Додгоҳи низомии Бишкек, пойтахти Қирғизистон рӯзи 25 июл раиси собиқи ин ҷумҳурӣ Қурмонбек Боқиевро дар ғайбаш бо ҷурми даст доштан дар куштори тазоҳургарон дар ҷараёни эътирозҳои моҳи апрели соли 2010, ки бо суқути давлати Боқиев анҷомид, ба ҳабси абад маҳкум кард. Додрас Дамир Онолбеков гуфт, бародари Қурмонбек Боқиев – раҳбари собиқи хадамоти ҳифозати президенти Қирғизистон Ҷониш Боқиев ва сарвазири собиқ Дониёр Ҳусейнов низ дар ғайбашон маҳкум ба ҳабси умрбод шуданд. Марат Боқиев - писари раисиҷумҳури собиқ, ки дар замони раҳбарии падараш муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ буд, ба 22 соли зиндон, раҳбари собиқи дастгоҳи президент Канибек Жороев, мушовири собиқи президент дар масоили амният, тартиботи қонунӣ ва дифоъ Элмурзо Сотиболдиев ва собиқ додситони кулли Қирғизистон Нурлан Турсунқулов ҳар кадом ба 10 соли зиндон маҳкум шуданд.
Ҳамин тавр, додгоҳи низомии Бишкек муовини собиқи раҳбари Хадамоти ҳифозати давлатӣ Нурлан Темурбоевро ба 22 сол, фармондеҳи собиқи воҳиди вижаи “Алфа” Алмос Ҷолдошалиевро ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Темурбоев, Ҷолдошалиев , Жороев ва Сотиболдиев, ки дар мурофиа ҳузур доштанд, билофосила баъди эълони ҳукм ба ҳабс гирифта шуданд.
Аммо аксари муттаҳамон дар ин парвандаи пурсарусадо баъди суқути ҳукумати Қурмонбек Боқиев аз Қирғизистон фирор карданд. Худи Қурмонбек Боқиев ва бисёре аз аъзои хонавода ва наздиконаш баъди суқути ҳукумати ӯ аз кишвар фирор карда ва дар Беларус паноҳ бурдаанд.
Дар маҷмӯъ дар чорчӯби ин парванда 25 нафар, бо шумули хешу табор ва ёрони наздики Қурмонбек Боқиев, ба мӯҳлати аз 6 то 25 сол маҳкум ба зиндон шуданд. Онҳо ба судури фармони тиркушоӣ болои издиҳоми тазоҳургарон ваё куштори афроди мушаххас дар ҷараёни саркӯби эътирозҳои моҳи апрели соли 2010 айбдор шинохта шуданд.
Қозиии парванда Дамир Онолбеков ҳангоми қироати ҳукм гуфт, рӯзи 7 апрел мушаххасан раҳбари собиқи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Мурат Суталинов фармони тир кушодани алайҳи мардуми ҷамъшуда дар майдонро додааст. Суталинов барои нақшаш дар куштори эътирозгарон 20 сол ҳукми зиндон гирифт.
Раҳбари собиқи котиботи раисиҷумҳури Қирғизистон Оксана Малеванная, ки низ аз Қирғизистон фирор кардааст, ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Додгоҳи низомии Бишкек дар моҳи феврали соли 2013 дар чорчӯби як парвандаи дигари сӯиқасдҳои сиёсии пурсарусадо Қурмонбек Боқиевро ба 24 соли зиндон ва бародари ӯ Ҷаниш Боқиевро ба ҳабси абад маҳкум карда буд.
Дар моҳи апрели соли 2010 дар ҷараёни эътирозҳои давомдор алайҳи ҳукумати Қурмонбек Боқиев дар маркази Бишкек қариб 100 нафар кушта ва ҳудуди 400 тани дигар захмӣ шуданд. Мурофиаи ин парвандаи пурсарусадо аз соли 2011 ба ин сӯ идома дошт.
