Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бештар аз 60 дарсади тоҷикон “ошиқ”-и Русия ҳастанд


Як назарсанҷии тозае нишон додааст, ки бо вуҷуди бадном кардани тоҷикон дар матбуоти расмиву мустақил ва зӯргӯии Русия дар сиёсат нисбат ба Тоҷикистон, беш аз 60 дар сади мардум ба Русия “дилбастагӣ”доранд.

Натиҷаҳои ин таҳқиқ, ки “М-Вектор”, як муассисаи назарсанҷии мустақил дар Осиёи Марказӣ моҳи ноябр ва декабри соли 2013 анҷом додаст, ба тозагӣ нашр шуд. Бар асоси ин пажӯҳиш, тақрибан 62 дарсади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Русия назари мусбат доранд ва назари тақрибан 50 дарсадашон “бисёр мусбат” аст. Юрий Герасимчук, яке аз муаллифони пажӯҳиш ин дилгармии мардуми Тоҷикистон ба Русияро дар муносибатҳои суннатии ду тараф мебинад:

“Табиист, ки мардуми Тоҷикистон дар муқоиса ба тамоми кишварҳои дигар ба Русия бештар назари мусбат доранд, чун Русия як шарики наздиктарини иқтисодӣ ва сиёсии Тоҷикистон аст. Ба Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико ҳам муносибати мардум хеле хайрхоҳона аст, вале бо назардошти таҳаввулоти ахир (дар Украина) мумкин аст, рейтинги ин кишварҳо дар байни мардум поин равад, вале бубинем, ки пажӯҳишҳои ояндаи мо чиро нишон медиҳад. Мардуми Тоҷикистон нисбат ба Чин назари бисёр хуб доранд, чун ин кишвар як шарики наздики иқтисодӣ ва сармоягузори Тоҷикистон аст.”

Бар тибқи назарсанҷии мазкур, андаке бештар аз 53 дар сади аҳолии Тоҷикистон, нисбат ба Чин дилгармӣ доштаанд ва бо вуҷуди тарғиботи пайвастаи зиддиамрикоии телевизионҳои Русия, тақрибан нисф ва ё 49 дар сади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Иёлоти Муттаҳида хайрхоҳ будаанд. Бар асоси назарсанҷии “М-Вектор”, бештар аз 40 дар сади аҳолии Тоҷикистон нисбат ба Иттиҳодияи Аврупо ва 47 дар сад ба Ҷумҳурии Исломии Эрон эҳтиром доштаанд.

Аммо агар ба омори кӯмакҳои иқтисодии ин кишварҳо ба Тоҷикистон бингарем, ҳама чиз баръакс аст, масалан аз соли 2002 то соли 2011 Русия ба Тоҷикистон андаке бештар аз 130 миллион доллар кӯмак кардааст, ки танҳо 0,8 дар сади тамоми кӯмакҳои молии донорҳои Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Саҳми Чин дар ин кори хайр барои кишвар, тақрибан 53 дар сад ва аз Амрико бештар аз 10 дар сад будааст.
Музаффар Олимов
Музаффар Олимов
Эҳтироми аз ҳама зиёд нисбат ба Русия ба гуфтаи ҷомеашиносони тоҷик, табиист зеро солҳост, ки бештар аз 50 дарсади хонаводаҳои тоҷик аз ҳисоби муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Музаффар Олимов, ҷомеашинос ва раиси маркази назарсанҷии “Шарқ” мегӯяд, пажӯҳишҳои онҳо дар гузашта ҳам айни чиз ва муҳаббати зиёди тоҷикон ба Русияро нишон додааст. Таври маълум муҳоҷирони кории тоҷик, аксаран барои таъмини рӯзгори хонаводаҳои худ ба Русия мераванд ва солона аз онҷо ба Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз се то чаҳор миллиар доллар мефиристанд. Музаффар Олимов мегӯяд: “Азбаски сарчашмаи нисфи ҳамон хонаводаҳо аз ҳисоби муҳоҷират бошад, чӣ гуна мардум бо вуҷуди мушкилоте, ки дар онҷо доранд, нисбат ба Росия хайрхоҳ набошанд.

Дигар аз сабабҳои муносибати неки тоҷикон нисбат ба Русияро дар ҳузури қавии расонаҳои он кишвар дар Тоҷикистон медонанд. Телевизионҳои Русия ҳамчунон дар Тоҷикистон бинандаи зиёд доранд, матбуоти дохилии русизабон низ бисёр қавист. Дигар ин ки Русия баъд аз сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтани Тоҷикистон аз тарси дур шудани ин кишвар аз мадораш саъй кардааст, аз ҳар роҳе монеъи густариши обруву эътибори Амрикову кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва дигар рақибонаш дар Тоҷикистон шавад.

