Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Изҳори таассуфи ИА аз шеваи баргузории интихоботи Тоҷикистон


Иттиҳодияи Аврупо (ИА) шеваи баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро интиқод карда, гуфтааст, ки ин маърака тибқи меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифт.

Сухангӯи Кетрин Эштон, намояндаи олӣ ва раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА дар як баёнияи катбӣ гуфт, ин созмон бо хулосаҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо(САҲА) мувофиқ аст, ки гуфтаанд, интихоботи президентии рӯзи 6 ноябр Тоҷикистон ҳамроҳ бо қонуншиканиҳо гузашт.

Дар баёния гуфта мешавад, ки ИА батакрор Тоҷикистонро ба баргузории интихоботҳои озод, демократӣ, фарогир ва шаффоф даъват карда, ба аҳамияти озодии матбуот ва озодии баён таъкид мекард. Аммо «намояндаи олӣ мутаассиф аст, ки тавсияҳои қаблии дафтари демократия ва ҳуқуқи башари САҲА, ки баъд аз интихоботи парлумонии соли 2010 пешниҳод шуданд, аз тарафи мақомоти ҳокимияти Тоҷикистон иҷро нагардидаанд ва ӯ боз ба иҷрои комили ин тавсияҳоро даъват менамояд.»

Кетрин Эштон бори дигар аз мақомоти Тоҷикистон даъват кардааст, то маҳдудияту норасоиҳои дар интихобот ошкоршударо комилан бартараф кунанд. Дар ин баёния гуфта мешавад, ки ИА омода аст ба Тоҷикистон дар амри мутобиқ сохтани интихоботҳояш бо меъёрҳои байналмилалӣ ва дар қолаби стандартҳои байналмилалӣ гузарондани интихоботи демократӣ кумак бирасонад.

Интиқоди ИА аз интихоботи Тоҷикистон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00
Линки мустақим


Нозирони САҲА дар арзёбии муқаддамотии худ аз интихоботи Тоҷикистон, ки рӯзи 7 ноябр, як рӯз баъд аз раъйгирӣ нашр шуд, гуфтанд, ки ҳарчанд интихобот ором баргузор шуд, аммо дар он чандандешӣ ва рақобати воқеъӣ дида намешуд ва мақомот дар корзори пешазинтихоботӣ барои мухолифон монеаҳои зиёде эҷод карданд.

Ба ақидаи нозирони САҲА, “Тоҷикистон инбор ҳам имтиҳони демократияро пурра супурда натавонист.” Нозирони САҲА, ки аз соли 2000 интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мебаранд, то кунун ягон интихоботро дар ин кишвар ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардаанд.

​Амрико низ дар ҳафтаи гузашта дар як изҳорот гуфт, низ бо баҳои нозирони САҲА дар бораи интихоботи Тоҷикистон розӣ ҳаст. Сухангӯи вазорати умури хориҷии Иёлоти Муттаҳида Ҷен Псакӣ гуфт, дар ҳоле ки интихоботи президентии Тоҷикистон ором ҷараён гирифт, талаботи маҳдудкунандаи сабти номзадҳо ба камбуди плюрализм ва интихоби ҳақиқӣ сабаб гашт. Ҳамчунин, бино бар ин изҳорот, раъйдиҳии оилавӣ, гурӯҳӣ ва чандгона дар интихобот бартарӣ дошт: “Ин камбудиҳо дар интихоботҳои гузашта низ ошкор гашта, ба беҳбуди вазъ давъат шуда буд ва мо аз ҳукумати Тоҷикистон даъват мекунем, бидуни таъхир ба ин камбудиҳо расидагӣ кунад.”

Вазорати умури хориҷии Амрико ҳамчунин гуфт, Тоҷикистон аз замони ҷанги шаҳрвандӣ то ҳоло роҳи дарозеро тай кард ва ба пешрафтҳое дар раванди интихобот ҳам даст ёфт, вале “демократияи ҳақиқӣ чизе бештар аз танҳо рӯзи интихобот аст. Мо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мекунем, то корро барои таҳкими плюрализми сиёсӣ оғоз намояд ва ба ҳизбҳои ҳақиқии мухолиф имкони фаъолият диҳад ва ҳам барои фаъолияти матбуоти мустақил ва гурӯҳҳи иҷтимоӣ фазои васеъ боз кунад.”

Ҷараёни интихоботи президентии рӯзи 6 ноябри Тоҷикистонро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ, аз ҷумла 165 нозири дарозмуддату кӯтоҳмуддати САҲА ва 150 нозир аз кишварҳои муштаракулманофеъ(СНГ) назорат карданд. Нозирони СНГ ба фақт аз нозирони ғарбӣ интихоботи Тоҷикистонро машрӯъ ва ҷавобгӯи қонунҳои ин кишвар номида, гуфтаанд, ки дар ҷараёни ин маърака қонуншиканиҳои ҷиддие, ки ба натоиҷаш таъсир расонад, мушоҳида накардаанд.

Эмомалӣ Раҳмон - барандаи интихобот
Эмомалӣ Раҳмон - барандаи интихобот
Бино ба натоиҷи расмии эълоншуда, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 86,6 дарсади интихобкунандагон ширкат карда ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунӣ ва номзад аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар он баранда шудааст. Гуфта мешавад, ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон 83,6 дар сад ё 3 миллиону 23 ҳазору 754 нафар, Исмоил Талбаков 5 дарсад ё беш аз 186 ҳазор, Толиббек Бухориев 4,5 дарсад ё 166 ҳазору 224 нафар, Олим Бобоев 3,8 дар сад ё беш аз 140 ҳазор, Абдуҳалим Ғаффоров 1,5 дарсад ё 54 ҳазору 148 нафар ва ба Саидҷаъфар Исмонов 1 дарсад ё 36 ҳазору 572 нафар раъй додаанд.
XS
SM
MD
LG