Аъзои комиссиюни вижа, ки аз додситонии кулл ва вазорати адлия намояндагӣ мекунанд, ҳамчунон ба таҳқиқи занозании гурӯҳии рӯзи 30-юми апрел дар зиндони рақами 2-и шаҳри Ваҳдат машғуланд.
Дар он задухӯрд маҳбус Ромиш Олимов, мулаққаб ба “Рамеш”, кушта шуда, як зиндонии дигар бо лақаби “Сулаймони Гӯсола” захм бардоштааст. Афроди огоҳ ва наздикони маҳбусон дар рӯзи воқеа ба Озодӣ гуфта буданд, муноқиша бар асари рақобати ду гурӯҳ барои мақоми “пахани зона”, нафаре, ки ҳаёти маҳбусон дар дохили зиндонро назорат мекунад, сар задааст.
Аммо сухангӯи идораи зиндонҳои вазорати адлияи Тоҷикистон Парвин Ализода рӯзи 5-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан сабаби сар задани ин моҷаро ва ҷузъиёти дигари он рӯшан нест ва таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Вай афзуд: «Дар зиндонҳои Тоҷикистон «пахани зона» мавҷуд нест. Азбаски таҳқиқи ҳодиса ба додситонӣ вогузор шудааст мо дар ин бора чизе гуфта наметавонем. Ҳоло таҳқиқи ҳодиса ба анҷом нарасидааст.»
Дар ҳамин ҳол, рӯзи 5 май ба дасти Радиои Озодӣ номае расид, ки дар он бо такя ба маълумоти маҳбусони ин зиндон иддао мешавад, ки дар робита ба задухӯрд дар зиндони “Кирпичний” ва ҳалокати як маҳбус алайҳи 3 нафар аз зиндониён тибқи банди 104-и қонуни ҷиноии Тоҷикистон (одамкушии махсусан бераҳмона) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, 5 маҳбус дар ПТК - ҳуҷраи ҷаримавии муассиса - нигаҳдорӣ мешаванд. Дар ин нома ҳамчунин иддао мешавад, ки аз ин миён танҳо маҳбусе бо номи Махарбек Баскаев дар воқеъ қатли Ромиш Олимовро ба гардан гирифтааст, вале на ҳамаи 5 маҳбуси муҷозот шуда дар ин ҳодиса даст доштанд. Дар ин нома гуфта мешавад, ин маҳбусон барои 4 моҳ дар ин ҳуҷраи ҷаримавӣ нигоҳ дошта хоҳанд шуд, вале рӯшан нест, кай ва чӣ гуна онҳо ба ин ҷазо маҳкум шудаанд.
Корманди додситонии махсуси назорат аз рӯи иҷрои қонун дар муассисаҳои ислоҳии шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеъи ҷумҳурӣ Толибхон Азимов аз тасдиқ ё такзиби маълумоти расида ба Озодӣ худдорӣ кард ва гуфт, бе иҷозаи додситонии кул ҳақ надорад, дар ин бора иттилоъ диҳад.
Вале эҳтимоли бар сари унвони ҷиноии «пахани зона» сар задани моҷарои рӯзи 30-юми апрел дар маҳбаси шаҳри Ваҳдатро чанде аз маҳбусони собиқи ин зиндон ҳам чандон воқеъӣ намедонанд. Онҳо мегӯянд, дар зиндонҳои Тоҷикистон истилоҳи «пахани зона» вуҷуд надорад, аммо дар иваз нафаре бо унвони «смотряший» ё нигаҳбон ҳаст, ки ҳамаи маҳбусон дар муносибатҳои худ дар маҳбас ба ӯ итоат мекунанд.
Рауфи 43-сола, ки ҳамагӣ 8 моҳ пеш баъди адои 10 сол ҳукми зиндон аз маҳбаси “Кирпичний” озод шудааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар зиндонҳои Тоҷикистон «пахани зона» нест, зеро он бояд нафари чунон “мӯҳтарам”-е бошад, ки ба ҳама кор баҳои холисона дода тавонад. Аммо, афзуд мусоҳиби мо, дар маҳбасҳои Тоҷикистон ин гуна одам вуҷуд надорад. Вале барои он ки дар дохили зиндон бетартибӣ зиёд нашавад, худи маҳбусон бо овоздиҳӣ як нафарро барои назорат ва нигаҳбонӣ интихоб мекунанд: «Дар зиндонҳои Тоҷикистон «пахани зона» нест, аммо «смотрящий»-ҳо ҳастанд ва будани онҳо низ ҳатмӣ мебошанд. Зеро маҳбусон ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат намекунанд. Ҳама тартиботро дар зиндон «смотрящий»-ҳо назорат мекунанд. Мушкили маҳбусонро, ба хусус дар масъалаи ин ё он даъвое, ки миёни онҳо пайдо мешавад, «смотрящий»-ҳо ҳаллу фасл мекунанд. Агар ба тартиб даровардани дохили зиндонҳо ба мақомот вогузор шавад, Худо медонад, дар дохили зиндонҳо чӣ гапу кор мегузарад. Зеро кам аст зиндоние, ки аз милиса тарсад ё ба гапи вай гӯш диҳад.»
Ҳамчунин Рауф гуфт, ки зиндониён низ барои «нигаҳбонӣ» ҳамон нафареро интихоб мекунанд, ки аз ҳама ҷиҳат гапаш ба дигарон гузарад - ҳам ба кормандони зиндон ва ҳам ба маҳбусон. Онҳо, ки ба қавле «авбош»-анд, ҳарчанд дасту бозуи қавӣ дошта бошанд ҳам, барои назорату раҳбарӣ ба зиндониён интихоб намешаванд.
Рӯзи 30 апрел дар задухӯрди байни маҳбусони дар зиндони “Кирпичний” Ромиш Олимови 31-сола, мулаққаб ба "Рамеш", сокини маҳаллаи ба номи Розия Абдушукурова, собиқ Чармгарони шаҳри Кӯлоб ба ҳалокат расида, як маҳбуси дигар бо лақаби «Сулаймони гӯсола» дар беморхона бистарӣ шудааст. Як шоҳиди моҷаро мегӯяд, ин ихтилоф дар заминаи баҳси ду лидери зиндониҳо рух дода, даҳҳо нафарро аз ҳарду ҷониб ба гирдоби худ кашидааст.
Вай афзуд, занозании зиндониҳо чанд соат идома кард ва нозирони маҳбас натавонистанд, ба зудӣ назоратро ба даст гиранд. Ба гуфтаи вай, гурӯҳҳои даргир танҳо баъди кушта шудани як маҳбус пароканда шуданд. Дар номае ки рӯзи 5 май ба Озодӣ расид, ҳамчунин аз номи маҳбусон иддао мешавад, ки маъмурияти зиндони Ваҳдат натавонист ҷилави занозаниро бигирад ва ҳоло аз байни зиндониҳо гунаҳкор меҷӯяд.