Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макнуна Ниёзова: Либосҳои Нигинаро ман медӯзам


Макнуна Ниёзова
Макнуна Ниёзова

Тарроҳи ҷавони тоҷик Макнуна Ниёзова барои намоиши либосҳояш дар як ҷашнвораи ҷаҳонӣ Кореяи Ҷанубӣ омодагӣ мегирад.

Як намоиши коллексияи либосҳои миллӣ дар озмуни “Face of Central Asia” (Чеҳраи Осиёи Марказӣ) дар Қазоқистон, роҳи Макнуна Ниёзова, тарроҳи ҷавони тоҷикро ба ҷашнвораи ҷаҳонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ боз кард.

Ӯ ин шабу рӯз пайи таҳияи коллексияе мебошад, ки дар ин озмун ба намоиш мегузорад. Худи Макнуна дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, роҳхат ба чунин як намоиши бонуфузи ҷаҳонӣ, масъулияташро бештар кардаст.

Макнуна Ниёзова: “Ин озмун зери номи «Беҳтарин модел, зебосанам ва тарроҳ» моҳи майи соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Корея баргузор мешавад. Ҳадафи аслии ширкати ман дар ин ҷашнвора муаррифии либосу фарҳанги тоҷикистониён аст. Ин, албатта, масъулият аст. Чун дар ин озмун натанҳо мардуми Корея, балки намояндаҳои чандин кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд ва бояд ман каме ҳам бошад, онҳоро бо фарҳанги тоҷикон ошно кунам. Ҳамроҳ бо ман ду модели тоҷик Фотима ва Азиз Мирзоев ҳам ба ин ҷашнвора мераванд ва дар бахшҳои дигар либосҳои таҳияи кардаи маро намоиш медиҳанд. Коллексияи либосҳое, ки ман намоиш медиҳам, дар онҳо нақшу нигори миллӣ дида мешавад ва ман алакай корро шуруъ кардам, ин ҳама талоши ман барои муваффақ шудан барои муаррифии Тоҷикистон, бозгашт бо сари баланд ва сохтани карйера аст. Ман хушҳолам, ки барои сафар ва иштирокам ба ин ҷашнвора маро Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дастгирӣ мекунад.”

Радиои Озодӣ: Шуморо дар Тоҷикистон ҳамчун як тарроҳ ва мубаллиғи либосҳои миллӣ мешиностанд. Бигӯед, чӣ хел шуд, ки кор дар соҳаи мӯд ва тарроҳии либосро барои худ интихоб кардед?

Макнуна Ниёзова: “Асосан ин касбро барои ман раҳматии падарам тавсия дода буданд, ҳарчанд ман мехостам, ҳунарманди театру синамо бошам. Аммо акнун эҳсос мекунам, ман беҳтарин касбро пеша кардам. Ҳоло барои донишҷуён, онҳое ки дар оянда тарроҳ шудан мехоҳанду дар донишгоҳи технологӣ таҳсил мекунанд, дарс мегӯям ва нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзонам. Як нуктаро бояд таъкид кунам, ки ман омӯзгорам ва мисли тарроҳони дигар фармоиш намегирам. Тиҷорат намекунам ва даромади иловагӣ ҳам надорам”

Радиои Озодӣ: Аксаран тарроҳон барои ҳунармандони маъруф либос таҳия мекунанд. Кори шуморо кадом овозхон бештар муаррифӣ мекунад?

Нигина Амонқулова
Нигина Амонқулова

Макнуна Ниёзова: “Ман аз соли 2011 либосҳои овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқуловаро таҳия мекунам. Аслан худи Нигина ҳам ба ман идеяи таҳияи ин ё он либоси табъи дилашро мегӯяд, баъдан ман онро омода мекунам”.

Радиои Озодӣ: Касе аз хонаводаи шумо ҳам тарроҳ аст?

Макнуна Ниёзова: “Не, раҳматии падарам ва амаву амакҳоям ҳамагӣ омӯзгор буданд. Мо дар хона ҳафт духтар будем ва апаву хоҳарони ман ҳамаашон маълумоти олӣ доранд, аммо касе миёни онҳо тарроҳ ё модел нест.”

Радиои Озодӣ: Аз ҳусни шумо ва ҳунарҳоятон акнун маҷаллаи итолиёӣ ҳам менависад. Чӣ тавр шуд, дар бораи шахсияти шумо дар ин маҷалла хабар ёфтанд?

Макнуна Ниёзова: “Таваҷҷуҳи маҷаллаи итолиёии Donna ба ман ва кори тарроҳиям баъд аз нашри як матлаби торнамои "Global Voices" дар бораи шаш бонуи фаъоли тоҷик дар Фейбсук, ки ман низ миёни онҳо будам, зиёд шуд. Валентина Равизза, муаллифи ин матлаб бо ман телефонӣ суҳбат карда ва хост, ки аксу маълумоти бештар дар бораи худамро ба онҳо фиристам. Аз ин кори онҳо хуш шудам. Онҳо маро ба Ким Кардашян ташбеҳ додаанд, вале ман зиёд мехостам як зани тоҷик муаррифӣ шавам.”

Радиои Озодӣ: Дар як моҳи ахир номи шумо ва ҳунаратон дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шунида мешавад. Ва хонандаҳо ҳам донистан мехоҳанд, ки Макнуна оиладор аст ё не?

Макнуна Ниёзова: “Не, ман ҳоло оиладор нестам”. (механдад)

Радиои Озодӣ: Гоҳо дар ҷомеаи Тоҷикистон баҳсҳо дар мавриди либосҳои худиву бегона ё милливу динӣ бармехезад. Воқеан ҳам ба фикри шумо, либос метавонад худиву ғайр бошад?

Макнуна Ниёзова: “Дуруст мегӯед, вале пӯшиши либосҳои бегона ин муваққатӣ аст ва бубинед, ки либоси миллии мо тоҷикҳо чандин аср аст, ки иваз намешавад. Либосҳое, ки баъзеҳо ба бар мекунанд, мисли як муд аст ва ин маълум аст, ки бархеҳо аз рӯи ҳавас мепӯшанд.”

XS
SM
MD
LG