Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як ошиқи мусиқии тоҷикӣ аз Латвия (3 ВИДЕО)


Дмитрий Евсиков
Дмитрий Евсиков

Гурӯҳи “Барака” аз Латвия дар тобистони имсол албоми нави таронаҳои тоҷикияш бо номи “Шамс”-ро ба бозор медарорад. Раҳбари гурӯҳ мегӯяд, ин алакай албоми чоруми таронаҳои тоҷикии онҳост.

Гурӯҳи “Барака” аз Латвия, ки бо хондани таронаҳои тоҷикӣ дар жанри этно-ҷазз маъруф шудааст, аз омодагиаш ба нашри албоми нави таронаҳои худ хабар дод.

Дмитрий Евсиков, раҳбар ва асосгузори гурӯҳи “Барака” рӯзи 22 июн дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, албоми инак 8-уми ин гурӯҳ низ асосан бозсароии таронаҳои маъруфи овозхонҳои Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Дмитрий Евсиков: Албоми нави мо “Шамс” ном дорад. Ҳам ба шарафи шамсе ки ба дунё рӯшанӣ медиҳад ва ҳам ба шарафи гурӯҳи овозадори “Шамс”-и Нобовар Чаноров. Албоми мо моҳи июл ё август дар Маскав ва тибқи маъмул, дар ширкати “Скейтис” сабт мешавад. Чанд албоми мо дар ҳаминҷо сабт шуд ва мо аз ҳамкорӣ бо онҳо розием. Ин як албоми барои мо инқилобист...
Гуфтугӯ бо Дмитрий Евсиков (бо забони русӣ)
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:10:33 0:00
Линки мустақим


Радиои Озодӣ: Аз кадом ҷиҳат?

Дмитрий Евсиков: Аввалан, ин як албоми дуқабата аст, ки 23 тарона ва беш аз 2 соат мусиқиро дар бар мегирад. Аксараш таронаҳои оҳангсозони муосири Тоҷикистон аст, албатта. Вале ин дафъа мо танҳо бо Тоҷикистон маҳдуд нашудем, балки аз Афғонистон ҳам таронаҳои ситораҳои хеле маъруфаш, аз ҷумла таронаҳои Аҳмад Зоҳир ва Устод Сароҳангро иҷро кардем. Вале мо ин таронаҳоро на ба шакли дар Шарқ маъруфшудааш, балки бо сабки ғарбӣ иҷро мекунем. Яъне мо ду миссияро якбора ба ҷо меорем: Шунавандаи ғарбиро аз як тараф бо мусиқии хеле зебои тоҷикиву афғонӣ ошно мекунем ва аз тарафи дигар, шунавандагони шарқиро нишон медиҳем, кинавозандагони ғарбӣ мусиқии шарқиро чигуна иҷро мекунанд.

Таронаи Устод Сароҳанг дар иҷрои гурӯҳи "Барака"

Радиои Озодӣ: Аммо то куҷо дар Ғарб аз мусиқии тоҷикӣ огоҳӣ доранд?

Дмитрий Евсиков

Дмитрий Евсиков соли 1972 дар шаҳри Новосибирск ба дунё омадааст. Падару модару ӯ аслан аз шаҳри Санкт-Петербурганд. Хонаводаи онҳо ҳанӯз дар поёни солҳои 70 ба Рига кӯчид. Евсиков дар инҷо ибтидо мактаби мусиқӣ ва сипас риштаи менеҷменти Донишкадаи Мюнхени Олмон ва сипас мактаби аксбардории Ригаро хатм кардааст. Соли 2004 гурӯҳи "Барака"-ро таъсис дод.
Дмитрий Евсиков: Дар асл дар инҷо тақрибан огоҳие надоранд аз ин мусиқӣ. Ва ман ҳар дафъа ки ба саҳна баланд мешавам, амалан аз сифр ба аҳли толор мефаҳмонам, ки Тоҷикистон дар куҷосту вақте мо онҷо сафар кардем, мардуми тоҷикро чӣ мардуме дарёфтем ва мусиқии онҳо чигуна зебост? Ва ҳар дафъа – ин ҳамаро бояд аз наву аз нав такрор кунам, чунки мардуми Ғарб дар воқеъ хабари чандоне надорад аз Тоҷикистону мусиқиаш. Ва ман фаҳмидам, ки ин вазифаи ман аст, ки мусиқии тоҷикиро ба аҳли Ғарб муаррифӣ кунаму ҳамзамон ба шумо нишон диҳам, ки мусиқии тоҷикиро дар Ғарб ҳам дӯст медоранд ва хуб менавозанд.


Хонандаҳои тоҷик дар "Барака"

Радиои Озодӣ: Дар интихоби таронаҳову мусиқиҳои тоҷикӣ ба Шумо кӣ кумак мекунад?

