Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сайёҳ ҳаст, шароит нест"


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Мавсими кӯҳнавардӣ дар Тоҷикистон, ки аз моҳи июл оғоз шуда ва ду моҳ идома мекунад, дар ҳоли анҷомёбӣ аст. Ҳоло кӯҳнавардон танҳо дар кӯҳистони Фондарёи водии Зарафшон машғули фатҳи қуллаҳо ҳастанд.

Ширкатҳои сайёҳӣ тавонистаанд имсол ҳудуди 200 нафар кӯҳнаварди хориҷиро ба фатҳи қуллаҳои Бадахшону Зарафшон ҷалб кунанд. Аммо рақобатҳои носолим ва набудани шароити муносиб барои кӯҳнавардон, ба афзоиши бештари сафари кӯҳнавардони хориҷӣ ба Тоҷикистон монеъ шудааст.

"Алоқамандон зиёданд, аммо шароит нест"

Ҳамасола ҳазорҳо сайёҳ ё ҷаҳонгард аз кишварҳои хориҷӣ барои ошноӣ ба Тоҷикистон меоянд, аммо дар миёни онҳо камтар нафароне ҳастанд, ки бо мақсади фатҳи қуллаҳои осмонбӯси Бадахшону Зарафшон биоянд. Вера Семашкои 48-сола аз Русия соли гузашта тавонистааст барои аввалин бор дар миёни занҳо қуллаи 7495-метрии Исмоили Сомониро (собиқ қуллаи Коммунизм) фатҳ кунад.

Ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, афзоиш меёбад.

Имсол низ хонум Семашко ба Тоҷикистон ба манзури фатҳи қуллаҳои дигари ин кишвари кӯҳистонӣ ташриф овардааст. Вера Семашко 28-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳарчанд алоқамандони сафар ба Тоҷикистон дар миёни кӯҳнавардони хориҷӣ зиёд аст, аммо шароити феълӣ барои сайёҳони кӯҳнавард дар ин кишвар барояшон чандон ҷазбкунанда набудааст.

Хонум Семашко дар ин бора гуфт, ҳар сайёҳе, ки вориди Тоҷикистон мешавад, нахуст бо набудани роҳҳои хуби иртиботӣ, гаронии парвозҳо, камбуди меҳмонхонаҳои ҳозиразамон рӯбарӯ мешавад. Кӯҳнавардон маҷбуранд то ба қуллаҳои Бадахшон бо мошинҳои фарсуда ва аз тариқи роҳҳои харобгашта бирасанд.

Ба гуфтаи ин сайёҳи рус, кӯҳнавардоне, ки қабл аз сафар ба Тоҷикистон аз Қирғизистон дидан мекунанд, бо расидан ба қаламрави Тоҷикистон ба ҳолати "шок" меафтанд, зеро ҳама чиз гарону сифати хадамот то ҳадди имкон паст мебошад. Гузашта аз ин, ба гуфтаи Вера Семашко, дар Тоҷикистон барои кӯҳнавардон ҳатто роҳбаладҳои ҳирфаӣ вуҷуд надоранд ва чанд нафаре, ки худро роҳбалад медонанд, худ ба бозомӯзиҳо ниёз доранд.

"Маккаи кӯҳнавардон" дар чӣ ҳол аст?

Мавзеи "Гармчашма" дар ноҳияи Ишкошим.
Мавзеи "Гармчашма" дар ноҳияи Ишкошим.

​Дар ҳамин ҳол Раъно Собирова, раҳбари ширкати кӯҳнавардии “Алп-Наврӯз” дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки ҳарчанд чанд соли ахир Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон муҷаввизи корашонро лағв кардааст, вале бо ин вуҷуд имсол онҳо тавонистаанд аз роҳҳои муроҷиати хусусӣ, беш аз 100 кӯҳнавардро аз 26 кишвари ғарбӣ барои фатҳи қуллаҳои Тоҷикистон даъват кунанд.

Хонум Собирова афзуд, ки ҳарчанд Қирғизистон низ кишвари кӯҳистонӣ аст, аммо бештаре аз қуллаҳои беш аз 7-ҳазорметрӣ дар Бадахшони Тоҷикистон воқеъ мебошанд. Ба гуфтаи вай, дар Қирғизистон танҳо як қуллаи 7-ҳазорметрии собиқ ба номи Ленин дар марз бо Тоҷикистон вуҷуд дораду халос. Аммо танҳо дар як минтақаи Бадахшони Тоҷикистон паҳлӯи ҳам се қуллаи беш аз 7-ҳазор метрӣ воқеъ ҳастанд.

