Раиси Кумитаи андози Тоҷикистон гуфт, "Фароз", ширкати мутааллиқ ба Шамсулло Соҳибов, домоди раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи апрели имсол фаъолияташро расман қатъ кардааст. Нусратулло Давлатзода 30-юми июл ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "ҳоло дар қайди мақомоти андоз чунин ширкат нест, ба ҷойи он ширкатҳои дигар амал мекунанд".
Хабарнигорон аз Давлатзода пурсиданд, ки оё "Фароз" номашро дигар кардааст, ё моликонаш ширкатҳои нав таъсис додаанд. Вай гуфт, "Фароз" номашро дигар накардааст", вале тафсилот ҳам надод, ки манзураш аз ширкатҳои дигари фаъол чӣ буд. "Баъдан ба Шумо маълумоти хаттӣ медиҳем," – афзуд ӯ.
Исматулло Зияев, ки худро намояндаи “саҳмдорони собиқи ҶСП "Фароз" муаррифӣ кардааст, дар номае рӯзи 10-уми апрел ба Радиои Озодӣ навишта буд, ки "ширкат аз 11-уми марти соли 2020 ҳамчун шахси ҳуқуқӣ барҳамхӯрда эътироф шудааст". Ҷустуҷӯи Радиои Озодӣ нишон дод, ки дастикам то моҳи май дар Феҳристи ягонаи шахсони ҳуқуқии Кумитаи андози Тоҷикистон Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи "Фароз" ҳанӯз ба ҳайси ширкати “амалкунанда” вуҷуд дошт.
Раиси Кумитаи андоз гуфт, "раванди барҳамдиҳӣ як муддати муайян давом мекунад. Ширкат моҳи апрел барҳам хӯрд. Се - чаҳор моҳ пеш муроҷиат карда буданд, ҳуҷҷатҳояшонро омода карда буданд."
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон моҳи марти имсол бо қабули як қарор ба ҷамъияти саҳомии "Фароз" дар қаламрави шаҳри Душанбе 4,96 гектар замин додааст. Дар қарор гуфта шудааст, ширкат бозори масолеҳи сохтмонӣ месозад.
Маълум нест, чаро ҳукумат ба ширкате, ки дар ростои барҳамхӯрӣ буд, наздик ба 5 гектар замин додааст. Хабарнигорон ҷавоби ин суолро низ аз Нусратулло Давлатзода пурсиданд, вале ӯ гуфт, "метавонед аз мақомоти дигари дахлдор пурсед, ё аз худи субъекти хоҷагидорӣ."
Дар ҳоле ки намояндаҳои “Фароз” аз барҳам хӯрдани ширкат хабар доданд ва онро рӯзи 30-юми июл раиси Кумитаи андози Тоҷикистон тасдиқ кард, зерширкатҳои “Фароз” ҳанӯз фаъоланд ва дар озмунҳои давлатӣ низ ширкат доранд. Аз ҷумла “Ганҷ-нашриёт” як ширкати табъу нашри марбут ба “Фароз” дар озмуни чопи китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ки қарор аст ба ҳар як хонводаи тоҷик тақдим шавад, ширкат меварзад.
“Фароз-айтӣ” – яке дигар зерширкатҳои “Фароз” ҳам фаъол аст. Аз иттилои Вазорати корҳои дохилӣ бармеояд, ки ҳудуди 75 дарсади пули хидматрасониҳои БДА ба суратҳисоби “Фароз – Айтӣ” меравад. Барои мисол, аз 180 сомонӣ пули аломати қайди давлатии воситаҳои нақлиёт 27 сомонӣ ҳаққи БДА, 153 сомонӣ ҳиссаи “Фароз Айтӣ” ва аз 230 сомонӣ нархи аломати қайди давлатии дипломатӣ- ҳамагӣ 34 сомонию 50 дирам ба суртаҳисоби БДА мегузарад.
"Фароз": Рӯйхати ширкатҳое, ки фаъоланд
"Фароз": Феҳрасти ширкатҳое, ки барҳам хӯрдааст
"Фароз" ширкати бисёрсоҳае аст, ки мувофиқи санадҳо ҳанӯз соли 2002 таъсис ёфтааст. Ширкат аз оғоз ба хариду фурӯши сӯзишворӣ машғул буд. "Фароз" дар тиҷоратҳое ба монанди ҷамъоварии шираи камол, саёҳати лижаронӣ ва варзишҳои зимистонӣ дар бозори Тоҷикистон яккатоз аст.
Ширкат ҳамчунон дар тавлиди дору аз заҳри мор, истеҳсоли равған, оҳану пӯлод, боркашонӣ, бонкдорӣ, суғуртаи мошинҳо, нашри китоб, чопи рақамҳои мошин, шаҳодатномаҳои ронандагӣ, мактабҳои ронандагӣ, ташхиси ҳолати техникии мошинҳо, насби таҷҳизоти газӣ дар мошин, хадамоти ҳаммому сауна (СПА Ҳаёт), ташхисгоҳҳои тиббӣ, фурӯшгоҳҳои хӯроку масолеҳи сохтмон дар бозор ҳузур дорад.
Ахиран "Фароз" ҳамчунон литсейеро дар Душанбе таъсис дод, ки бо усули таълими бритониёвӣ фаъолият мекунад ва қимати солонаи таҳсил дар он беш аз 3 ҳазор доллар аст.