Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: "Сафари хориҷиён ба Тоҷикистон осон шуд"


Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ судури раводид ё виза тариқи Интернетро ба роҳ мондааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон вебсайти махсуси визаи электрониро (www.evisa.tj) шурӯъ аз 1 июн роҳандозӣ кард ва гуфт, ки акнун шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд аз тариқи Интернет ва бе муроҷиати мустақим ба консулгариҳои Тоҷикистон дар хориҷа визаи кишварро дастрас кунанд. Муқаррароти гирифтани визаи электронии Тоҷикистонро рӯзи 7 июн дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Берлин сафири Тоҷикистон Маликшоҳ Неъматов шарҳ дод. Ӯ гуфт, таъмини сафарҳои бемайлони шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои ҳукумат барои гарм кардани бозори туризм ва ҷаҳонгардӣ дар Тоҷикистон дар тамоми солҳои истиқлолият буд. Соли 2015 аз Тоҷикистон дар маҷмӯъ беш аз 430 ҳазор ҷаҳонгарди хориҷӣ дидан кардааст ва ҳоло мақомот умед доранд, ки низоми нав дар дилгарм кардани сайёҳони бештари хориҷӣ хизмат мекунад.

То имрӯз шаҳрвандони беш аз 80 кишвари ҷаҳон бар асоси муқарарроти соддашудаи гирифтани виза дар фурудгоҳи Душанбе имкони гирифтани раводиди Тоҷикистонро доштанд. Ҳамакнун, ба иловаи ин роҳи гирифтани виза ва ё муроҷиат ба консулгарии Тоҷикистон дар хориҷа, методи онлайн-виза ҳам фаъол шуд. Вай гуфт:

«Масалан, консулгарии мо дар Берлин, ки дархостҳои зиёди сафар ба Тоҷикистонро аз шаҳрвандони Олмон дастрас мекунад, дар сурати

Маликшоҳ Неъматов
Маликшоҳ Неъматов

муроҷиати мустақим мисли пешина дар муддати чанд рӯз визаро дар шиносномаи шахс содир мекунад. Баробар бо ин, кормандони консулгарӣ ба хориҷиҳо шарту шароити гирифтани визаи онлайнро ҳам шарҳ медиҳанд».

Ӯ гуфт, аз рӯи муқаррароти нав, шаҳрванди хориҷии хостори сафар ба Тоҷикистон дар сайти evisa.tj нахуст саҳифаи аризадиҳандаро пур мекунанд. Қадами дуюм - пардохти электронии 50 доллар ҳақи виза ба мӯҳлати ҳадди аксари 45 рӯз (дар ҳудуди 90 рӯз) аст, ки тавассути корти электронӣ анҷом мешавад. Ва ниҳоят, ба адреси имейли аризадиҳанда визаи расмӣ фиристода мешавад.

Дар як ширкати сайёҳии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки мӯҳлати гирифтани визаи электронӣ аз кори ходимони раёсати консулгарӣ дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон бастагӣ мегирад ва эҳтимолан, дар сурати зиёд будани дархост таъхир дар гирифтани виза мушоҳида шавад.

Дар ин замина Маликшоҳ Неъматов гуфт, ки мӯҳлати гирифтани визаи Тоҷикистон айнан мисли таҷрибаи байналмилалӣ буда, аз 7 то 14 рӯзи кориро дар бар мегирад ва ҳамин мӯҳлат ҳам марбут ба визаи онлайн мешавад. Дар ҳамин мӯҳлат аризаи муддаии визаи Тоҷикистон дар вазорати хориҷаи Тоҷикистон баррасӣ шуда, дар нисбати ӯ қарор содир мешавад. Дар сурати рад шудани дархости аризадиҳанда барои гирифтани виза, маблағи пардохтшударо барнамегардонанд.

Барои онҳое, ки бо ҳадафи кори тӯлонимуддат, яъне бештар аз 45 рӯз ба Тоҷикистон мераванд, шароити гирифтани виза фарқ мекунад, гуфт дипломати тоҷик. Як нуктаи муҳими дигари визаи онлайн ҳамин аст, ки он барои вуруди якдафъаина ба Тоҷикистон фароҳам оварда мешавад ва агар шахс дар муддати дар Тоҷикистон буданаш ба кишвари сеюм сафар кунад, барои

Намунаи визаи Тоҷикистон дар шиносномаи хориҷӣ
Намунаи визаи Тоҷикистон дар шиносномаи хориҷӣ

бозгашт ба Тоҷикистон бояд визаи нав бигирад. Ба ибораи дигар, ин виза бисёркарата набуда, якдафъаина аст.

То имрӯз шаҳрвандони беш аз 80 давлат ба Тоҷикистон бидуни виза сафар карда, аксарашон бевосита дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе виза мегирифтанд. Дар миёни онҳое, ки аз чунин имтиёз бархӯрдоранд, дар баробари шаҳрвандони Аврупо, инчунин шаҳрвандони Амрико, Австралия ва ҳам шаҳрвандони собиқи Тоҷикистон, ки санади «шахси бидуни шаҳрвандӣ»-ро доранд (масалан, тоҷикистониҳои сокини Ӯзбакистон), зикр мешаванд.

Вале онҳое, ки таҷрибаи гирифтани виза дар фурудгоҳро доранд, мегӯянд, навбати зиёд дар фурудгоҳи Душанбе баъди парвози тӯлонии ҳавопаймо яке аз тарафҳои бади додани виза дар фурудгоҳ аст. Аз ин роҳ то имрӯз асосан он хориҷиҳое истифода мекунанд, ки дар қаламрави кишварашон консулгарии расмии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд ва барои муроҷиат ба намояндагии дипломатӣ бояд роҳи тӯлониро то кишвари дигар тай кунанд.

Ҳанӯз кори низоми нави судури визаҳои электрониро арзёбӣ кардан барвақт аст. Аксар корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ки аз ин хабар ҳафтае пеш огоҳ шуданд, аз осон шудани роҳи сафар ба Тоҷикистон истиқбол кардаанд. Баъзе аз корбарони Фейсбук аз ҷумла аз дер боз шудани саҳифа, қатъи якбораи иртибот бо саҳифа ва ё посухи дер ба дархосташон аз ҷониби Тоҷикистон шикоят кардаанд.

XS
SM
MD
LG