Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъоли қазоқ барои сароидани репи "Эй, русҳо" 10 рӯз ҳабс шуд


Мариа Кочнева.
Мариа Кочнева.

Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон фаъоли маданӣ Мария Кочневаро барои иҷрои суруди "Йоу, орыстар" (эй, русҳо) дар як ҷашнвораи мусиқӣ 10 рӯз ҳабс кардааст.

Кочнева дар суҳбат бо бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва зидди он шикоят мебарад.

"Ин як худнишондиҳӣ буд, ки русҳо донанд, дар мо қонунҳо иҷро мешаванд. Агар ҷазо медиҳанд, бигузор ҳамаи иҷрогарони сурудро ҷазо диҳанд", - изҳор дошт ӯ.

Пулиси Алмато ҳафтаи гузашта гуфт, зидди фаъоли маданӣ барои нашри видеое, ки ӯ дар он реперо месарояд, бо гумони "Майдаавбошӣ" тафтишот оғоз шудааст.

Дар матни реп дашном ва суханҳои қабеҳ вуҷуд дорад. Кочнева гуфт, баъди иҷрои ин реп ӯро таҳдид ба қатл кардаанд.

XS
SM
MD
LG