Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри акси як бонуи тоҷик дар маҷаллаи итолиёии "Donna"


Маҷаллаи итолиёии "Donna" дар шумораи тозааш, ки 26 марти соли ҷорӣ рӯи чоп омадааст, акси тарроҳи тоҷик Макнуна Ниёзоваро чоп карда ва ӯро "Ким Кардашяни тоҷик" номидааст.

Маҷаллаи махсуси занон дар Итолиё бо номи "Donna" дар шумораи рӯзи 26 марташ барои нахустин бор акси як бонуи тоҷикро нашр кардааст.

Нусхаи ин маҷалла рӯзи 31 март дастраси Озодӣ шуд ва дар саҳифаҳои он Макнуна Ниёзова, тарроҳи ҷавон, тасвир ёфтааст. Ниёзова 25 сол дорад ва дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба ҳайси мудири Маркази таълимӣ-тренингӣ кор мекунад.

Валентина Равизза, муаллифи ин матлаб, аз Макнуна Ниёзова "Ким Кардашяни тоҷик" ном бурда ва гуфтааст, ки ӯ ба зудӣ дар озмуни мӯди Куриёи Ҷанубӣ иштирок хоҳад кард. Макнуна дар моҳи сентябри соли гузашта ва баъд аз пирӯзӣ дар озмуни "Face of Central Asia" ("Чеҳраи Осиёи Марказӣ") дар Қазоқистон барои иштирок дар ҷашнвораи мӯди Куриёи Ҷанубӣ роҳхат гирифта буд.

Худи Макнуна Ниёзова 31 март дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, таваҷҷуҳи маҷаллаи итолиёии Donna ба ӯ ва кори тарроҳияш баъд аз нашри як матлаби торнамои "Global Voices" дар бораи шаш бонуи фаъоли тоҷик дар Фейбсук, ки Макнуна низ миёни онҳо буд, зиёд шудааст. "Онҳо ба ман телефонӣ суҳбат карда ва хоста буданд, ки аксу маълумоти бештар дар бораи худамро ба онҳо фиристам. Аз ин кори онҳо хуш шудам, чун чандин бор аз баъзе маҷаллаҳои дохилии Тоҷикистон ин корро хоста будем, вале ба мушкил рӯбарӯ шуда будем," – афзуд ӯ.

Дар раддабандии "Global Voices", ки зоҳиран барои муаррифии Макнуна Ниёзова ва корҳояш дар Аврупо кумак кардааст, Манзура Маҳкамова, Шаҳноз Комилзода, Парӣ ё Парвина Саидова, Файзиниссо Воҳидова ва Манижа Ҳаитова низ ҷой гирифта буданд. Ин матлаб дар остонаи ҷашни Модар дар Тоҷикистон чоп шуда, баъдан дар даҳҳо расонаи дохилу хориҷ бознашр гардид.

​Бо вуҷуди ин, тарҳи мазкур аз сӯи бархе корбарони шабакаи иҷтимоии Фейсбук хуш пазируфта нашуд, зеро онҳо мегуфтанд, мебоист дар ин раддабанди дигар занҳои тоҷик, ки қаҳрамониҳои зиёд кардаанд интихоб мешуданд.

Макнуна ҳоло барои иштирок дар ҷашнвораи мӯди Осиё дар Куриёи Ҷанубӣ омода мегирад. Ин ҷашнвора моҳи майи соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд ва ӯ гуфт, ки дар сурати пайдо кардани сарпараст иштирокаш таъмин мегардад. Ӯ мегӯяд, ба ҳайси як омӯзгор дар Донишгоҳи технологӣ кор мекунад барои иштирок дар чунин ҷашнвораҳо, ки харҷи зиёд доранд, асосан ба ёрии сарпарастон умед мебандад.

Ин тарроҳи ҷавони тоҷик барои аввалин бор дар саҳнаҳои мӯди берун аз Тоҷикистон соли 2010 қадам гузоштааст. Вай мегӯяд, яке аз тарафдорони таблиғи либоси миллии тоҷикон аст ва набояд, ки ин фарҳанг аз байн биравад.

XS
SM
MD
LG