Соли 2005 дар мукотибаи махфии Ричард Ҳоугланд, сафири собиқи Амрико дар Душанбе бо вазорати умури хориҷии он кишвар, ки Викиликс нашр кард, ӯ навиштааст, ки “Русия пайваста ба Тоҷикистон фишор меорад, то нақшу ҳузури Амрико ва Ғарбро дар кишвар кам кунад”. Ба навиштаи дипломати амрикоӣ муҳимтар аз ҳама “ҳузури бисёри зиёди хадамоти ҷосусии Русия дар вазорати амнияти Тоҷикистон аст, ки дар кори вазоратҳои муҳими дигар таъсир мегузоранд” ва аз ин роҳ монеъи густариши фаъолияти созмонҳои ғарбӣ дар кишвар мешаванд.

Зоҳиран талошҳои пайвастаи Русия натиҷа додаанд, ки бар тибқи назарсанҷии дигари М-вектор, ки моҳи ноябри соли 2013 дар Тоҷикистон анҷом додааст, тақрибан 75 дарсади аҳолии кишвар гуфтаанд, ки ҳамкорӣ бо Русия бояд авлавияти равобити умури хориҷии Тоҷикистон бошад ва 78 дарсад гуфтаанд, ки тарафдори пайвастани кишвар ба Иттиҳоди Гумрукӣ ба раҳбарии Русия ҳастанд. Зоҳиран зери таъсири матбуоти русӣ буд, ки баъди оғози бӯҳрон дар Украина ва ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба қаламрави Русия дар шабакаҳои иҷтимоӣ, баъзе аз корбарон пешниҳод карданд, ки Тоҷикистон ба Русия бипайвандад ва ин пешниҳод дар миёни аз гурӯҳҳое ҳамовозӣ пайдо кард.
Давлаталӣ Давлатзода
Давлаталӣ Давлатзода
Ташвиқи чунин идеяро баъзе аз соҳибназарони тоҷик таҳдиде ба амнияту истиқлоли кишвар хонданд. Аммо Давлаталӣ Давлатзода узви Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагон мегӯяд, дар муносибати хуби мардум ба Русия ҳеҷ бадие намебинад, зеро ин кишвар шарики наздики Тоҷикистон аст ва ин гуна тамоюлро набояд таҳдид ба истиқлол донист:

“Яке аз кишварҳое, ки робитаву ҳамкориҳои хеле наздик, ҳамкориҳои стратегӣ дорем, мо онро дӯсти стратегии худ мешиносем, ин Русия аст ва ҳар кишвари мустақил метавонад, чунин муносибатҳоро омода созад, чунин муносибатҳоро ҷонибдорӣ намояд, лекин ин маънои онро надорад, ки мо пурра аз истиқлолияти худ даст кашида ҷониби Русия равем. Имрӯз чун манфиатҳои мо бештар бо Русия аст, мо метавонем, ҳарчӣ бештар бо Русия дар ҳама ҷабҳаҳо ҳамкорӣ намоем, лекин Тоҷикистон имрӯз метавонад бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, бо Ҷумҳурии Халқии Хитой, бо Туркия, Қазоқистон, Узбакистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон ҳамкорӣ намояд ва ҳамчун як кишвари мустақиле, ки равобити хориҷӣ дорад ва он равобитро бар асоси манофеъи миллиаш ташаккул медиҳад.”

Бар асоси пажӯҳиши М-Вектор муассисаи мустақили таҳқиқи афкори умум, дар Тоҷикистон айни замон бештар аз 5 дарсади мардум ба Русия назари манфӣ доштаанд ва се дар сади аҳолии Тоҷикистон шарики стротегии кишварро “бад медидаанд.” Дар назарсанҷии дигари ҳамин созмон дар бораи равобити хориҷии Тоҷикистон ҳатто 1,2 дарсади аҳолӣ Русияро бузургтарин хатар барои кишвар донистаанд.
Қосимшоҳ Искандаров
Қосимшоҳ Искандаров
Ба гуфтаи Музаффар Олимов, гурӯҳи озурда аз Русия дар Тоҷикистон бисёр хурд аст ва ҳатто бо вуҷуди амалкардҳои Русия дар Украина ва танқиди зиёди ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ дилгармии тоҷикон нисбат ба Русия кам намешавад. Ҷомеашиноси тоҷик паёми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро намуна овард, ки ҳеҷ ишорае ба таҳаввулоти Украина накард ва Русияро ҳамчунон шарики стротегиву рафиқи наздики Тоҷикистон номид.

Айни замон ба гуфтаи Қосимшоҳ Искандаров, таҳлилгари масоили минтақа дар Тоҷикистон, имкони ранҷидани тоҷикон аз Русия вуҷуд дорад, вале:

“Агар дар оянда сиёсати Русия нисбат ба Тоҷисикистон сахтгирона давом кунад, ё ки шиддати дигар пайдо кунад, ё тағйир пайдо кунад ва сиёсати зӯргуии Русия инҷо боло бигирад, ҳатман рӯҳия тағйир меёбад, вале фикр мекунам, ончӣ ки Русия нисбат ба Украина кард, ин сиёсатро дар Тоҷикистон дунболагирӣ нахоҳад кард.”

Назарсанҷии М-Вектор дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон ва дар миёни 1500 нафар анҷом шудааст
XS
SM
MD
LG