Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро ҳодисаҳои бад дар ғарби Қазоқистон рух медиҳанд? (ВИДЕО)


Дар ҳамлаҳо дар шаҳри Оқтеппа дар маҷмӯъ 18 нафар кушта шуданд.
Дар ҳамлаҳо дар шаҳри Оқтеппа дар маҷмӯъ 18 нафар кушта шуданд.

Хунрезии 5 май дар шаҳри Оқтеппа тааҷубовар буд, зеро ингуна ҳодисаҳо дар Қазоқистон бисёр кам иттифоқ меафтанд. Аммо ин гуна ҳодисаҳо агар рух дода бошанд ҳам, бештар дар ғарби Қазоқистон ва бахусус Оқтеппа иттифоқ афтодаанд.

Мақомоти Қазоқистон аз рӯзи 6 июн боз талош доранд, маълум кунанд, дар паси ҳамлаҳое, ки 18 кушта (12 нафараш ҳамлаварон) бар ҷой гузошт, кӣ меистад ва чаро ҳамла сурат гирифт? Аммо шояд сабабҳои ҳамла дар пеши рӯяшон ва возеҳ бошад.

Оқтеппа бо аҳолии 400-ҳазорнафарӣ дар ғарби Қазоқистон ва дар як минтақаи нафтхез ҷойгир аст. Фурӯши нафти қиммат дар солҳои гузашта иқтисоди кишварро ба пеш ҳаракат дод ва рушду нумӯъ овард, аммо аз ин пулҳои зиёди нафт худи шаҳрҳои бузурги нафтхези ғарби Қазоқистон ва аз ҷумла Оқтеппа баҳраи зиёде набурдаанд. Дар ҳоле ки миллиардҳо долларро барои сохтани Остона, пойтахти Қазоқистон ва Алмаато, шаҳри бузурги тиҷоратии он харҷ карданд. Аз ин сабаб дар манотиқи ғарбии Қазоқистон ва бахусус дар Оқтеппа мардум аз шароити иҷтимоӣ норизо ва гиламанд ҳастанд.

Мусоҳиба дар бораи ҳодисаҳо инҷост:

Масъулияти ҳамлаи хунини Оқтеппаи Қазоқистон бар дӯши кист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:05:47 0:00

Бадтар аз ин, ғарби Қазоқистонро минтақае тасвир мекунанд, ки дини ислом онҷо баъд аз суқути Шӯравӣ дар соли 1991 реша давонд ва аз ин сабаб мақомоти Қазоқистон хушунату хунрезиро ба ифротӣ будани гурӯҳҳое аз сокинон дар инҷо иртибот медиҳанд. Тасвире, ки мардуми ғарби Қазоқистон хуш надоранд. Барои онки дар шаҳри Оқтеппа аввалин бор ҳамлаи маргталабона сурат гирифт ва аз он зҳамон то кунун нисбат ба ин шаҳр бадгумонӣ вуҷуд дорад.

Рӯзи 17 майи соли 2011 ҷавони 25 солаи қазоқ Раҳимҷон Махатов ба қароргоҳи минтақавии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар шаҳр рафт ва худро тарконда кушту ду нафари дигарро маҷрӯҳ кард. Мақомоти Қазоқистон ҳамон замон эълон карданд, Раҳимҷон бо ифротгароёни исломӣ робита доштааст, ҳарчанд далели возеҳи онро касе надидааст.

Баъзе аз мақомоти расмии Қазоқистон ҳамлаҳои рӯзи 5-уми июн дар Оқтеппаро ҳам кори дасти “гурӯҳҳои ғайрисуннатӣ” номидаанд, ки ба ибораи дигар ифротгароёни исломӣ ҳастанд. То ин замон далели возеҳе барои тасдиқи ин иддао ба ҷомеа нишон надодаанд. Пештар аз ин ҳам мақомоти Қазоқистон нооромиҳо дар ғарби кишварро ба ифротгароии исломӣ робита додаанд.

Баъди ҳамлаи маргталабонаи Раҳимҷон Махатов, матбуоти Қазоқистон аз мавҷудияти гурӯҳҳои салафӣ дар ғарби Қазоқистон гузориш доданд ва гуфтанд, рустоҳое ҳаст, ки ҷавонони диндору серриш ва “эҳтимолан хатарнок” зиндагӣ мекунанд. Вақте соли 2011 дар як рустое дар 200 километрии шаҳри Оқтеппа ду маъмури пулисро куштанд, мақомот ба онҷо барои амалиёти амниятӣ нерӯҳои махсусро фиристоданд. Дар ин амалиёт 9 муттаҳам ба ҷиноят ва як маъмури амниятӣ кушта шуд.

Мақомот аввал гуфтанд, ки гурӯҳи ҳамлавар зери таъсири исломи ифротӣ ба ин кор даст задаанд, вале баъдан иддао карданд, ки ҷинояткорон аъзои гурӯҳи ҷиноие буданд, ки зери чатри дин амал мекардаанд.

Дуртар аз Оқтеппа дар шаҳри Атирау баъдан аз таъсиси Ҷунд ал-Халифа ё Сарбозони Хилофат, як гурӯҳи террористие гузориш доданд. Гурӯҳи мазкур масъулияти ду бомбгузорӣ дар Атирау дар моҳи ноябри соли 2011 ва ҳамла ба шаҳри Алмааторо бар дӯш гирифт. Дар ҳамлаи дуввум 5 ҷангҷӯ ва ду маъмури пулис кушта шуданд. Баъди ин мақомоти Қазоқистон гуфтанд, ки гурӯҳи Сарбозони Хилофат бо гурӯҳҳои ифротие дар манотиқи қабоилнишини Покистон иртибот дорад ва се муассиси гурӯҳро пайдо ва дастгир карданд.

Вилоятҳои ғарбии Қазоқистон аз нооромтарин минтақаҳои кишвар дар 5 соли гузашта ба ҳисоб мераванд. Ин минтақа ҳамчунин шоҳиди тазоҳуроти шашмоҳаи коргарони як корхонаи нафт дар шаҳри Жанаозен буд, ки дар ниҳоят дар рӯзи истиқлоли Қазоқистон дар моҳи декабри соли 2011 бо тирандозии пулис ба сӯи тазоҳургарон ва марги 15 нафар анҷомид.

Аз ин рӯ шояд такрори хушунат дар Қазоқистон чизи тааҷҷубовар набошад ва мушкилӣ кашидани муфаттишон барои маълум кардани сабабҳои ҷиноят ҳам тааҷҷубовар нест. Шояд бисёре аз мақомоти Қазоқистон ба ин бовар бошанд, ки хунрезиҳои ахир дар Оқтеппа шояд аз хориҷ тарҳрезиву ҳидоят ва ташвиқ шуда бошанд, аммо сабабҳои онро дар зиндагии ҳамарӯзаи мардум дар ғарби Қазоқистон метавон дид.

XS
SM
MD
LG