Қурбоной Ҷӯрахонова, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи 15 апрел зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ иддао кард, ки духтараш аз зарбҳои бераҳмонаи шавҳараш, сокини деҳаи Обигандаи вилояти Бадахшон ба ҳалокат расидаас ва аммо наберагонаш, ки ба зулму ситами падар гирифтор ҳастанд, бояд ба Тоҷикистон баргардонида шаванд.
Ба нақли холаи Қурбоной, 15-уми марти соли ҷорӣ духтараш Сурайё Сафароваро бо захмҳои ҷиддӣ дар баданаш аз Афғонистон ба Тоҷикистон оварданд. Ӯ баъди чанд рӯз беҳушӣ аз дунё даргузашт. Аммо холаи Қурбоной мегӯяд, ҳоло дар тамосҳои телефонӣ набераҳояш, ки дуи онҳо шаҳрванди Тоҷикистон мебошанд ва бе модар мондаанд, зорӣ доранд, ки модарбузург онҳоро ба Тоҷикистон баргардонад. Холаи Қурбоной, дар бораи сарнавишти духтараш ва чигуна дар Афғонистон ба сар бурдани ӯ мегӯяд, духтараш "бо марди афғоне бо исми Расул валади Рашид аз деҳаи Обигандаи вилояти Бадахшон шиносоӣ пайдо кард ва ба шавҳар баромада. Аз ин издивоҷ ду кӯдак дар Тоҷикистон ва як кӯдаки дигар дар Афғонистон ба дунё омад. Ба иддаои холаи Қурбоной, Расул валади Рашид соле пеш бинобар беҳуҷҷат ворид шудан ба хоки Тоҷикистон як сол зиндонӣ шуда ва баъдан аз Тоҷикистон ихроҷ гардидааст.
Дар ниҳоят соле пеш ҳамсару фарзандонашро барои ду моҳ ба Афғонистон даъват кард, вале дигар ба онҳо иҷозаи бозгашт ба Тоҷикистонро надод: «Чанд бор духтарам мехост гурезад. Ҳамеша занг мезад ва шикоят мекард, аммо ҳар боре, ки ӯ мегурехт, ӯро дошта мезаданд. Кафҳои пояшро сӯзонида буданд, ки дигар роҳ гашта натавонад. Дар баданаш ягон ҷои солим набуд. Аз он тараф ба қаиқ равонаш карданд ва аз ин тараф мо гирифтем, ки дигар гап зада наметавонист ва фавтид. Ҳоло наберагонам зери зулм қарор доранд.»
Мо Расул валади Рашид, шавҳари Сураё Сафароваи фавтидаро, ки ҳоло боз ду ҳамсари дигар дар Афғонистон дорад, тариқи телефон дар ҳоле пайдо кардем, ки дар маъракаи бузкашӣ ширкат дошт. Расул валади Рашид гуфт, ҳамсараш на дар пайи лату куби ӯ, балки пас аз таваллуди охирин кӯдак ба бемории хунравӣ дучор шуд ва ӯ дар ҳамоҳангӣ бо консулгарии Тоҷикистон дар Бадахшон ӯро барои табобат ба Тоҷикистон фиристоданд. Дар мавриди баргардонидани кӯдаконаш ба Тоҷикистон, Расул валади Рашид мегӯяд, тибқи шариат кӯдак аз падар аст ва хешовандони модарӣ ҳаққи даъвоеро дар ин замина надоранд.
Аммо Расул валади Рашид гуфт, агар хешовандони ҳамсари тоҷикаш бо ӯ муносибати дуруст кунанд, эҳтимоли фарзанди бузургашро барои идомаи таҳсил ба Тоҷикистон мефиристад: «Мо ин ҷо тадовӣ кардем, ҷур нашуд. Ӯро ман умуман назадам. Кӯдаконам аз рӯзи фавти модарашон гиря доранд. Инро намояндаи консулгарии Тоҷикистон ҳам медонад. Мо ӯро ба хоҳиши худаш овардем, дигар чаро лату кубаш кунам? Мехоҳам, ки якеашро равон кунам, аммо ба ин рақам бихоҳанд, умуман ягон нафарашро равон намекунам. Дар шариати ислом кӯдак аз падар аст.»
Бо далели ширкат дар бузкашӣ ин мард ба суолҳои мо, ки чаро ҳамсарашро барои ду моҳ бурда буд, вале пас аз се сол танҳо ҷасади ӯро ба ватан баргардонид, посух надод. Дар ҳамин ҳол Қурбоной Ҷӯрахонова, модари Сураё Сафароваи фавтида мегӯяд, дар бадани духтараш осори лату куб маълум буд ва лату куб шудани духтарашро фарзандонаш ҳам тасдиқ мекунанд: «Ақалан ҳамин кӯдаконро биоранд. Ҳар рӯз гиря мекунанд, ки моро баргардонед. Писари калониаш телефон кард ва гуфтам модарат чаро ба ин ҳол афтод. Гуфт, ки пас аз кӯдак таваллуд кардан падарам бо шатта дар сараш зад. Ба ҷавобгарӣ кашидани шавҳараш шояд мушкил бошад, мо ҳоло фақат хоҳиш дорем, ки кӯдаконашро баргардонем ва худамон ин ҷо таълим диҳем.»
Ин ҳам дар ҳоле, ки писари бузурги Сураё Сафароваи ҷавонмарг то рафтан ба Афғонистон дар мактаби миёна ва ҳамзамон дар мактаби мусиқӣ дар Тоҷикистон таълим мегирифтааст, ки ҳоло ба гуфтаи модарбузургаш се сол боз комилан аз таҳсил дур мондааст. Фарзанди дувумӣ ин зан 3 сол дорад ва охирин фарзандаш тоза ду моҳа шудааст. Шоира Сафарова, хоҳари ин зан низ мегӯяд, хоҳарзодааш Машраб, ки 16 сол дорад, пинҳонӣ ба ӯ занг мезанад ва хоҳиш мекунад, то ӯро баргардонанд. Ба гуфтаи ӯ, кӯдаки хурдии хоҳарбузургаш ҳоло ду моҳ дорад ва онҳо намедонанд, ки пас аз фавти модараш ӯ чи гуна бузург мешавад:
«Дар он ҷо зиндагӣ мушкил аст ва моиндар онҳоро тарбияи дуруст намекунад. Мо мехоҳем, ки кӯдаконашро худамон тарбия кунем. Ҳар шаб дар хоб моро зора мекунад, ки кӯдаконамро аз азоб наҷот диҳед.» Аммо Расул валади Рашид мегӯяд, ду ҳамсари дигараш фарзандонашро нигоҳубин хоҳанд кард ва дар ин самт ҳеҷ мушкиле вуҷуд надорад.
Дар ҳамин ҳол талоши мо барои пайдо кардани намояндаи консулгарии Тоҷикистон дар Бадахшон, ки ба гуфтаи ин мард аз ҳама қазия огоҳ ҳаст, бе натиҷа анҷом ёфт. Аммо бори аввал нест, ки аз мавриди шавҳар кардани занони тоҷик бо шаҳрвандони Афғонистон сӯҳбат мешавад. Соли гузашта низ ду зан ҳамроҳ бо шаҳрвандони афғон тариқи ноҳияи Шӯрообод ба Афғонистгон рафта ва дар кишвари ҳамсоя ҳаққи паноҳангаӣ дарёфт карданд.