Дмитрий Евсиков: Медонед, тавассути Интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ мо соҳиби як лашкари бузурги ёварон шудаем, ки мо ҳатто наметавонам барои изҳори сипос исми ҳамаи онҳоро дар албоми худ ҷо кунем. Ба мо матн ё мусиқӣ мефиристанд, ё ягон таронаро пешниҳод мекунанд, ки инро гӯш кунед, онро гӯш кунед... Бовар кунед, гӯё тамоми мардуми тоҷик ба мо кумак мекунанд ва он қадар зиёд пешниҳод меояд, ки мо тавони иҷрои ҳамаашро надорем. Барои мо фақат интихоб кардан аз байни ин ҳамаи пешниҳодҳо мемонад.

Радиои Озодӣ: Аммо дар ҳайати “Барака” тоҷикҳо ҳам ҳастанд?

Дмитрий Евсиков: Ҳаст, алакай ҳаст! Алиҷон Бойназаров як репсаро аз Тоҷикистонро дорем ва Умед Дӯст ном овозхони дигар аз Афғонистонро. Як хонандаи дигар аз Лубнон ҳам ҳаст бо мо. Ин чанд таронаи Аҳмад Зоҳиру Устод Сароҳангро барио мо маҳз Умед Дӯст хонд. Вале дигар навозандагони “Барака” ҳама аз ҳаминҷоянд.


Радиои Озодӣ: Ин албоми чандуми Шумост?

Дмитрий Евсиков: Боварам намеояд, вале албоми алакай ҳаштум дар 10 солест ки гурӯҳи “Барака” рӯи кор омад.

Радиои Озодӣ: Ва ин ҳама муддат фақат таронаҳои тоҷикӣ мехондед ё..?

Дмитрий Евсиков: Не, албатта. Ягон 4 албоми аввали мо бар пояи сирф мусиқии муосири аврупоии наздик ба ҷазз буд. Вале 4 албоми охир ҳама рангу бӯву оҳанги шарқиёна, дақиқтараш, тоҷикона дорад.

Тоҷикистонро барои ман Завялов кушод


Радиои Озодӣ: Аммо чӣ шуд, ки ба мусиқиву фарҳанги тоҷикӣ рӯ овардед?

Дмитрий Евсиков: Бо шарофати дӯсти ҷаҳонгардам Сергей Завялов, ки китоби хеле мунҳасир ба фарде дар бораи Тоҷикистон ва кӯҳистони Помир навиштааст. Исми ӯ ҳоло ба боди фаромӯшӣ рафтааст, вале Завялов нафарест, ки барои таблиғи фарҳанги тоҷикӣ дар Русия кори бузурге анҷом додааст. Ӯ буд, ки барои ман дунёи нотакрори мусиқии тоҷикиро кушод. Ӯ буд, ки нахустин албомҳои Олег Фезов ва гурӯҳи “Шамс”-ро ба ман тӯҳфа кард ва ман ин қадар ошиқу дилбастаи мусиқии тоҷикӣ шудам.

Радиои Озодӣ: Вале аз нигоҳи тиҷорӣ ин мусиқие ки Шумо иҷро мекунед, то куҷо харидор дорад? Ва он ҳам дар Аврупо?
Гурӯҳи "Барака" ҳангоми машқ
Гурӯҳи "Барака" ҳангоми машқ
Дмитрий Евсиков: Ман аз таҷрибаи чандинсолаи кори худам дар бозори мусиқӣ мегӯям, ки набояд сармоягузорӣ ба фарҳангро аз нигоҳи тиҷорӣ ҳисобу китоб кард. Инҷо “ё-ё”-ст: Ё ту ғами фарҳангро мехӯрӣ, ё ғами тиҷорататро. Мо дар ин тарҳ ба хотири фарҳанг кор мекунем, ин ягон маншаи тиҷориву молӣ надорад. Барои таъмини гузарони зиндагӣ роҳҳои дигар ҳаст, мо барои навъҳои дигари мусиқиро ҳам иҷро мекунем, ки харидори шояд зиёдтар дорад. Вале ҳаловате ки иҷрои мусиқии тоҷикиву хондани таронаҳои тоҷикӣ дорад, тамоман чизи дигар аст. Инро бо ягон пулу мол чен карда намешавад. Ва ман ҳатто ҳангоми консертҳои тиҷориамон ҳам кӯшиш мекунам, ба хотири бо фарҳанги тоҷикӣ ошно кардани мардум ҳадди ақал 2 ё 3 таронаи тоҷикиро низ иҷро кунам.

Радиои Озодӣ: Пас спонсор ҳам доред ҳатман?

