Ба назари ӯ, аз сабқат берун рафтани ҳатто Эмомалӣ Раҳмон ба раванди интихобот таъсире намерасонад. Исмоил Талбаков дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳанӯз як сол қабл Зайд Саидов ӯро барои ҳамроҳ шудан ба Иттиҳоди ислоҳотхоҳон ташвиқ карда буд, аммо ӯ рад кард.
Озодӣ: Пешбарии номзади шумо ба мансаби президентӣ тасмими худи шумо буд ё анҷумани ҳизби коммунист чунин қарор қабул кард?
Исмоил Талбаков: Тасмими пешбарии ман дар анҷумани ҳизб баррасӣ гардид, якдилона қабул шуд ва ман хоҳиши вакилонро рад карда натавонистам.
Озодӣ: Агар чунин тасмимҳо ҷиддӣ бошанд, оё мешавад онро танҳо дар як ҷаласа баррасӣ кард, ё аз қабл ҳам омодагиҳо доштед?
Исмоил Талбаков: Баъди соҳиби истиқлол шудани Тоҷикистон ҲКТ нахустин ҳизб буд, ки соли 1991 таҳти рақами як ба қайд гирифта шуд. Ва аз ҳамон давра дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок мекунад. Ман худам соли 2006 дар интихоботи президентӣ ширкат доштам ва хуб медонам, ки ин чӣ маърака аст, чӣ ҳадаф дорад? Ба интихоботи имсола мо ҳафт сол боз омодагӣ доштем.
Озодӣ: Мегӯянд, ба Шумо “аз боло” гуфтаанд, ки номзадиатонро гузоред. Ин дуруст аст?
Исмоил Талбаков: Ҳозир замоне шудааст, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, мегӯяд. Мо ҳизбе нестем, ки ба ҳукумат шомил бошад. Мо барои ширкат дар интихобот аз ягон дастур нагирифтаем ва гирифтанӣ ҳам нестем.
Озодӣ: Бо вуҷуди гузаштани беш аз бист сол аз фурӯпошии давлати Шӯравӣ мардум то ҳанӯз ёди он даврон мекунанд. Чаро ҲКТ аз ин хости дили мардум истифода намекунад, фаъолтар намешавад, мардумро ба тарафи худ ҷалб намекунад?
Исмоил Талбаков: Бале, ҷомеаи имрӯза ниёз ба сотсиализм дорад, зеро сотсиализм ҷомеаест, ки масоили иҷтимоиро дар ҷои аввал мегузорад. Аммо дар ҷомеае, ки сармоя боло аст, 5-10 дарсади мардум тамоми дороиҳоро мегиранд ва боқимондаро истисмор мекунанд. Имрӯз мардум ниёз ба ҷои кор дорад, мехоҳад ҳуқуқҳои ӯ ба таълим ва табобати бепул қонеъ карда шавад. Инро танҳо сотсиализм карда метавонад. Аз ҷониби дигар ҳанӯз аз аввали солҳои навадум қувваҳои зиддикоммунистӣ ин қадар зиёд буданд, ки ҳатто баъзе диндорон мегуфтанд, коммунистҳоро ҷаноза кардан мумкин нест. Ҳоло ҳам оташи баъзе аз онҳо паст нашудааст, бинобар он барои мо ҳам душвор аст.
Озодӣ: Ҳизби шумо дар пайи дубора сохтани Шӯравӣ аст?
Исмоил Талбаков: Имрӯз муборизаи мо аз соли 1917 фарқ дорад. Мехоҳем дар ҷомеа шаклҳои гуногуни моликият бошад. Мо аз таҷрибаи Чин, Беларус, Куба ва кишварҳои Скандинавия истифода мебарем.
Озодӣ: Аслан, барномаи шумо то кадом андоза ба барномаи ҳизби коммунисти шӯравӣ шабоҳат дорад ва то чӣ андоза ба замони нав мутобиқ аст?
Исмоил Талбаков: Яке аз сабабҳои суқути Иттиҳоди Шӯравӣ марказгаро будани иқтисодиёт буд. Дар Чин ниёзи мардумро ба ҳисоб гирифта, шаклҳои гуногуни моликиятро эътироф намуданд ва бурд карданд. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ иқтисодро ба сиёсат табдил доданд. Мо инро ба назар гирифтем. Тафовути дигар он аст, ки мо хоҳишмандонро сарфи назар аз дину мазҳабашон ҳам ба сафи ҳизб қабул мекунем. Ин чиз дар давраи шӯравӣ набуд. Барои ҳамин моро атеист мегуфтанд. Камбудии дигари ҳизб дар он замон он буд, ки роҳбарони ҳизб бисёр тӯлонӣ дар сари қудрат буданд. Масалан, ҷояш ҷаннат шавад, Брежнев. Худаш чанд бор хоҳиши рафтан карда буд, аммо нагузоштанд.
