Ғолибҷон Шарипов, сардори маркази экспертизаи додгоҳии минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ки аз таркиби хуни Манзурат Норбоева, ҳангоми ташхиси кимиёвӣ як намуди маводи нашъадор ва бозмондаҳои нӯшокиҳои спиртӣ пайдо шудааст. «Мувофиқи ташхисҳои кимиёвӣ аз хуни ларбастаи ҷасади Манзурат Норбоева, маводи нашъадори амфитамин ёфт шуд, ва боз ба миқдори 0,2 прамин маводи спиртӣ низ ёфт гардид. Ин як намуди навъи нашадор буда, ба тариқи таблетка фурӯхта мешавад,» - афзуд ӯ.
Ҷасади Манзурат Норбоеваи 22-соларо баъди ду моҳи ғайб заданаш ҳафтае пеш аз соҳили дарёи Панҷ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб ёфтанд.
Бахтиёр Аминҷонов, сардори шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ҳамадонӣ дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки ҷасади Манзурат Норбоеваи 22-соларо сокинони маҳаллии ноҳия дар соҳили дарёи Панҷ дар наздикии ҷамоати деҳоти Чубек дарёфт карданд. Ба гуфти Аминов, баъди ташхиси тиббӣ дар бадани Манзурат ҳеҷ гуна осеби ҷисмонӣ ва нишонаҳои латту куб ва азобу шиканҷа дарёфт карда нашудааст ва шояд ин духтар даст ба худкӯшӣ задааст. «Дар вақти ёфтани ҷасади номаълум, аз тарфи экспертизаи вилояти Хатлон ва эксперти ҳарбии дар шаҳри Кӯлоб буда, ягон аломати зӯроварӣ дар бадани ӯ мушоҳида нашуд. Духтарак аз шаҳри Панҷакент ба шаҳри Душанбе омад, сипас дар ШКД-и Сино 1 ҳамчун шахси бе ному нишон гашта аз моҳи декабри соли 2013 ба қайд гирифта мешавад,» - гуфт раҳбари пулиси Ҳамадонӣ ба хабарнигорон.
Манзурат Норбоева соли 1992 дар ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таввалуд шуда, ба ҳайси ҳамшираи шафқат дар беморхонаи марказии ин ноҳия кор карда, то ҳол оиладор набудааст. Ҳамин тавр, ҷасади ӯро волидайнаш аз ноҳияи Ҳамадонӣ рӯзи шанбе, ки таърихи 25.01.2013 рост омада буд, гирифта ба зодгоҳаш бурда ва дубора ҷаноза карда ба хок супориданд.
Аммо ба гуфти Аминҷонов, таҳқиқи телефони мобилиаш собит кардааст, ки муддати ду моҳи ахир бо ягон нафар муошират накардааст. Дар ҳамин, ҳол ба пайвандонаш охирон маротиба дар ду моҳи пеш, ба модараш тариқи СМС паём фиристода гуфтааст, ки даст ба худкушӣ мезанад. Аз ин рӯ, агар фарзияи худкушӣ воқеъият дошта бошад, то кунун сабаби даст ба чунин амале задани ин духтари ҷавон маълум нест.
Сокинони ҷамоати Чубек низ мегӯянд, ин духтарро дар гирду атрофи деҳот ягон бор надида буданд, балки ҳайронанд, ки чигуна ҷасади ӯ аз соҳили рӯд дар ин деҳа пайдо гардид. Дар ҳар сурат, чӣ гуна пайдо гаштани ҷасади як сокини ноҳияи Панҷакент дар ноҳияи Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб то ҳанӯз муаммои накушода боқӣ мемонад.