Хонум Собирова дар ин робита гуфт, ки поёнтар аз ноҳияи собиқ Ҷиргатол як майдончае вуҷуд дорад, ки аз он бо номи "Москвина" ёдоварӣ мешавад. Ин майдонча дар наздикии пиряхи Федченко ва зери қуллаи Исмоили Сомонӣ воқеъ мебошад. Сайёҳони хориҷӣ аз он ба унвони "Маккаи кӯҳнавардон" низ ном мебаранд, зеро солҳои шӯравии собиқ кӯҳнавардон аз тамоми ҷаҳон барои фатҳи қуллаи собиқи “Коммунизм” дар ин пойгоҳ зиндагӣ мекарданд.

Дар ҷустуҷӯи сармоя

Раъно Собирова афзуд, ин пойгоҳро шавҳари марҳумаш Владимир Машков бунёд кардааст ва дар дасти ӯ ҳуҷҷати соҳибмулкии ин қитъаи замин низ вуҷуд дорад, аммо, дар пайи рақобатҳои носолим миёни ширкатҳои сайёҳӣ, муҷаввизи фаъолияти ширкати “Алп-Наврӯз” чанд сол қабл қатъ карда шуд. Бо ин вуҷуд, танҳо дар соли ҷорӣ ӯ тавонист ба ин минтақа беш аз 100 кӯҳнаварди хориҷиро даъват кунад. Ширкатҳои дигари давлативу хусусӣ тавонистанд танҳо 70 кӯҳнавардро ҷалб созанд.

Ӯ мегӯяд, ки ҳоло вазъи ин пойгоҳи кӯҳнавардон хеле бад шудааст ва онҳо дар ҷустуҷӯи сармоягузоре ҳастанд, ки тавонад дар зудтарин фурсат корҳои ободонӣ дар ин майдонро сармоягузорӣ кунад. "Бо раҳбарияти ширкати “Фароз” дар ин бора музокирот дорем, зеро ин ширкат тавонист дар мӯҳлати кӯтоҳ пойгоҳи лижаронии “Сафед-дара” дар минтақаи Такобро бозсозӣ кунад",-афзуд Раъно Собирова.

Фатҳи қуллаҳо ва ҳам ошноӣ бо расму оинҳо

Аз сӯи дигар Қурбон Аламшоев, раҳбари ширкати сайёҳии “Кӯҳҳои Помир” мегӯяд, ки бо афзоиши теъдоди ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон, алоқамандони сафар ба Бадахшон низ бештар шуда, сайёҳон дар канори фатҳи қуллаҳо, ҳамзамон мехоҳанд бо тарзи зиндагии сокинони ин вилояти кӯҳистонӣ, ошно шаванд.

Қурбон Аламшоев
Қурбон Аламшоев

Вай афзуд: "Дар роҳҳои мошингарди вилояти Бадахшон гурӯҳҳои зиёди ҷаҳонгардонро вомехӯрам, ки бо дучарха, мошину моторсикл ва ҳатто пиёда, аз самти Душанбе равон ҳастанд. Дуруст аст, ки бархе аз онҳо мехоҳанд қуллаҳои осмонбӯси моро бубинанд, вале бештарашон мехоҳанд бо тарзи ҳаёти сокинони кӯҳистонӣ ошно шаванд."

Мақомот: "Шароит барои ҷаҳонгардон муҳайёст"

Аммо масъулони Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон мегӯянд, шароит барои ҷаҳонгардӣ дар кишвар фароҳам аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳар сайёҳе метавонад, бидуни мамоният ба ҳар гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон сафар кунад.

Ин аст, ки ба иттилои Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, ҳамасола теъдоди сайёҳони хориҷие, ки аз Тоҷикистон дидан мекунанд, афзоиш меёбад. Агар дар соли 2010-ум аз 60 кишвари ҷаҳон ба Тоҷикистон 160 ҳазор ҷаҳонгард омада бошад, пас дар соли 2015 ин рақам беш аз 400 ҳазор нафар шудааст.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар зарфи соли 2015 аз ҳисоби бахши туризм ба иқтисоди кишвар беш аз 200 миллион доллар ворид шудааст, аммо наҳваи ҳисоби ин омор рӯшан нест.

XS
SM
MD
LG