Дар ҳоли ҳозир «Ихвонулмуслимин» аз созмонҳои мамнуъ дар Тоҷикистон ба шумор меояд.
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе ба «Озодӣ» гуфт, ки вай ин пешниҳодро пас аз пурсиши расонаҳо дар хусуси ҳамкориҳои Тоҷикистону Миср таъкид кардааст.
Президенти феълии Миср Муҳаммад Мурсӣ номзад аз ҳизби исломгарои «Ихвонулмуслимин» аст ва пас аз ба сари мансаб омадани ин гурӯҳ, ҳизби расмии Миср ба шумор меояд.
Ба назари Муҳиддин Кабирӣ, чӣ гуна метавон доир ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамкориҳои миёни Мисру Тоҷикистон суҳбат кард, вақте ки Муҳаммад Мурсӣ президенти ин кишвар, номзади ҳизбе аст, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ мебошад.
Пас аз он, ки Русия ҳаракати «Ихвонулмуслимин»-ро дар қаламрави худ мамнуъ эълон карда буд, Тоҷикистон низ ба дунбол фаъолияти ин созмонро дар қаламраваш мамнуъ эълон намуд.
Аммо Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол аст ва дар Миср сафоратхона дорад ва барои боз ҳам беҳтар ривоҷ додани ҳамкориҳои дуҷониба, мақомоти Тоҷикистонро беҳтар мебуд дар мавриди ин созмон таҷдиди назар мекард ва аз феҳрасти созмонҳои мамнуъ хориҷ менамуд.
Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ки дар қарибулвуқӯъ сафари Муҳаммад Мурсӣ ба Русия сурат хоҳад гирифт ва яке аз мавзуъҳои мавриди баррасӣ, масъалаи хориҷ кардани «Ихнонулмуслимин» аз феҳристи созмонҳои мамнуъ дар ин кишвар хоҳад буд.
Аммо дар ҳамин ҳол Дафтари матбуоти Додгоҳи олии Тоҷикистон мегӯяд, дар масъалаи ҳаракати «Ихвонулмуслимин», ки тайи як даҳсола аст дар Тоҷикистон ҳамчуни созмони тундгарои динӣ манъ карда шудааст, ҳеҷ пешниҳоде аз ҳеҷ тарафе сурат нагирифтааст.
Додгоҳи олии Тоҷикистон се сол қабл чанд созмони дигари тундравро шомили феҳрасти созмонҳои мамнуъ кард, аммо ҳеҷ ҳаракату ҳизби мамнуъро хориҷ накардааст.