Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арча ё бед? Дарахтшинонӣ дар Кӯлоб (ВИДЕО)


Дарахтҳои ороишӣ дар кӯчаҳои Кӯлоб
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Дарахтҳои ороишӣ дар кӯчаҳои Кӯлоб

Дар солҳои ахир дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Кӯлоб ҷои дарахтони сояафканро батадриҷ ниҳолҳои ороишӣ танг мекунанд. Ин то ҷое мояи нигаронии сокинон ва экологҳо дар ин минтақа гардидааст.

Исроил Назаров, сардори бахши ҳифзи муҳити зист дар Кӯлоб рӯзи 20 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар соли 2013 дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр 3200 ниҳоли ороишӣ ва беш аз 186 ҳазор гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст, ки ҳадафи аслӣ аз ин иқдом зебо гардонидани шаҳр мебошад.

Аммо Тилло Бобоев, раиси Боғи ботаникии шаҳри Кӯлоб, ки бештар ҷонибдори шинондани дарахтони сояафкан аст, мегӯяд, онҳо шинонидани дарахтони сояафкане, ба мисоли кастона, бед ва булут ва ҳамчунин дар ҳар маҳалла шинондани навъи алоҳидаи дарахтонро пешниҳод додаанд, вале касе ба инобат нагирифтааст. Тилло Бобоев мегӯяд, раҳбарони ташкилоту идораҳои Кӯлоб фақат аз пайи шинонидани арчаву анвоъи дигари дарахтони ороишиянд, ки ин , ба ақидаи ӯ, то андозае вазъи экологиро халалдор мекунад.

Масъулони идораи ҳизфи муҳити зисти Кӯлоб сабаби буридани дарахтони сояафкан ва бузургҳаҷмро ба безарар гардонидани лӯлаҳои обгузару дигар хадамоти коммуналӣ марбут медонанд. Исроил Назаров гуфт, шинондани ниҳолҳои ороишӣ барои иҷрои нақшаи генералии шаҳр, ки ҳадафи он васеъ кардани кӯчаву хиёбонҳост, низ кумак мекунад.

Аммо шаҳрдории Кӯлоб ахиран дастур додааст, ки минбаъд ба хотири нигаҳдории саломатии мардум дар фасли гармо ба шинонидани дарахтони сояафкан бартарӣ бидиҳанд ва шумораи чунин дарахтонро аз ҳисоби муассисаҳои ниҳолпарвар дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бештар намоянд.

Кӯлоб бо беш аз 150 000 аҳолӣ чорумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG