Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани 5 "террорист"-и дигар дар Оқтеппа (ВИДЕО)


Сарбозони кушташуда дар ҳамлаи 5 июн
Сарбозони кушташуда дар ҳамлаи 5 июн

Дар ҷараёни як амалиёти вижа дар шаҳри Оқтеппа дар ғарби Қазоқистон 5 нафаре, ки бовар меравад, дар ҳамлаҳои хунини 5 июн даст доштанд, кушта шудаанд.

Нирӯҳои амниятии Қазоқистон рӯзи 10 июн 5 ҷангии эҳтимолиро дар шаҳри Оқтеппа дар ғарби ин кишвар ба ҳалокат расондаанд. 5 рӯз пеш дар Оқтеппа дар ҷараёни ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба ду мағозаи силоҳфурӯшӣ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон дастикам 20 нафар кушта шуда буд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон бо нашри як баёния гуфт, як воҳиди нирӯҳои вижаи амниятӣ рӯзи 10 июн ба манзиле дар Оқтеппа ҳамла оварда, 4 “террорист”-ро куштанд. Бино ба ин ин баёния, як марди дигар дар кӯча алайҳи пулис тир кушодааст ва дар натиҷаи оташи ҷавобӣ кушта шудааст.

Амалиёт барои маҳви "террористон" дар Оқтеппа
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Ба гуфтаи мақомот, дар тирандозиҳои рӯзи 10 июн дар Оқтеппа касе аз аҳолии осоишта ва нирӯҳои интизомӣ осеб надидааст.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфт, ҳадафи амалиёти рӯзи ҷумла афроди гумонбар ба ҳамлаҳои рӯзи 5 июн буд. Ин ниҳод бидуни овардани кадом рақами мушаххас афзуд, ки нирӯҳои амниятӣ ба таъқиби гумонбарони боқимонда дар ин ҳамлаҳо идома медиҳанд.

Мақомот то ҳол гурӯҳи масъули ҳамлаҳои Оқтеппаро мушаххас накардаанд, вале онҳоро “тундравони мазҳабӣ” ном мебаранд. Зери ин ибора мақомоти қазоқ маъмулан ҷангҷӯёни исломиро дар назар доранд.

Аммо мақомот то ҳол тавзеҳи рӯшане, ки даст доштани “тундравони исломӣ” дар ҳодисаҳои ахир дар ғарби Қазоқистонро собит кунад, ироа накардаанд.

Аммо яке аз афроде, ки ба даст доштан дар ҳамлаҳои Оқтеппа айбдор мешавад, қаблан дар Интернет видеое нашр карда буд, ки дар он аз ҳусни таваҷҷӯҳаш ба созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳарф мезад. Як гурӯҳи то ҳол ноошнои “Артиши озодибахши Қазоқистон” низ аз тариқи Интернет масъулияти ҳамлаҳои Оқтеппаро бар ӯҳда гирифта, иддао кардааст, ки ин ҳамлаҳо оғози муборизаи онҳо алайҳи сулолаи президент Нурсултон Назарбоев мебошад.

Раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев рӯзи 8 июн бо нашри як баёния дар сомонаи расмиаш гуфт, ҳамлагарон пайравони як равияи тундрави мазҳабӣ буданд ва аз хориҷ раҳнамоӣ мегирифтанд. Назарбоев ин ҳамлаҳоро нишонаҳои “инқилобҳои ранга” номид, ки дар Гурҷистону Украина ва дар Қирғизистон рух дод.

Маҷлиси болоии парлумони Қазоқистон ҳамлаҳои Оқтеппаро маҳкум кард, вале гуфт, ин ҳамлаҳо рабте ба мазҳаб надоранд.

Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон билофосила ба дунболи ҳамлаҳои Оқтеппа эълон кард, ки аз як талоши "табаддулоти давлатӣ" дар кишвар пешгирӣ кардааст. Мақомоти амниятӣ як соҳибкори ҳанӯз моҳи январ боздоштшударо ба таъмини молии эътирозҳои моҳи гузашта алайҳи қонуни замин айбдор карданд ва гуфтанд, кашфи силоҳу муҳимот ва "коктейлҳои Молотов" ҳокист, ки бархе нирӯҳо аз эътирозҳои зидди ҳукумат ба манфиати худ истифода бурданӣ буданд.

Ҳамлаҳои Оқтеппа ба дунболи эътирозҳои густардаест, ки моҳҳои апрелу май алайҳи ислоҳоти замин дар Қазоқистон сурат гирифт. Дар робита ба ин эътирозҳо беш аз 1000 тан аз фаъолон боздошт ва аксари онҳо бо ҷурми қасди баргузории тазоҳуроти беиҷозат ваё ширкат дар чунин гирдиҳамоиҳо ба мӯҳлати аз 10 то 15 рӯз маҳкум ба ҳабс шуданд.

Рӯзи 5 июн афроди силоҳбадаст ба ду мағозаи силоҳ ва як қисми низомии Горди миллии Қазоқистон дар шаҳри Оқтеппа ҳамла оварданд. Дар ҷараёни ин ҳамлаҳо ва таъқиби баъдии ҳамлагарон то имрӯз дастикам 25 нафар кушта ва на камтар аз 37 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Вазорати дохилаи Қазоқистон қаблан гуфта буд, ки дар Оқтеппа 13 ҳамлагар алакай кушта шуда, 4 тани онҳо ҷароҳат бардоштаанд ва 9 ҳамлагарро боздошт кардаанд. Мақомот гуфта буданд, ки 6 ҳамлагари дигар таҳти таъқиб боқӣ мемонанд. Аммо маълум нест, ки оё 5 нафари кушташуда дар рӯзи 10 июн аз миёни ҳамин 6 гумобари таҳти ҷустуҷӯянд ё на?

Оқтеппа бо аҳолии 400-ҳазорнафарӣ дар ғарби Қазоқистон ва дар як минтақаи нафтхез ҷойгир аст. Ба бовари нозирони умур, баъд аз суқути Шӯравӣ мизони мазҳабишавии ҷомиа дар ғарби Қазоқистон, аз ҷумла дар Оқтеппа рӯ ба афзоиш овардааст. Нахустин ҳамлаи маргталабона дар таърихи Қазоқистон соли 2011 маҳз дар ҳаминҷо рух дод. Баъди он ҳамла Қазоқистон назорати гурӯҳҳои мазҳабиро сахттар кард.

Масъулияти ҳамлаи хунини Оқтеппаи Қазоқистон бар дӯши кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:47 0:00

XS
SM
MD
LG