Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯлобиевро дубора шинонданд. Ин бор бо гумони "ғорати телефон"


Бегмад Кӯлобиев
Бегмад Кӯлобиев

Боздошти дубораи сардухтури собиқи ноҳияи Шӯрообод ва он ҳам бо гумони «ғорати телефон»-ро наздикони ӯ «натиҷаи хусумати бархе кормандони додситонӣ» медонанд. Мақомот мегӯянд, дар ин парванда ягон ғараз нест.

Ин бор Бегмад Кӯлобиев, сардухтури собиқи ноҳияи Шӯрообод ба кашида гирифтани телефони мобилии ҳамкасбаш гумонбар дониста мешавад ва ҳамчунин айбҳое, ки қаблан аз ҷониби додгоҳ бекор шуда буданд, дубора мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Кӯлобиев аз ангуштшумор нафаронест, ки баъди боздошт, ифтитоҳи парвандаи ҷиноӣ ва маҳкум шуданаш ба 12 соли зиндон боз ҳам тавонист дар низоми додгоҳии Тоҷикистон то ба Додгоҳи олӣ биравад ва худро сафед кунад. Вале...

Бегмад Кӯлобиев дар ҳоле дубора боздошт шудааст, ки соле пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон ӯро бегуноҳ дониста, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда буд. Кӯлобиевро қаблан ба сӯъиистифода аз мансаб ва пешниҳоди пора ба додситони Шӯрообод айбдор мекарданд. Аммо зимни баррасии парвандаи пешинаи ӯ Ғиёсиддин Умаров, додситони Шӯрообод бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 3 ҳазор доллар ва Ғазалшоҳ Мазориев, муфаттиши додситонии минтақаи Кӯлоб бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 300 доллар аз ҷониби кормандони Оҷонсии зидди фасод боздошт шуданд.

Умаров баъдан ба 7 соли зиндон ва Мазориев ба 3 соли зиндон маҳкум шуданд. Ба гуфтаи наздикони Кӯлобиев, бисёриҳо боздошт ва маҳкумияти ин ду додситони баландмақоми маҳаллиро кори дасти Кӯлобиев мешуморанд.

Шафқати Бегмадзод, писари Бегмад Кӯлобиев рӯзи 6 май ба Радиои Озодӣ гуфт, пас аз он ки додгоҳ бегуноҳии падарашро исбот кард, вай барои ситонидани ҷуброни маънавӣ ба додгоҳ муроҷиат намуд.
Ғиёсиддин Умаров
Ғиёсиддин Умаров
​Ӯ мегӯяд, борҳо кормандони додситонӣ аз падараш хоҳиш карданд, ки ин даъворо бозпас гирад: «Гуфтанд, ки шумо талаби товон доред, прокурорҳоро кашокаш меандозанд. Судяи парванда ҳам гуфта буд, ки даъвоятонро пас гиред, ки оқибати хуб надорад. Ин ҷо дар аввал хусумати раиси ноҳия ба падари ман буд, баъдан вақте 2 прокурорро боздошт карданд, инҳо ҳам хусумат пайдо карданд. Далел дорам, ки аз падарам қасос мегиранд, аммо ҳар ҷое муроҷиат мекунам, боз кор ба прокуратура меафтад, ки ягон фоидаашро намебинам.»

Аммо Хусрав Ғӯраев, додситони шаҳри Сарбанд ва раҳбари гурӯҳи тафтишотии парвандаи Кӯлобиев мегӯяд, дар тафтиши ин парванда ҳам ҳеҷ ғаразе вуҷуд надорад. Ҷаноби Ғӯраев гуфт, наметавонад, то анҷоми тафтиши парванда дар ин бора тавзеҳи бештар диҳад, аммо бо тамоми масъулият метавонад бигӯяд, ки ин ҷо ғаразе нест: «Ҳамаи кор дар доираи қонун анҷом мешавад. Ғарази шахсӣ фақат гапи беасос аст. Ин парвандаро кормандони Оҷонсии зидди коррупсия низ санҷидаанд.»

Ҷумъа Амиров, пизишки беморхонаи марказии ноҳияи Шӯрообод, ки яке аз даъвогарони асосӣ дар парвандаи ҷиноятӣ алайҳӣ Кӯлобиев аст, мегӯяд, воқеан, нафари гумонбар дар ҷиноят бо роҳи таҳдиду ғорат телефони мобили ӯро гирифтааст. Ин кор, ба гуфтаи ӯ, дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Амировро ба ҷои Кӯлобиев сардухтур таъин мекунанд. Ҷумъа Амиров мегӯяд: «Омада, бо ман ҷанҷол кард ва дар ҳузури чанд нафар маро таҳқир кард. Ин ҳолатро тариқи телефонам сабт кардам, вале ӯ телефонро аз ман кашида гирифт ва баромада рафт. Баъди ин ба зиддаш шикоят кардам.»

Низомиддин Ёқубов, яке аз вакилони дифоъи Бегмад Кӯлобиев мегӯяд, зерҳимояаш дар вайрон кардани бандҳои 345 ва 316-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон -- ғоратгарӣ ва сӯъиистифода аз мансаб - гумонбар дониста мешавад. Аммо ба гуфтаи ӯ, дар кирдорҳои зерҳимояаш вайронкунии ин моддаҳо комилан дида намешавад: «Ягон далели кофӣ вуҷуд надорад. Моддаи 345 ӯро ба ғайриқонунӣ зерҳақдор кардани зердастонаш гумонбар медонад. Ин асос надорад, зеро кормандон танҳо ҳаққи меҳнат гирифтаанд ва инҷо исрофкориву азхудкунии маблағҳо дида намешавад. Ғорати телефонии мобилӣ ҳам асос надорад. Дар назди мо нафари шикояткунанда исбот карда натавонист, ки зерҳимояи мо телефони ӯро ғорат кардааст.»
Амирхон Икромов
Амирхон Икромов
Парвандаи Бегмад Кӯлобиевро ҳоло додситонии вилояти Хатлон тафтиш мекунад. Кӯлобиев беш аз 20 сол дар ноҳияи Шӯрообод ба ҳайси ҷарроҳ фаъолият кардааст. Аксари сокинон аз ӯ ҳамчун ҷарроҳи беҳтарин ва дасташ сабук ном мебаранд. Дар давоми кораш, ба гуфтаи наздикони Кӯлобиев, ягон бемор аз ӯ шикоят накардааст.

Худи Кӯлобиев дар як сӯҳбати қабл аз боздошташ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки ӯро пас аз як баҳс Амирхон Икромов, раиси кунунии ноҳияи Шӯрообод «чап гирифт» ва ба боз шудани парвандаҳои ғаразомез алайҳи ӯ мусоидат кард. Иддаое, ки раиси Шӯрообод дар чанд нишасти матбуотиаш башиддат рад кардааст.
XS
SM
MD
LG