Мақомоти гумруки Тоҷикистон мегӯянд, аз талоши ба ин кишвар ворид кардани се китоби “сеҳру ҷоду” ҷилавгирӣ кардаанд.
Бино ба гузориши маркази матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон аз 15 октябр, маъмурони ин ниҳод дар гузаргоҳи Панҷи поён дар марз бо Афғонистон ҳангоми тафтиши бағочи Бибишарифа Қаршибекова, як сокини ноҳияи Панҷ се китоби машкуки “динӣ”-ро пайдо кардаанд.
Ташхиси давлатии диншиносӣ баъдан нишон додааст, ки ду китоби ёфтшуда “Кулиёти Канз-ул-Ҳусайн” ва якеи дигар “Нақши Сулаймон” буда, китобҳои асосии ба истилоҳ “ муллоҳои ҷодугар” ба шумор мераванд.
Дафтари матбуоти Хадамоти гумрук мегӯяд, Ворид кардани чунин китобҳо мухолифи қоунни Тоҷикистон “дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияи динӣ” мебошад ва дар қиболи мавриди қасди ворид кардани ин се китоб ба қаламрави Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ кушода шудааст.
Тибқи қонуни дин ва ҳам қонуни табъу нашри Тоҷикистон ворид кардани китобҳои мазҳабие, ки аз тахшиси диншиносии Кумитаи оид ба корҳои дин, танзим, анъна ва ҷашну маросимҳои миллии вобастаба ҳукумати Тоҷикистон манъ мебошад.
Кашф ва мусодираи се китоби “сеҳру ҷоду” дар марзи Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки тайи камокон як соли охир дар ин кишвар як маъракаи зидди бадахлоқиҳои қишри рӯҳонӣ идома дошта, дар ин муддат чандин нафар аз рӯҳониён бо иттиҳоми даст задан ба “сеҳру ҷоду” ва ҳатто таҷовуз ба номуси занони корафтода ба масъулият кашонда шуданд.
Ба гуфтаи мақомот, рӯҳониён бо истифода аз “содагӣ” ва “зудбоварӣ”-и занони бесавод ба онҳо дар ивази маблағ ва дар чанд маврид, тавре аз видеоҳои нашркардаи мақомот бармеояд, ҳатто дар ивази алоқаи ҷинсӣ, барои мисол, “гарм” ё “хунук” кардани шавҳар ё марди дӯстдоштааш, зудтар бордор шудан бо истифода аз “дуо”-ҳои “сеҳрнок”, фол мекушоянд ва “хидмат”-ҳои дигари амсоли инро пешниҳод мекунанд.
Рӯҳониёни маъруфи тоҷик тмегӯянд, сеҳру ҷоду дар ислом қатъиян ҳаром ҳукм шудааст ва ҳаркӣ ба чунин коре даст мезанад, ҳам ин дунё ва ҳам қиёматашро месӯзонад. Онҳо ҳамин тавр, пулеро, ки аз тариқи ба мардум фурӯхтани “сеҳру ҷоду” ба даст меояд, ҳаром мехонанд.
Аммо бо ин вуҷуд, бозори “муллоҳои ҷодугар” дар Тоҷикистон ҳамчунон гарм боқӣ мемонад. Соҳибназарон мегӯянд, бесаводӣ ва ноогоҳӣ аз донишҳои воқеии исломӣ ва ҳамин тавр, ҳолати яъсу ноумедие, ки мушкилоти фаровони рӯзгор сокинони зиёди Тоҷикистонро дар вартаи он афкандааст, бисёре аз мардуми зудбоварро ба домани чунин “ҷодугар”-ҳо, ки ба қавле, “ресепт”-и ҳама дарду ҳама мушкилиро доранд, тела медиҳад.
Хабарнигори тоҷик Сайёфи Мизроб дар яке матлабаш дар ҳафтаномаи “СССР” дар ҳамин мавзӯъ навишта буд, ки агар “сеҳру ҷоду”-и ин “муллоҳо” ин қадар коргар бошад, пас вазорати умури дохила бо ин қадар кормандаш чӣ лозим? “Биёед, як “муллои хичакбанд”-ро ба ҷои Рамазон Раҳимзода вазир бимонем ва ӯ тамоми дузду ғоратгаронро “хичакбанд” карда гардад,”- навишта буд Сайёфи Мизроб. Дар поварақи баҳси ин матлаб яке навишт, ки ҳамин тавр, як “муллои табиб”-ро бигузоред, ки ранҷу бемории ҳамаро “табобат” карда гардад ва ҳама бемористонҳоро дар кишвар ҳамроҳ бо вазорати тандурустиаш бандед...