ба фарзанди як мақомдори собиқ ва бонуфуз будани Диловар Гулов тахмин мекарданд, ки дар ниҳояти амр эҳтимолан Диловар аз ҷавобгарӣ озод хоҳад шуд. Бархе бо ишора ба фарзанди Гул Шералӣ будани ӯ мегуфтанд, ки дар ниҳоят дигарон дар латукӯби милиса "гунаҳкор" мебароянд ва Диловар озод хоҳад шуд.

Аммо зоҳиран мақомоти умури дохилӣ корро ҷиддӣ гирифтаанд ва писари собиқ Вазири энержии Тоҷикистон ҳоло бар асоси моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ барои як сол равонаи зиндон шуд.

XS
SM
MD
LG