Дипломати баландпояи Русия мегӯяд, изҳороти ӯ роҷеъ ба ҷоришвии низоми виза барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон дар соли 2015 “аз матн канда шудааст”. Сафири супоришҳои вижаи Вазорати умури хориҷаи Русия Анвар Азимов шоми 13 март дар сӯҳбат бо телевизиони интернетии “Дождь” гуфта буд, ки Русия омода аст, ба хотири таъмини амнияти марзҳояш бо Осиёи Марказӣ равобит бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистонро аз тариқи раводид ба роҳ монад. Сафири супоришҳои вижаи Вазорати умури хориҷаи Русия дар сӯҳбат бо барномаи "Госдеп-3" ба ин суол ки "Оё Русия омода аст, барои Тоҷикистону Ӯзбакистон низоми виза ҷорӣ кунад?", гуфт, "Инро президенти мо гуфта буд. Ба фикрам, аз соли 2015 мо ин корро мекунем". Ин барнома ба мавзӯи бекоршавии виза барои сафари шаҳрвандони Русия ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ихтисос ёфта буд.
Азимов мегӯяд, ки Русия равобиташ бо ҷумҳуриҳои Муштарак-ул-Манофеъро қадр мекунад ва “ҳеҷ гоҳ масъалаи ҷорӣ кардани виза барои шаҳрвандони ин кишварҳоро матраҳ накардааст ва нахоҳад кард”. Вай гуфт, “мо намехоҳем, ки равобити мо бо ин кишварҳо халалдор шаванд”. Ба гуфтаи ӯ, манзури вай “таъмини муассири назорати ҷараёни муҳоҷират аст ва бо ҳамин ҳадаф президент Путин дар паёмаш ба маҷлиси федеролӣ пешниҳод карда буд, ки аз соли 2015 шаҳрвандони СНГ ба Русия бо паспортҳои хориҷӣ ворид шаванд”.
Дар суханронии худ декабри соли 2012 Путин ба тақвияти қоидаҳои муҳоҷират даъват кард ва гуфт, ки вуруди намояндагони ҷамоҳири собиқи шӯравӣ ба Русия бояд шадидтар шаванд ва сар аз соли 2015 онҳо танҳо бо шиносномаҳои хориҷӣ хоҳанд тавонист ба Русия сафар кунанд. Ба гуфтаи Азимов, дар чаҳорчӯби Иттиҳоди гумрукӣ ва фазои умумии иқтисодӣ, муқаррароти имрӯзаи соддаи амалкунанда татбиқ хоҳанд шуд.
Ба саволи радиои Озодӣ оид ба ин ки чаро ӯ ба саволи барандаи барномаи телевизионӣ дар бораи дар соли 2015 ҷорӣ шудани низоми раводид бо Тоҷикистон ва Ӯзбакистон, посухи мусбат додааст, гуфт, "Манзури ман ин буд, ки Путин ҷоришавии на раводид, балки муқаррароти ворид шудан ба Русия бо паспорти хориҷиро баъди соли 2015-ро пешниҳод кардааст. Азбаски ин ҷумла дар ҷараёни мусоҳиба бо Ксения Собчак ва блогонавис Антон Носик карда шуд, нокомил монд”.
Анвар Азимов мегӯяд, ки ҳамкории Русия бо ҷомеаи Муштарак-ул-Манофеъ “муҳим аст” ва Маскав “ҳеҷ гоҳ бо Иттиҳоди Аврупо масъалаи ташдиди низоми раводид бо шаҳрвандони Муштарак-ул-Манофеъро баррасӣ накардааст”. “Сухан танҳо дар бораи он буд, ки ҷониби Русия тадбирҳои заруриро барои таъмини назорати муассири ҷараёнҳои муҳоҷират аз кишварҳои СНГ таъмин кунад”, гуфт ӯ.
Дар доираҳои сиёсии Тоҷикистон тасмими ҳукумати кишвар дар мавриди тамдиди ҳузури низомии Русия дар хоки ин кишвар то соли 2042 тирамоҳи порсол мавриди интиқод қарор дода шуд. Ба назари мунаққидон, Душанбе бо ин тасмимаш истиқлолияти сиёсии худро зери суол мебарад. Азимов гуфт, “Русия ба равобити дуҷонибааш бо Тоҷикистон баҳои баланд медиҳад ва ҳеҷ чорае нахоҳад андешид, ки муносибатҳои ин ду кишварро халалдор созад ва ё шаҳрвандони Тоҷикистонро осеб расонад. Масъалаи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Осиёи Марказӣ матраҳ нест ва нахоҳад буд”, гуфт ӯ.