Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додхудо Саймиддинов -- донишманди маъруфи тоҷик даргузашт. ВИДЕО


Додхудо Саймиддинов, донишманди маъруфи тоҷик ва раиси пешини Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон, шаби 2-юми май аз дунё даргузашт. Ба гуфтаи наздиконаш, Додхудо Саймиддинов аз чанд сол ба ин тараф аз омоси мағзӣ ранҷ мебурд ва бинобар ҳамин, аз маъмуриятҳои расмӣ канор рафта ва бознишаста шуда буд.

Анаҳита Саймуддин, духтари ин донишманди марҳум рӯзи 2 май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки падараш чаҳор рӯзи ахир дар бемористони Қаряи боло бистарӣ буд ва як рӯз қабл табибон машварат доданд, ки ӯро ба манзилаш баранд. Ба гуфтаи Анатиҳа Саймуддин, аз ин қабл падарашро барои муолиҷа ба Русия ва Эрон низ бурда буданд. Ба гуфтаи пайвандони Додхудо Саймиддинов, ин донишманд ҳанӯз аз даврони вакилиаш дар Маҷлиси намояндагон ба ин беморӣ гирифтор шуда буд ва табибон танҳо ахиран мушаххас карданд, ки он омоси мағзи сар будааст.

Додхудо Саймиддинов -- донишманди маъруфи тоҷик даргузашт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:42 0:00

Маросими видоъ бо Додхудо Саймиддинов қабл аз зӯҳри имрӯз, сешанбеи 2 май дар назди манзилаш дар шаҳраки Академикҳо дар Душанбе сурат гирифт. Дар маросими видоъ бо ин донишманди тоҷик раиси Маҷлиси Миллӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев, сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷатуллоҳ Фиғонӣ, шоираи шинохтаи тоҷик Гулрухсори Сафӣ, президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ва аҳли адабу илми кишвар ширкат доштанд. Намози ҷанозаи ин донишманди тоҷик дар масҷиди Сариосиёи Душанбе хонда шуд ва пайкари ӯро дар оромгоҳи атрофи ин маҳал, ба хок супурданд.

Додхудо Саймиддинов муҳаққиқи забони форсии қабл аз исломӣ буд ва беш аз 100 тадқиқоти илмӣ дар ин замина таълиф кардааст.

Додхудо Саймиддинов яке аз сермаҳсултарин ва муваффақтарин олимони забоншинос дар Тоҷикистон буд. Додхудо Саймиддинов 24-уми июни соли 1949 ба дунё омада ва соли 1973 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (он замон Донишгоҳи давлатӣ) хатм карда ва ба Институти забон ва адабиёти Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон ба кор омад. Муддати ду сол (1974-1976) коромӯзи бахши ленинградии Институти забоншиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳудудан чор сол (солҳои 1976-1979) аспиранти ҳамин институт будааст. Баъди хатми аспирантура фаъолияти илмиашро дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ идома дод.

Ин донишманди тоҷик соли 1982 дар мавзӯи «Ташреҳи лингвистии сутуни форсии миёна» рисолаи номзадӣ ҳимоя кард ва соли 1999 дар мавзӯи «Вожашиносии забони форсии миёна» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Додхудо Саймиддинов дар масоили мухталифи забонҳои форсии миёна ва нав, ҳамчунин, забони тоҷикӣ пажӯҳишҳои арзишманд анҷом додааст.

«Вожаномаи феълҳои паҳлавӣ» (соли 1992), «Фарҳангномаҳои форсии миёна» (соли 1994), «Истилоҳоти идории замони Сосониён» (соли 1995), «Вожашиносии забони форсии миёна» (соли 2001), «Адабиёти паҳлавӣ» (соли 2003), «Форсии бостон» (соли 2008), «Пажуҳишҳои забоншиносӣ» (соли 2013) аз ҷумлаи осори гаронарзиши ӯ ба шумор мераванд. Вай муҳаққиқи забони форсии қабл аз исломӣ буда, беш аз 100 тадқиқоти илмӣ дар ин замина таълиф кардааст.

Додхудо Саймиддинов аз соли 1995 то 2000 муовини директори Институти забон ва адабиёти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва тӯли солҳои 2000-2005 директори ҳамин институт буд. Чор соли дигар (2005-2009) вакили Маҷлиси намояндагон буд ва тӯли ин муддат раҳбарии Кумита оид ба илм, маориф ва фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонони порлумони кишварро ба ӯҳда дошт. Соли 2009 раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Тоҷикистон таъин шуд ва моҳи декабри 2013 синнаш ба нафақа расид ва аз ин вазифа канор рафт.

Додхудо Саймиддинов дар соли 2011 ба узвияти Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳам пазируфта шуда буд. Ӯ пас аз академикҳо Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Абдуқодир Маниёзов, саввумин донишмади Тоҷикистон буд, ки узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ дар Эрон шуд.

XS
SM
MD
LG