Барзу Абдураззоқов, ҳунарманди маъруфи тоҷик рӯзи 2 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки шоми 1 октябр аз Бишкек ба Душанбе баргашт ва феълан ҳамроҳи модараш ҳунарманди шинохтаи тоҷик Фотима Ғуломова мебошад. “Хеле хушҳол ҳастам таи чанд муддат модарамро надида будам ва медонед, ки дидори модар чӣ қадам қимат аст,” - мегӯяд Барзу.
Барзу афзуд, ҳанӯз фикри бозгашт надорад, чунки барои муддати тӯлонӣ баргаштааст. Барзу Абдураззоқов қаблан оовозаҳо дар бораи гӯё мушкил доштанаш бо маъмурияти театри Бишкекро рад карда гуфта буд, танҳо ба хотири ҳамчун фарзанд расидан ба нигоҳубини волидони солмандаш ба Душанбе бармегардад. Ӯ гуфта буд, дар ҳоле ки модари пираш ба нигоҳубин ниёз дораду падараш бистарист, наметавонад дар Қирғизистон ба кораш идома бидиҳад.
Модари Барзу - Фотима Ғуломова - коргардони маъруфи намоишномаҳои телевизионӣ ва падараш - Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов – ҳунарманди маъруфи театр ва синамои тоҷик мебошанд.
Коргардони маъруфи театри тоҷик Барзу Абдураззоқов, баъди бекории тӯлонӣ дар Тоҷикистон дар моҳи январи соли равон барои кор ва иқомати доимӣ ба шаҳри Бишкеки Қирғизистон рафт. Тавре аҳли хонаводаи коргардон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, мақомоти Қирғизистон Барзу Абдураззоқовро барои кори доимӣ ба ҳайси коргардон ба театри драмавии русии шаҳри Бишкек даъват карда, барояш манзил ҳам ҷудо кардаанд.
Наздикони коргардон он замон гуфта буданд, ки Барзу мехост дар театрҳои Тоҷикистон намоиш ба саҳна гузорад, аммо моҳҳои охир театрҳои Тоҷикистон шартномаҳоеро, ки бо ӯ мебастанд, зуд бекор мекарданд ва масъулон мегуфтанд, ки наметавонанд бо ӯ ҳамкорӣ кунанд. Худи коргардон чунин муносибатро ба мавқеи интиқодиаш нисбат ба вазъи сиёсиву иҷтимоии ҷомеа ва ошкоргӯиҳояш дар робита ба ҳаводиси рӯз рабт медод.
Барзу Абдураззоқов ахиран барои таҳияи ин намоишҳо, ки якеаш аз рӯи асари Чингиз Айтматов «Қиёмат» буд, сазовори ҷоизаи «Беҳтарин коргардони сол»-и Қирғизистон шуд.
Ҳамчунин намоиши дигари ӯ «Муҳоҷирон» бар пояи асари Словемер Мрожек низ «Намоиши беҳтарини сол» эълон шуда буд. Намоиши «Муҳоҷирон» дар Тоҷикистон ҳам рӯи саҳна омада буд, аммо барои намоиши он дар саҳнаи театр иҷозат надоданд ва он танҳо чанд дафъа дар толори Маркази фарҳангии «Бохтар» манзури тамошогарон шуда, баъдан намоишаш пурра манъ гардид.
Намоиши дигари ӯ бо номи "Девонагӣ.Соли 93"низ аз сӯи мақомоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон манъ шуда буд. Ин асар бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс "Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат" буд ва ҳарчанд аз ҳодисаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронса ҳикоят мекард, мақомоти тоҷик дар он қиёсҳое бо авоили солҳои 90-уми Тоҷикистонро диданд. Танҳо пас аз танқиди зиёда дар матбуот, ба Театри ба номи Маяковский иҷозат шуд, ин спектаклро намоиш диҳад, вале танҳо чанд маротибаи маъдуд.
Аммо масъулини вазорати фарҳанг ин иддаоро, ки театрҳои Тоҷикистон Барзу Абдураззоқовро ба кор намегиранд, рад мекунанд ва мегӯянд, ки онҳо борҳо ба коргардони шинохта кор пешниҳод кардаанд, аммо ӯ рад карда гуфтааст, ки фаъолияти озодонаро беҳтар медонад.