Мусоҳиба бо ҳомии ҳуқуқ
Расидагӣ ба ин парванда аз рӯзҳои аввали ҳодисаҳои апрелӣ оғоз шуда буд. Боқиев бо чанд нафар аз аъзои оилааш дар Беларус ба сар мебарад ва расидагӣ ба ин парвандаи бузург ва пурсару садои солҳои охири Қирғизистон 4 сол давом кард.
Барои тирандозиҳои 7 апрел дар майдони марказии Бишкек бар зидди 28 нафар, аз ҷумла шахсиятҳои баландпояи давлативу ҳукуматии давраи Қурмонбек Боқиев, парванда боз карданд. Аз инҳо 25 нафар ҳукми зиндон гирифтанд. Дар мусоҳибае бо Толейкан Исмоилова - раиси ҷунбиши дифоъ аз ҳуқуқи башари «Бирдина»-и Қирғизистон пурсидам, оё созмони онҳо ва умуман гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқ ин ҳукми додгоҳро одилона медонанд?
Исмоилова: Ҳанӯз аз оғоз мо мегуфтем, ки ҳамаи далелҳову иттиҳомот роҷеъ ба ҳодисаҳои моҳи апрел бояд ба арзёбиҳои кумисюнҳои мустақил такя кунанд. Муттаасифона, бисёре аз хонаводаҳо азоби рӯҳӣ кашиданд. Аз оғози расидагиҳо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқ ва мудофеони ҳуқуқи башар, аз ҷумла вакили мудофеи мо Аширов далелҳое ба даст оварданд ва ин далелҳо шаҳодат медиҳанд, ки дар расидагӣ ба ин парванда зиёдаравӣ ҳам сурат гирифтааст. Барои ҳамин мо ҳоло дар бораи одилона будани ҳукм чизе гуфта наметавонем. Ҳоло гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар ва вакилони мудофеъ байни худ машварат мекунанд, ки оё бар зидди ҳукми додгоҳ роҷеъ ба ин парвандаи пурсару садо шикоят бибаранд ва ё онро қабул кунанд.
Озодӣ: Акнун баъд аз эълони ҳукми додгоҳ ниҳодҳои Қирғизистон тақозои худро барои баргардонидани раиси ҷумҳури пешин аз Беларус ба таври ҷиддӣ аз сар мегиранд?
Исмоилова: Ман фикр мекунам, ки ин масъала дар дастури рӯз қарор дорад. Ин масъаларо билофосила баъд аз инқилоб дар миён гузошта буданд. Чаро? Барои он ки Қурмонбек Боқиев мисли раисиҷумҳури аввал Аска Оқоев иштибоҳоти зиёди сиёсиву иқтисодӣ содир кард. Далелҳои ришвахорӣ ва ба вуҷуд овардани як низоми хонаводагии таборсолорӣ мардумро ба ҷое расонд, ки маҷбур шуданд бори дигар инқилоб ва ин таборро аз сари қудрат дур кунанд. Вай ҳар чӣ ваъда дод, иҷро нашуд. Барои ҳамин соли 2010 инқилоб карданд. Мардум то ҳол ба таври одилона барои талафоти ҷониву молӣ ҷуброн нагирифтаанд. Албатта, масъулияти ин ҳама бар дӯши Боқиевҳост, писарону бародаронаш ва атрофиёнаш. Бо вуҷуди ин мо мехоҳем, ки инро додгоҳи мустақилу одилона қазоват кунад. Вале дар Қирғизистон то ҳол додгоҳи мустақилу одилона ташаккул наёфтааст. Барои ҳамин мо умедворем, ки парвандаи Боқиевҳо дар сатҳи байналмиллалӣ, ҳатто дар СММ баррасӣ шавад. Барои он ки дар ҷануби кишвар одамони зиёд бехонаву дар монданд, хешовандони худро аз даст доданд.