Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВИДЕО ва 8 АКС аз маросими дафни Сӯҳроб Шарифов


Видоъ бо Сӯҳроб Шарифов. Акс аз хабарнигори тоҷик - Завқибек Саидаминӣ
Видоъ бо Сӯҳроб Шарифов. Акс аз хабарнигори тоҷик - Завқибек Саидаминӣ

Маросими видоъ бо вакили порлумон Сӯҳроб Шарифов рӯзи 20 январ дар масҷиди маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе баргузор ва ҷасади ӯ дар оромгоҳе дар наздикиҳои пойтахт ба хок супурда шуд.

Шукурҷон Зуҳуров , раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, даргузашти Сӯҳроб Шарифов -- вакили парлумон ва раҳбари пешини Маркази таҳқиқоти стратегиро талафоти бузург унвон кард. Оқои Зуҳуров рӯзи 20 январ, ки дар масҷиди 65-уми шаҳри Душанбе, дар маросими видоъ, бо Сӯҳроб Шарифов суханронӣ мекард, аз номи раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ даргузашти ӯро ба хонаводааш таслият гуфт.

Раиси Маҷлиси намояндагон дар суханронияш гуфт, “имрӯз Тоҷикистон бо фарзанди нерӯмандаш видоъ мекунад, ки сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист.” Вай илова кард, оқои Шарифов дар тӯли кори беш аз сесолааш дар парлумон фаъол буд ва миёни ҳамкорон аз обрӯю эътибори хос бархӯрдор буд.

Барои видоъ бо Сӯҳроб Шарифов афроди шинохтаи Тоҷикистон ҷамъ омада ва намози ҷанозаи ӯро Сайидмукаррам Абдулқодирзода - раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон имоматӣ кард. Ҷасади Шарифов дар оромгоҳе дар наздикиҳои Душанбе ба хок супурда шуд.

Маросими дафни Сӯҳроб Шарифов
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:30 0:00

Сӯҳроб Шарифов, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи 19-уми январ дар синни 52-солагӣ дар бахши амрози қалби бемористони Қарияи Болои Душанбе даргузашт.

Номзади илми фалсафа ва доктори илмҳои сиёсӣ, Сӯҳроб Шарифов аз соли 2011 инҷониб вакили Маҷлиси намояндагон, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот буд. Дар интихоботи ояндаи порлумонӣ Шарифов боз ҳам аз ҳавзаи интихоботии шумораи 3-и Шоҳмансур номзад пешбарӣ шуда буд.

​Яке аз беҳтарин таҳлилгарони умури сиёсӣ, муаллифи ду китоби сиёсатшиносӣ ва даҳҳо мақолаи илмӣ роҷеъ ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ, Сӯҳроб Шарифов қаблан дар вазифаҳои ассистенти кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, аспиранти факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, корманди илмии факултаи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, мудири шӯъбаи сиёсати дохилии Маркази таҳқиқоти стратегии вобаста ба раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, муовини мудири шӯъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи президент, ёрдамчии раисиҷумҳур ва мудири Маркази таҳқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ кор кардааст.

Муаллифи ду китоб оид ба рушди равандҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон ва зиёда аз 300 мақолаи илмӣ, дорандаи медали ҷашнии «20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аст.

XS
SM
MD
LG