Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон: Сокинони Тоҷикистон ҳар сол то 6 моҳ камбуди барқ доранд (2 ВИДЕО)


Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки даҳсолаи дувуми об эълон шавад. Аз ин пешниҳоди раисиҷумҳури Тоҷикистон, Навоз Шариф ва Темур Сариев - сарвазирони Покистону Қирғизистон ҳимоят карданд.

Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод кард, ки боз як даҳсолаи дигари об ва аммо ин даъфа бо номи "Об барои рушди устувор" эълон шавад. Ӯ гуфт, даҳсолаи дувум метавонад, даҳсолаи аввали "Об барои ҳаёт"-ро комилтар кунад. Ин пешниҳод моҳи апрели соли ҷорӣ дар як ҳамоиш дар Куриёи Ҷанубӣ низ аз забони Эмомалӣ Раҳмон садо дода буд. Навоз Шариф ва Темур Сариев -- нахуствазирони Покистону Қирғизистон дарҳол аз ин пешниҳод ҷонибдорӣ карданд, вале оқои Шариф таъкид кард, “ин пешниҳод “объективона” амалӣ шавад”.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки 9 июн дар ҳамоиши натиҷагирӣ аз даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар Кохи Сомони Душанбе сухан мегуфт, аз камбуди нерӯи барқ дар кишвар ва, инчунин, об шудани ба шиддати пиряхҳо изҳори ташвиш кард. Ҷаноби Раҳмон гуфт, агарчӣ шаст дарсади оби минтақа дар Тоҷикистон ташаккул меёбад, аммо аҳолии кишвар ҳар сол то 6 моҳ бо камбуди нерӯи барқ рӯбарӯянд ва ин вазъ, ба қавли ӯ, қобили қабул нест. Вай изофа кард, "камбуди нерӯи барқ ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар таъсири номатлуб дорад".

Ҳамоиши даҳсолаи "Об барои ҳаёт" дар Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Эмомалӣ Раҳмон дар идома дар мавриди обшавии пиряхҳо гуфт, ки ҳоло дар минтақаҳои баландкӯҳи кишвар дар пайи гармоиши ҳаво 1000 пирях нест шудааст.

"Бар асоси арзёбии коршиносон ин раванд метавонад ба кам шудани оби дарёҳо боис гардад, ки барои тамоми минтақа паёмади ногувор дорад. Вазъе, ки ҳоло дар минтақа аст, асосеро барои хушбинӣ намедиҳад. Шумораи аҳолӣ, ки дар соли 1956 каме аз 20 миллион буд, холо ба 65 миллион нафар расидааст. Дар он вақт дар минтақа дар як сол 60 километр мукааб об истеъмол мешуд, ҳоло беш аз 110 километр мукааб зарур аст. То соли 2030 афзоиши истеъмоли об дар ҳаҷми 15-20 фоиз зиёд мегардад,"-таъкид дошт раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Дар пайванд ба ин мавзӯъ Бан Ки Мун, дабири кулли Созмони Милал, низ гуфт, “бисёр олимони сатҳи ҷаҳонӣ ба он ақидаанд, ки бӯҳрони об метавонад яке аз хатарҳои бузургтарин бошад. Ин минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад ва аз он берун фишор ба захираҳои обӣ баланд шуда истодааст. Афзоиши аҳолӣ ин фишорро боло мебарад ва тағйирёбии иқлим ҳам зудтар сурат мегирад.”

Дабири кулли СММ якдигарфаҳмӣ дар масъалаи истфиода аз захоири оби минтақаро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муҳим донист. Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллии Афғонистон ҳам гуфт, "об ҳамчун сарчашмаи табиат набояд, нуқтаи охирин дар муносибатҳои сиёсӣ бошад".

Мушкили об дар ҷаҳон аз назари ширкатдорони ҳамоиши Душанбе
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:42 0:00

Темур Сариев, нахуствазири Қирғизистон, дар суханронии худ бештар ба "беҳуқуқӣ"-и кишварҳои болооби минтақа мисли Тоҷикистону Қирғизистон ишора кард ва гуфт, онҳо барори захоири обиашон аз кишварҳои поёноб имтиёзе намегиранд.

Навоз Шариф, нахуствазири Покистон аз пешниҳоди Эмомлаӣ Раҳмон – раисиҷумҳури Тоҷикистон дар бораи эълони боз як даҳсолаи дигари об ҳимоят кард. Оқои Шариф ”гуфт, “аммо дархост мекунем, ин пешниҳод “объективона” иҷро шавад. Покистон ҳам ба мушкили зиёди об мувоҷеҳ аст ва ин эълони даҳсолаи оби гузашта тавонист, ба дастовардҳо ноил гардад”.​

XS
SM
MD
LG