Озодӣ: Аммо ин анъана имрӯз низ идома дорад. Раҳбарони баъзе кишварҳо беш аз 20 сол дар сари қудратанд. Назари Шумо ба ин масъала чӣ гуна аст?
Исмоил Талбаков: Дурудароз раҳбарӣ кардани як нафар ба пешрафти ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад. Ин камбудии ҳизби коммунист дар давраи раҳбарии раҳматии Брежнев буд. Чаро дар Чин ду давра раҳбарӣ мекунанд? Чаро дар Эроне, ки дар муҳосираи иқтисодист, чунин нест? Аммо дар бисёр ҳолат ин аз худи шахс вобастагӣ надорад, аз ҳизби ҳоким вобаста аст. Бояд дар назди ин ҳизб институтҳои махсус фаъолият дошта бошанд ва натиҷагирӣ кунанд, ки чунин ҳамин амалҳо ба куҷо оварда мерасонад.
Озодӣ: Агар Шумо дар интихобот пирӯз шавед, киҳоро ба ҳукумати худ даъват мекунед?
Исмоил Талбаков: Барои ман дар таъсис додани ҳукумат ягон мушкилӣ нест. Тӯли чанд соле, ки дар парлумон ҳастам, ҳамаи раҳбаронро мешиносам, кордониву садоқатмандиашонро медонам. Ман раҳбаронро аз ҳизби коммунист таъйин карданӣ нестам, кадрҳои болаёқатро сарфи назар аз узви кадом ҳизб буданашон ба кор даъват мекунам. Аммо якум, ваколатҳои раисиҷумҳур, раиси ҳукумат ва парлумонро ҷудо ва мушаххас мекунам.
Озодӣ: Бархе мегӯянд, бо хориҷ шудани Бобоназарова дигар интихобот ягон маънӣ надорад, чун рақобат аслан бояд миёни ӯву Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирифт. Ба Шумо чунин гуфтугӯҳо сахт намерасад?
Исмоил Талбаков: Аз сабқат рафтани Бобоназарова, Талбаков, худи Эмомалӣ Раҳмон ба раванди интихобот ягон таъсири манфӣ намерасонад. Зеро имрӯз тафаккури мардум комилан тағйир ёфтааст. Аммо ҳастанд нафароне, ки мехоҳанд ҳавои сиёсиро ғуборолуд кунанд. Ман аслан ба хонум Бобоназарова ҳамчун як зан ва ҳуқуқшинос эҳтиром дорам. Аммо ӯро ҳамчун номзади ҳизби наҳзати исломӣ намедонам. Ҳизби наҳзати ислом дар барномааш такя ба қонунҳои шариат мекунад. Наход дар ин ҳизб як нафаре пайдо нашуд, ки ӯро пешниҳод кунанд? Вақте номзад бо сурату сираташ барномаи ин ҳизбро эътироф намекунад, чӣ тавр онро амалӣ мекунад?
Озодӣ: Вале ҳадафи Ойниҳол Бобоназарова татбиқи барномаи Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) буд…
Исмоил Талбаков: Дар сарқонун ИНИТ ҳамчун субъекти пешбарикунандаи номзад сабт нашудааст. ИНИТ наметавонад номзад пешниҳод кунад. Чӣ хел иттиҳод аст, ки як ҳизберо, ки такя ба қонунҳои шариат дорад, бо сотсиал-демократҳо ҳамроҳ мекунад? Ҳатто худи аъзои ҳизби наҳзати исломӣ дар таҳлука афтоданд, ки чӣ хел Бобоназароваи демократ номзади онҳо мешавад? Вай ҳатто ҳамон меъёрҳоеро, ки ин ҳизб талаб мекунад, яъне инки тамоми занон зери фаранҷӣ бошанд, риоя намекунад. Аз ин нигоҳи синну сол низ худи Бобоназарова дар ҳолати ногувор монд.
Озодӣ: Бо вуҷуди талошҳо, гурӯҳи ташаббускори Ойниҳол Бобоназарова натавонист миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъ оварад. Ба шумо ҷамъоварии имзоҳо чӣ гуна муяссар шуд?
