Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имшаб дар Душанбе барфи тар хоҳад зад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти обуҳавосанҷии Тоҷикистон мегӯянд, имшаби тақрибан дар ҳама навоҳии кишвар, аз ҷумла дар пойтахт, шаҳри Душанбе барфи тар хоҳад борид.

Нахустин барфи имсола дар шаҳри Душанбе, ба гуфтаи ҳавошиносон, барфи тар ё тарбарф хоҳад шуд.

Парвина Саидҷамолова, намояндаи масъули Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон рӯзи 27 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, имшаб тақрибан дар тамоми гӯшаҳои кишвар, бо шумули пойтахт, шаҳри Душанбе тарбарф, яъне борони олуда ба барф, хоҳад зад. Парвина Саидҷамолова гуфт, дар вилояти Суғд барф алакай рӯзи 27 октябр ба рехтан сар кард ва бино ба пешбиниҳо, шаби 27 ба 28 октябр тақрибан дар тамоми навоҳии дигари Тоҷикистон низ барфу борон хоҳад зад.

Бино ба пешбинии ҳавосанҷон, рехтани тарбарф дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон то субҳи 28 октябр давом хоҳад кард ва сипас боз ҳавои офтобӣ бар хоҳад гашт. Парвина Саидҷамолова дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, дар водиҳо, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳаво 3-4 дараҷа ва дар манотиқи кӯҳистон 0 - 5 дараҷа гарм хоҳад шуд.Ба иттилои идораи обуҳавосанҷӣ, дар гарданаи Анзоб низ барф хоҳад борид.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар медиҳад, ки сарфи назар аз боронгарӣ ва бориши барф дар бархе минтақаҳои куҳистонӣ роҳҳои мошингард ба ҳамаи самтҳои кишвар боз аст ва то ин соат ягон роҳ баста нашудааст. Раёсати иттилооти фаврии вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, роҳҳои мошингард ба ҳамаи самтҳо боз буда, барои ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳҳо шароит фароҳам оварда мешавад.

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон меафзояд, феълан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар бориши борон мушоҳида шуда ва дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ барф борида истодааст.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ин дар ҳолест ки Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз меҳмонони хориҷӣ ва шикорчиён даъват кардааст, ки бино бар сардии ҳаво ва хатари сангрезӣ ва тармафароию роҳбандӣ аз сафар ба кӯҳдоманаҳо ва роҳҳои кӯҳӣ дар ин шабу рӯз ҳаддалимкон худдорӣ кунанд.

Орифҷон Нозимов, сухангӯи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба Радиои Озодӣ гуфт, бо назардошти пеш омадани сардии шадид дар ду рӯзи оянда Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бо интишори як муроҷиатнома аз меҳмонони хориҷӣ ва хусусан шикорчиён даъват намуд, ки аз сафар ба минтақаҳои кӯҳистон ва хатарнок худдорӣ кунанд.

Тоҷикистон ва пойтахташ, шаҳри Душанбе дар ҳоле барои барфи нахустини мавсими имсолаи сармо омодагӣ мегиранд, ки дар кишвар ҳанӯз аз оғози моҳи октябр лимити нирӯи барқ ҷорӣ шудааст. Дар Тоҷикистон аз моҳи октябр то апрел дар ҳар мавсими сармо ба аҳолӣ дар шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нирӯи барқ медиҳанд, ки зиндагии мушкили ин мардум дар фасли зимистонро боз ҳам мушкилтар мегардонад.

XS
SM
MD
LG