Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Банди махсус дар Кодекси ҷиноӣ барои ширкат дар "ҷиҳод"


Акси як гурӯҳи ҷангиён аз Осиёи Марказӣ, ки гуфта мешавад, дар Сурия меҷанганд.
Акси як гурӯҳи ҷангиён аз Осиёи Марказӣ, ки гуфта мешавад, дар Сурия меҷанганд.

Дар Кодекси ҷиноии Тоҷикистон банди алоҳидае ворид карданд, ки барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар кишварҳои хориҷӣ муҷозот таъин мекунад.

Порлумони Тоҷикистон банди алоҳидаеро ба Кодекси ҷиноии кишвар ворид кард, ки бар асоси он ҷавононе, ки барои ҷангҳо дар хориҷи кишвар ҷалб шуда ва ширкат мекунанд, муҷозот пешбинӣ менамояд.

Абдуманон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 21 май зимни муаррифии тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон гуфт, ки "дар Қонуни ҷиноии Тоҷикистон моддаи 152 қисми 1 ворид шуд ва ҳадаф аз ин иқдом ҷилавгирӣ аз ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ аст." Ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, "танҳо дар соли гузашта нисбат ба 6 нафар барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷи кишвар парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва нисбат ба 3 нафар ҳукми додгоҳ содир шудааст."

Аммо бо ин вуҷуд то ҳол, ба гуфтаи ҷаноби Холиқов, муҷозоти мушаххасе барои содир кардани ин ҷиноят таъин нашудааст ва ин мавзӯъ дар ҳоли баррасӣ аст.
Муовини вазири адлия гуфт, то кунун ин гуна ҷиноятҳо бар асоси қавонини кишварҳои хориҷ баррасӣ ва ҷазо таъин карда мешуд.

Нозирони умур хабарҳои ахир марбут ба ҷалбу ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия алайҳи Режими Башор Асадро аз далоили тағйири ахир дар қонуни ҷиноии Тоҷикистон унвон мекунанд.

Маҳкум ба зиндон шудани атбои Тоҷикистон бо ҷурми ширкат дар ҷангҳо алайҳи режими Башор Асад аз сӯи ҳомиёни ҳуқуқ ва вакилони мудофеъ ба интиқодҳое рӯбарӯ шуд, чунки, ба гуфтаи онҳо, қонунгузории Тоҷикистон ҷазоеро барои ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар хориҷ пешбинӣ намекард.
Бахтиёр Шеров, сокини 26-солаи Кӯлоб низ дар Сурия кушта шуд
Бахтиёр Шеров, сокини 26-солаи Кӯлоб низ дар Сурия кушта шуд
Бино ба ҳисобҳо, дар ҷангҳои Сурия то имрӯз дастикам 4 шаҳрванди Тоҷикистон – 3 сокини Кӯлоб ва як сокини Восеъ – кушта шудаанд. Ҷамъи ҷангиёни тоҷик дар ҷабҳаҳои ҷанги Сурия тақрибан 190 нафар гуфта мешавад. Дар моҳи декабри соли 2013 Додгоҳи олии Тоҷикистон 5 донишҷӯи собиқи Донишгоҳи байналмилалии Димишқро бо ҷурми ширкат дар ҷангҳои зидди режими Башор Асад дусолӣ ҳукми зиндон дод.Аммо пайвандони онҳо мегӯянд, ки ин донишҷӯён баъди бад шудани вазъи Сурия барои идомаи таҳсил ба Миср рафта буданд ва Додгоҳи олӣ онҳоро бидуни ягон асос равонаи зиндон кардааст.

Чанде пеш дар Интернет навори видеоие нашр шуд, ки гӯё баъд аз расидан ба ҷабҳаҳои ҷанги Сурия сӯзондани шиносномаҳои дастикам 5 шаҳрванди Тоҷикистонро намоиш медод. Ба ин маъно ки ин афрод барои ҷиҳод омадаанд ва роҳи бозгашти худро пурра мебуранд.

Ҳамин тавр, дар оғози моҳи март пулиси шаҳри Кӯлоб боздошти Давлат Чолов, яке аз бародарони фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ Қурбон Чолов бо гумони ҷалби ҷавонони маҳаллӣ ба “ҷиҳод” дар Сурияро тасдиқ кард.
XS
SM
MD
LG