Исмоил Талбаков: Агар 210 ҳазор не, 300 ҳазор ҳам мегуфтанд, мо ҷамъ карда метавонистем. Мо дар ҳамаи ноҳияҳо созмонҳо ва 45 ҳазор узв дорем. Ҳар коммунист панҷ имзо овард, 225 ҳазор шуд. Аз он 4 ҳазорашро худамон барои ҷой доштани камбудиҳо ихтисор кардем. 218 706 имзо 50 кило коғаз мешудааст. Онро дар чор қуттӣ бурда, ба Куммиссиюни марказии интихобот (КМИРТ) супурдем.
Озодӣ: Гурӯҳҳои ташаббускори шумо кай ва чӣ гуна имзо ҷамъ карданд, ки касе надид?
Исмоил Талбаков: Ин гуфтаҳо ягон асос надорад. Мо дар маҷмӯъ 465 узви гурӯҳи ташаббускор доштем ва дар ҳар ноҳия 9 нафар. Ман ҳам метавонам гӯям, аъзои ҳизби наҳзати исломӣ ба хонаҳои мардум рафта чӣ гуфтанд, чӣ хел муносибат карданд? Аммо намехоҳам ба ин ҳизб сангпартоӣ кунам.
Озодӣ: Аз рӯйи имзоҳо бештар кадом қишри аҳолӣ аз шумо ҳимоят мекунад?
Исмоил Талбаков: Аз ҳама бештар имзо аз минтақаи Суғд гирдоварӣ кардем ва аз ҳама кам - аз минтақаи Рашт. Моро ҳизби кӯҳансолон мегуфтанд, аммо 65 дарсади онҳое, ки ба ҷонибдории мо имзо додаанд, ҷавонҳоянд ва бештарашон занҳо. Мӯйсафедҳо, ки бештар ба шукр майл доранд, ба ҳизби ҳоким имзо медиҳанд. Аммо ҷавонҳо ҷои кор ва мактабу беморхонаи бепул мехоҳанд. Чил дарсади мардум камбизоатанд ва 25 дарсади дигар дар муҳоҷиратанд. Ана ҳамин 65 дарсад ниёз ба идеяҳои мо доранд, сотсиализм мехоҳанд.
Озодӣ: Шумо ва ҳизби шумо аз вазъи имрӯзаи кишвар ва шеваи раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон розист ё норозӣ?
Исмоил Талбаков: Агар холисона гап занем, хидматҳои Эмомалӣ Раҳмонро бо ягон табари тез бурида намешавад ва номаш дар таърих бо ҳарфҳои зарин сабт мегардад. Аммо то вақте ҳаёт ҳаст, аъзои ҷомеа аз рушди ҷомеа розӣ намешаванд. Аз ҳама чиз розӣ шудӣ, ҳаёт манъ мешавад.
Озодӣ: Бо гузоштани номзадии худ Шумо нишон медиҳед, ки хостори шикаст хӯрдани Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот ҳастед, магар на?
Исмоил Талбаков: Албатта, дар майдони мубориза яке ғолиб мешавад, дигар мағлуб. Шикасту бурди моро халқ муайян мекунад. Агар мардум хоҳад, ки рӯзаш беҳ шавад, ба номзадии ман овоз медиҳад.
Озодӣ: Маълум аст, ки рақобат бо Эмомалӣ Раҳмон душвор аст, чун ӯ дар сари қудрат аст. Агар аҳзоб мухолифи ҳукумат бошанд ва ҳадафашон воқеан ислоҳоту дигаргунӣ дар ҷомеа бошад, чаро муттаҳид нашуданд?
Исмоил Талбаков: Ман ифтихор мекунам, ки бо чунин рақиби тавоно ба майдон баромадам. Аммо ислоҳотхоҳон ягон ҳуҷҷате надоранд, ки будани онро тасдиқ кунанд. Фаъолияташон пояи қонунӣ надорад. Як сол пеш Зайд Саидов чанд бор ба манн гуфт, ки «як нишаст дорем, биё, ширкат кун». Ман ба Зайд гуфтам, «ту мехоҳӣ дар раванди сиёсӣ ширкат кунӣ, пас, ҳамаи он моликияти саноати Тоҷикистонро хусусӣ кардед, давлатӣ ё ҷамъиятӣ кун, ки мардум рафта кор кунанд ва ту узви ҳизби мо шав. Ман зидди хусусигардонии корхонаҳо ҳастам, чӣ гуна ҳамроҳи ту кор мекунам? Шумо боқимондаашро ҳам мефурӯшед». Ё чӣ хел бо ҲНИТ иттиҳод мекунам? Ин ҳизб дар пояи дин қарор дорад, яъне ҳар чӣ шуд, бояд аз тақдир дониву шукр кунӣ. Аммо ҳизби коммунист ҳизби мубориза аст. Ҳизби сотсиал-демократҳо давоми Горбачёв аст. Суқути давлати шӯравӣ аз хиёнати Горбачёв, Елтсини алайҳилаъна ва Шушкевич сар зад. Инҳо хоинони ҳизби коммунист буданд. Бо ягонтои онҳо ба ягон ваҷҳ ҳамроҳ намешавем.