Дмитрий Евсиков: Бале, бидуни спонсор наметавон албом баровард. Мо дӯстони зиёд дорем ва ҳам як спонсори хуб, ки соҳибкори эронӣ Вафо Муайяд аст ва мехоҳад дар таблиғи фарҳанги форсизабонон саҳм бигирад. Албоми қаблии мо ва ҳам албоми навамон бо кумаки молии маҳз Вафо Муайяд нашр мешавад. Дӯстони дигар ҳам ҳастанд, ки ба мо кумак мекунанд.

Ин видео аз консерти соли гузаштаи "Барака" дар Хоруғ аст:


Ҳайф ки имсол ба Тоҷикистон рафта натавонистем...

Радиои Озодӣ: Шумо моҳи августи соли гузашта аз Тоҷикистон боздид кардед. Ин сафар сарусадои мухталифе ба по кард. Аз як тараф, истиқболи гарми мардум буд, вале аз тарафи дигар, хӯрдагирии маъмурони гумрук дар фурудгоҳи Душанбе... Дидани Тоҷикистон барои худи Шумо чӣ таассуроте боқӣ гузошт?

Дмитрий Евсиков: Ин мисли таваллуди фарзанд аст, ки инсон дард мекашад, вале баробари дида ба ҷаҳон кушодани тифлаш модар ҳама он дарду машаққаташро фаромӯш мекунад. Сафари Тоҷикистон барои ман ҳам чунин буд. Ман ҳатто ба ёд оварданӣ нест ончиро ки дар фурудгоҳ гузашт. Аз Тоҷикистон танҳо таассуроти хуб пеши ман боқӣ мондааст. Чизе ҳам буд, як нуқтаяки хурдакаке буд дар муқобили он Хуршеди бузурге ки аз фарҳанги тоҷикон нур мегирад.

Радиои Озодӣ: Ва оё мехоҳед баргардед онҷо?

Дар ҳалқаи мухлисон. Душанбе, августи соли 2013
Дар ҳалқаи мухлисон. Душанбе, августи соли 2013
Дмитрий Евсиков: Ҳатману ҳатман! Мо мехеле мунтазир будем, ки моро имсол ба ҷашнвора даъват мекунам. Вале ин боз ҳам бармегардад ба масъалаи харҷи сафар. Ин кор бидуни кумаки спонсорҳои имкон надорад ва эҳсоси ман ин аст, ки мо дигар имсол наметавонем ба Тоҷикистон сафар кунем. Вале ман хеле умедворам, ки ҳатто агар имсол нашуд, пас соли дигар ҳатман бори дигар дидори Тоҷикистон насиби мо хоҳда шуд. Вале ин ки мо имсол меравем ё на, чизеро тағйир намедиҳад. Мо ҳамоно барои таблиғи фарҳанги тоҷикӣ дар берун аз Тоҷикистон хидмат мекунем. Метавонед ҳатто бинависед, ки шиори зиндагии ман ҳамин аст: Ман хеле хушам ки барои фарҳанги тоҷикӣ ва барои мардуми тоҷик хидмат мекунам!

Радиои Озодӣ: Ҳадафи Шумо, тавре мегӯед, таблиғи фарҳанги тоҷикист. Оё дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон ҳам дар ин роҳ кумаке ба гурӯҳи “Барака” пешниҳод шудааст?

Дмитрий Евсиков: Дар воқеъ, ман хеле мехоҳам ки ҳарфи ман дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон шунида шавад ва ба ман дасти ёриашонро дароз кунанд. Чунки агар ман дар сатҳи давлатӣ пуштибонӣ меёфтам, иҷрои барномаҳову тарҳҳое ки ман дар сар дорам, хеле осонтар муяссарам мешуд. Ман ҳоло маҷбурам худро ба чор тараф зада, спонсор биҷӯям. Тарҳҳои зиёде дар сар дорам. Аз ҷумла мехоҳем бар пояи ашъори шоирони мусоири тоҷик оҳангҳо бинависам. Мехоҳам бо репсароёни тоҷик муштаракан як албом сабт кунам бихонам ва сатҳи репи тоҷикиро, ки мутаассифона, ҳоло зхеле заиф аст, баландтар бардорам. Ман мехоҳам мусиқии тоҷикиро ба як сатҳи сифатан нав бардорам. Орзуи ман ин аст, ки ягон вақте касоне аз доираҳои болоии Тоҷикистон мегӯянд, ки биё, мо кумакат кунем. Инро ҳам бигӯям, ки шахсан худи ман аз ин ҳама сӯде намеҷӯям. Ман як хидматгори холису беғарази фарҳанги тоҷикиам.

Таронаи Ғарибӣ"-и Муборакшо дар иҷрои гурӯҳи "Барака" инҷост:
XS
SM
MD
LG