Барои муқобила бо паёмадҳои офати табиӣ, дар баробари мақомоти маҳаллии ноҳияҳо - ҳукуматҳо, кормандони Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва дигар - инчунин худи сокинон ҳам сафарбар шуда, талош мекунанд, кӯчаву хиёбонҳо, ҳавлиҳои дохили хонаҳои худро аз лою чирк тоза кунанд. Дар бисёр манотиқ ҳамоно мизони об баланд боқӣ мемонад.
Хурӯши рӯдхонаҳо дар саросари Тоҷикистон
Дар паи боронгариҳои пайдарпай дар чанд рӯзи охир нуқоти мухталифи Тоҷикистон - аз шимол то ҷануб шоҳиди обхезиҳои шадид шудаанд. Аксҳое, ки аз шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ ва Рӯдакӣ аз ҷониби хонандагони радиои Озодӣ ирсол шудааст, дар бораи вазъи сангини ин манотиқ далолат мекунад
Бахшҳо
- Тоҷикистон
- Ҷаҳон
- Сиёсат
- Иқтисод
- Фарҳанг
- Ҳамватан
- Варзиш
- Видео
- Блогистон
- Осиёи Марказӣ
- Ҷомeа
- Гузоришҳои радиоӣ
- Ҳодиса
- Назарҳо ва боварҳо
- Озодӣ Онлайн
- Баъд аз гузориши Озодӣ
- Гапи Озод
- Салом, хоҳар
- Рӯзгори муҳоҷир