Озодӣ: Шумо дар интихоботи қаблӣ ҳам ширкат доштед ва 5,23 % раъй гирифтед. Имсол ба чанд дарсади овозҳо умед мебандед? Чаро фикр мекунед, шумораи тарафдорони шумо дар ҷомеа бештар шудааст?
Исмоил Талбаков: Дар он интихобот ман таҷриба надоштам. Ҳоло таҷриба дорам ва ҳам мо барномаи ҳизбро ислоҳ кардем. Аммо ман фолбини сиёсӣ нестам ва намедонам, ки чанд дарсад овоз мегирам.
Озодӣ: Дар интихоботи соли 2006 аҳли оилаи Шумо ба тарафдории кӣ раъй доданд?
Исмоил Талбаков: Ҳамаи хешу табор ва авлодам ба тарафдории ман овоз дода буданд. Ин дафъа ҳам умедворам,ки ба тарафдории ман раъй медиҳанд. Агар маро дар хонавода эътироф накунанд, пас ҷомеа чӣ гуна эътироф мекунанд?
Озодӣ: Беҳтарин лаҳзаи интихоботи соли 2006 барои шумо кадом буд?
Исмоил Талбаков: Дар он интихобот ман бори аввал ҳамроҳи оилаам ба овоздиҳӣ рафта будам, кин ин рамзӣ буд. Боз лаҳзаи ҷолиб он буд, ки чанд нафар ба ман гул тақдим карданд, ҳарчанд натиҷаи интихобот ҳанӯз маълум набуд.
Озодӣ: Ва бадтарин лаҳзаи интихоботи соли 2006 барои шумо кадом буд?
Исмоил Талбаков: Шумо натиҷаи интихоботро дар назар доред? Натиҷаи интихобот ҳам, албатта, таъсир мерасонад, аммо лаҳзаи бадтарин набуд.
Озодӣ: Пешбарии номзади шумо ба мансаби президентӣ тасмими худи шумо буд ё анҷумани ҳизби коммунист чунин қарор қабул кард?
Исмоил Талбаков: Тасмими пешбарии ман дар анҷумани ҳизб баррасӣ гардид, якдилона қабул шуд ва ман хоҳиши вакилонро рад карда натавонистам.
Озодӣ: Агар чунин тасмимҳо ҷиддӣ бошанд, оё мешавад онро танҳо дар як ҷаласа баррасӣ кард, ё аз қабл ҳам омодагиҳо доштед?
Исмоил Талбаков: Баъди соҳиби истиқлол шудани Тоҷикистон ҲКТ нахустин ҳизб буд, ки соли 1991 таҳти рақами як ба қайд гирифта шуд. Ва аз ҳамон давра дар маъракаҳои сиёсӣ иштирок мекунад. Ман худам соли 2006 дар интихоботи президентӣ ширкат доштам ва хуб медонам, ки ин чӣ маърака аст, чӣ ҳадаф дорад? Ба интихоботи имсола мо ҳафт сол боз омодагӣ доштем.
Ҳолномаи Исмоил Талбаков
Исмоил Талбаков 24 марти соли 1955 дар деҳаи Ҳасанбегии ноҳияи Совет (ҳоло Темурмалик) ба дунё омадааст. Соли 1976 факултаи иқтисодии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм карда, аз соли 1983 дар вазифаҳои ҳизбӣ фаъолият кардааст. Солҳои 1990-93 котиби якуми кумитаи ҳизбии ноҳияи Темурмалик, солҳои 1993-2000 котиби якуми ҳизбии минтақаи Кӯлоб буд. Аз соли 2000 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон. Муовини раиси кумиссиюни иқтисодӣ-иҷтимоии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ. Соли 2006 аз ҷониби ҳизби коммунист ҳамчун номзад ба мақоми президентӣ пешбарӣ шуда буд. Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.Исмоил Талбаков: Ҳозир замоне шудааст, ки ҳар кас ҳар чӣ хоҳад, мегӯяд. Мо ҳизбе нестем, ки ба ҳукумат шомил бошад. Мо барои ширкат дар интихобот аз ягон дастур нагирифтаем ва гирифтанӣ ҳам нестем.